Утоқҳои фикрии Русия, Чин ва Осиёи Марказӣ бояд ба чӣ чизе фикр кунанд?

Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, махсус барои “Сангар”

Масъулияти ҳамалоти террористии дирӯз бар шиаъён дар шаҳри шимолии Мазори Шарифро ДОИШ* ба ӯҳда гирифтааст. Имрӯз низ як ҳамлаи террористӣ дар ғарби Кобул ҷони даҳҳо танро гирифта ва ҳанӯз омори дақиқи талафот ҳам равшан нест. Ҳамалоти ғарби Кобул низ дар гузашта ба ДОИШ нисбат дода мешуд.

Ин ҳамалот дар идомаи ҳамалот террористии чанд рӯзи қабл сурат гирифт, ки дар Кобул ва Мазор сурат гирифта буд. Таволии ин ҳамалот метавонад нишондиҳандаи оғози як марҳалаи ҷадиди амниятӣ дар Афғонистон бошад. Толибон* мехоҳад вуруд ба ин марҳаларо инкор кунад.

Чун омилини ҳамлаи имрӯзи Кобул ҳанӯз мушаххас нашуда, навиштаи ҳозир ба таҳлили ҳамлаи дирӯзи ДОИШ дар шаҳри Мазор тамаркуз хоҳад дошт.

Ҳамалоти ДОИШ дар Мазори Шариф дар пайи он сурат мегирад, ки як расонаи эронӣ маршал Дӯстумро муттаҳам ба доишсозӣ дар шимоли Афғонистон кард ва муддаӣ шуд, ки оқои Дӯстум барои ин кор аз англисҳо пул дарёфт карда ва Туркия низ дар ин замина ҳамкор аст. Иттиҳоме, ки ҳизби Ҷунбиш таҳти раҳбарии маршал Дӯстум онро рад кард ва тавтиа хонд.

Маршал Дӯстум собиқаи тӯлонии ҷангҳои хунин бо Толибонро дар корнома дорад ва бино ба нуфузи густурдаи иҷтимоӣ ва сиёсие, ки дар байни ӯзбекҳо дорад, баъид дониста мешавад, ки ному нишони худро бо ДОИШ, ки як гурӯҳи манфӯри террористӣ аст, пайванд бизанад. Аммо оқои Дӯстум ба далели ҳузур дар Туркия ва ба далели равобити густурдае, ки бо Туркия дошта, то ҳудуде тасомимаш мутаассир аз Туркия дониста мешавад. Туркия борҳо муттаҳам ба ҳимоят аз ДОИШ шуда ва ин мавриде аст, ки бисёриҳо аз он робита маршал Дӯстум ва ДОИШ-ро натиҷа гирифтаанд.

Толибон дар иртибот ба ҳузури ДОИШ дар Афғонистон мавзеъ мутазод дорад. Аксаран ин гурӯҳ барои ин ки худро бар авзоъ мусаллат нишон диҳад, рӯйдодҳои зиддиамниятиро кӯчак ва камаҳамият ҷилва медиҳад ва вуҷуд ДОИШ-ро инкор мекунад. Ин рӯйкарди Толибон боис шуда, ки бисёриҳо ҳамалоти террористии ахирро кори худи Толибон бидонанд. Вақте ДОИШ ҳузур надорад, пас чӣ касе ҳамалоти густурда ва бузурги террористӣ дар шаҳрҳои бузург роҳ меандозад?! Толибон ба ин пурсиш посухе надорад.

Ин амр, ки аксар ҳамалоти ахир мутаваҷҷеҳи шиъаён ва ҳазораҳо буда низ ҷой тааммул дорад ва нишонгари он аст, ки ин ҳамалот бо ҳадафи шаклгирии як “тасвири ҷадид” аз Афғонистон сурат мегирад. Тасвире мутафовит аз он чизе, ки баъд аз мусаллат шудани Толибон шакл гирифта ва Толибон ва ҳомиёни берунии он намехоҳанд хадшадор ва дигаргун шавад.

Ҳазораҳо ва шиъаёни Афғонистон равобити хубе бо Эрон доранд ва як талаққӣ ин аст, ки ДОИШ минҳайси душмани Эрон, муттаҳидини Эронро дар Афғонистон мавриди ҳамла қарор медиҳад. Равобити Эрон ва Толибон, ки то қабл аз ба қудрат расидани дубораи Толибон (15 августи 2021) дӯстона таъриф мешуд, ахиран дучори навасони шадид шудааст. Ба тозагӣ дар айни ҳоле, ки гуфта шуда Эрон бо пазириши дипломатҳои Толибон мувофиқат карда, гузоришҳое ҳам нашр шуд, ки ҳокӣ аз эъзоми нерӯҳои размии бештари Эрон ба марзи Афғонистон буд. Ин ба наҳве нишон медиҳад, ки Эрон тасвири шаффофе аз он чи қарор аст дар оянда тӯлонитар дар Афғонистон анҷом диҳад, дар зеҳн надорад ва ба ҳамин ҷиҳат аз рӯйкарди дугона дар қиболи Толибон истифода мекунад, ки аз он сиёсати ҳавиҷ ва чумоқ таъбир мешавад! Иттихози чунин сиёсате моҳияти тактикӣ дорад ва дар ростои стратегияи “хариди замон” таъбир шуда метавонад.

Эрон дар садади пайдо кардани як роҳкори амниятӣ барои муҳофизат аз шиъаён ва ҳазораҳои муттаҳидаш дар Афғонистон буда ва дар ин росто ба Толибон пешниҳоди ҳамкорӣ низ дода, ки ба назар мерасад, Толибон онро рад карда бошад. Эъзоми неруҳои Фотимиюни вафодор ба Эрон, ки дар Сурия алайҳи ДОИШ муваффақона размиданд, бахше аз бастаи пешниҳодии Эрон ба Толибон метавонад бошад, ки Толибон аз тарси афзоиши қудрати Эрон ҳозир ба пазириши он нест. Тарси Толибон ин аст, ки бо ҳузури Фотимиюн, ки эҳтимолан дар манотиқи марказӣ ва ғарбӣ ҷо ба ҷо хоҳанд шуд, дасти нақши Эрон дар таҳаввулоти ояндаи Афғонистон пурранг шуда ва Толибон тавони маҳори онро нахоҳанд дошт. Албатта, мухолифат бо ҳузури Фотимиюн ва барҷаста шудани нақши Эрон мавриде аст, ки паштунҳо ба далоили фарҳангӣ низ сахт бо он мухолифанд.

Равшан нест, ки Эрон дигар чӣ гузинаҳоеро дар дасти иҷро дорад, аммо баъид аст, ки дар баробари таҳдидҳои рӯ ба афзоиш бар ҷони муттаҳидинаш дар Афғонистон хомӯш бимонад. Як гузинаи дигар барои Эрон, ки таъйид ва ҳимояти мардумиро низ бо худ дорад, ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд аст. Ҳалақоте дар давлати Эрон тарафдори ин роҳкор ҳастанд ва онро дар эҷоди шароити беҳтар дар Афғонистон кӯмаккунанда медонанд ва бовар доранд, ки ин рӯйкард зомини таъмини манофеъи стратегии Эрон дар Афғонистон хоҳад буд.

Дар давраи аввали ҳокимияти Толибон (1995-2000) дар Афғонистон, Эрон яке аз ҳомиёни ҷабҳаи муқовамати зидди Толибон ба раҳбари Аҳмадшоҳ Масъуд буд, аммо Эрон баъд аз соли 2001, он гоҳ, ки Толибон бо Америка эъломи ҷанг доданд, аз Толибон ҳимоят кард ва равобиташ бо ҷабҳаи муқовамат қатъ шуд. Ҳоло ба назар мерасад, ки ҳалақоте дар Эрон дар пайи эҳёи равобити қаблӣ бо Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ҳастанд. Ин мавриде аст, ки мӯҷиботи хашм ва норизоиятии Толибонро фароҳам мекунад ва таниш дар равобити Толибон бо Эрон ба ҳамин иллат вобаста дониста мешавад. Албатта, фаромӯш набояд кард, ки Толибони гузашта ҳимояти Эрон аз ҷабҳаи зиддитолибониро фаромӯш накардааст.

Агар бар шимол тамаркуз кунем, иддаои даст доштани маршал Дӯстум дар доишсозӣ; раҳоии Махдум Олим, фармондеҳи ӯзбектабори Толибон, ки ба иттиҳоми даст доштан бо ДОИШ боздошт шуда буд; омодагии маршал Дӯстум ба ҷанг бо Толибон; Дидгоҳи Туркия дар мавриди шимоли Афғонистон ва робитаи ин кишвар бо ДОИШ; Беҳбуди робитаи Туркия ва Арабистон; Нигарониҳои Туркия нисбат ба коҳиши нуфузаш дар Афғонистон; Рақобати Эрон ва Туркия дар Афғонистон; Робитаи хуби раҳбарони ӯзбек ва ҳазора; Эҳтимоли эҳёи ҷабҳаи суннатии “Иттиҳоди Шимол” аз тариқи иҷмоъи сиёсии раҳбарони ақвоми ғайрипаштун, ки шимол ҳавзаи нуфузашон аст; Шаклгирии ҳастаҳои муқовамат дар манотиқи шимол ва шимолу шарқ ва эҳтимоли оғози ҳамалоти густурдаи ин ҷабҳа дар баробари Толибон ва равшан шудани чароғҳои сабз аз сӯи Русия ва Чин ва то ҳудуде Эрон барои Толибон, аз мавориде аст, ки муртабит ба ҳамалоти ахири ДОИШ дар шимоли Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифта метавонад.

Ҳар як аз ин мавзӯъот боби баҳси тафсилии ҷудогона аст, аммо дар як тасвири калон метавон куллияи ин маворидро канори ҳам қарор дода ва рабти мантиқие миёни онон пайдо кард, ки ҳамалоти ДОИШ дар шимоли Афғонистонро аз назари чорчӯбҳои стратегии он қобили баён бисозад.

 Толибон муддаӣ аст, ки тавони нобуди ДОИШ-ро дорад ва аз ин бобат ба Чин, Русия ва Эрон итминон медиҳад. Тамоюли ин се кишвар ба ҳимоят аз Толибон ба ҳамин итминон иртибот дорад. Адами тамоюли ин се кишвар ба ҳимоят аз неруҳои зидди Толибон низ ба ҳамин итминон рабт дорад. Агар ин се кишвар битавонанд дар мавриди Афғонистон ба иҷмоъ назар бирасанд, як ҷабҳаи нерӯманди минтақаии зиддиамрикоӣ шакл хоҳад гирифт. Ин ҷабҳа ҳимоят аз Толибонро минҳайси омили суботу оромиш дар Афғонистон дар назар хоҳанд гирифт.

Бо таваҷҷуҳ ба ин муҳосиба, як эҳтимоли қавӣ ин метавонад бошад, ки ҳомиёни берунии ДОИШ, дар пайи беэътиборсозии иддаои тавоноии Толибон дар нобудии ДОИШ ҳастанд. Дар пайи беэътибор шудани ин иддао, дигар идаи шаклгирии субот дар Афғонистон таҳти идора ва султаи Толибон тазъиф мешавад ва идаи бесуботии доманадор ҷой он менишинад, ки бояд ҳама кишварҳо муҳосиботи қаблии худро бознигарӣ кунанд. Албатта, чунонки гуфтем, ин яке аз чандин эҳтимол аст. Эҳтимолоти дигаре низ вуҷуд дорад, ки дар ин ҷо маҷоли пардохтан ба он нест.

Барои Русия, Чин ва Эрон, моҳияти хашин ва саркӯбгаронаи Толибон чандон маҳалли нигаронӣ надорад. Ин кишварҳо худ моҳияти саркӯбгарона доранд ва бештар думболи амният ва суботи пулисӣ дар минтақа ҳастанд. Русия ба далели машғулият дар ҷанги Украина иҷолатан тамоюл ба ташдиди ҷанг дар Афғонистон надорад; Чин ба хотири пешбурди аҳдофи тавсеаи иқтисодӣ, думболи оромиш ва субот дар Афғонистон аст ва Эрон низ дар мавқеияте нест, ки алоқамандии ҷиддӣ ба тағйири муносиботи қудрат дар Афғонистон нишон диҳад. Дар натиҷа, ин кишварҳо мехоҳанд барои муддате дар Афғонистон оромиш вуҷуд дошта бошад ва ҳатто агар қимати ин оромиш давоми султаи ҷобиронаи Толибон бошад.

Бинобарин, сенарияи кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико, Бритониё, Туркия ва бақия муттаҳидини Амрико метавонад ин бошад, ки аз ҳамон оромиш ва суботи нисбии мавриди назари Русияву Чин ва Эрон дар Афғонистон ҷилавгирӣ кунанд. Ин сенарияро афзоиши ҳамалот ДОИШ метавонад ҷанбаи иҷроӣ диҳад.

 Набояд фаромӯш кард, ки заминаҳои густариши фаъолияти ДОИШ дар Афғонистон низ беш аз ҳар замоне мусоид аст. Рафтори хашин ва уқдамандонаи Толибон ва иттихози сиёсати такқавмӣ кардани қудрат дар як ҷомеаи чандинқавмиятӣ, яке аз иллатҳои фароҳам шудани заминаи густариши фаъолияти ДОИШ пиндошта мешавад. Фақру бекории густурда низ мазид бар иллат шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки ДОИШ алоқаманди сарбозгирӣ аз миёни норозиёни тоҷик ва ӯзбек аст ва ин корро ҳамсӯ бо маъмуриятҳои бузурге медонад, ки барои худ ҷиҳати нуфуз ба Осиёи Миёна таъриф кардааст.

Дар сӯи дигар, ин танҳо ДОИШ нест, ки метавонад тавони Толибон дар контроли авзоъро ба чолиш бикашад. Неруҳои мухталифи сиёсӣ ва низомии дигар (аз ҷумла Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад масъуд) дар ҳоли шаклгирӣ аст ва ин неруҳо аксаран вобастагии шадиди хориҷӣ, назири он чи дар мавриди ДОИШ метавон гуфт, надоранд, ки афзоиш ва коҳиши фаъолияташон манут ба тасомими Ғарб ё Шарқ бошад. Ин неруҳо, худро соҳибони аслии Афғонистон ва нерӯҳое медонанд, ки ваҷибаи миллӣ ва диниашон сарнагунии режими Толибон аст. Ин нерӯҳо фаъолияти худро густариш медиҳанд ва Толибонро ба чолиши ҷиддӣ мувоҷеҳ мекунанд.

Тавон ва зарфияти Толибон дар таомул бо нерӯҳои мухолифаш низ ночиз арзёбӣ мешавад. Ҳатто ирода ва ихтиёри ин гурӯҳ барои ин кор зери пурсиши ҷиддӣ қарор дорад. Ҳамчунон тавони Толибон дар муқобила бо таҳдидҳое чандпаҳлу заиф дониста мешавад. Бисёреҳо ба ин боваранд, ки “холӣ будани фазо” ва “набуди як нерӯи мунсаҷими зидди Толибон” боис шуд, ки ин гурӯҳ битавонад ба авзоъ мусаллат шавад он ҳам бар асари он чи, ки дасоиси дохилӣ ва хориҷӣ хонда мешавад на илзоман тавони размии баланди Толибон дар гирифтани қудрат.

Бинобарин, дурустии ин бовари Русия, Чин ва Эрон, ки Толибон тавонманд аст ва бо Толибон метавон ба Афғонистон оромиш ва субот овард, зери саволи ҷиддӣ қарор дорад. Мухолифат бо Толибон решаҳои бисёр амиқи таърихӣ-фарҳангӣ дорад, ки наметавон онро ба сатҳи “мухолифати чанд фарду гурӯҳи мусаллаҳ ва ғайримусаллаҳ бо ангезаҳои сиёсӣ ва қудратталабӣ” тақлил дод. Албатта, ин иштибоҳе аст, ки ба назар мерасад, утоқҳои фикр дар давлатҳои минтақа муртакиби он мешаванд.

Агар Русия, Чин, Эрон ва кишварҳои Осиёи Миёна ба ростӣ дар садади муҳофизати амнияти миллиашон аз варои густариши нуфузи гурӯҳҳои террористӣ ба қаламравҳои хеш ҳастанд, бояд дар фаҳму нигоҳашон ба масоили Афғонистон таҷдид назар намуда ва аз бозии чандпаҳлу бо қазоёи печида ва хатарноки Афғонистон худдорӣ кунанд ва ба як сиёсати таърифшуда ва возеҳ, ки мавриди таъйиди мардуми Афғонистон ва нафъи сулҳу суботи доимӣ дар ин кишвар бошад, рӯй биоваранд. Дар ғайри ин сурат, Афғонистон як бори дигар даргири ҷангҳои шадиде хоҳад шуд, ки зарари он мутаваҷҷеҳи ҳама кишварҳои минтақа хоҳад буд. Муттаҳам кардани Амрико ва НАТО низ роҳ ҳал нест. Ба Афғонистон бояд нигоҳи дарунгароёна дошт. Нигоҳ ба Афғонистон аз оинаи рақобати қудратҳои бузург, барои кишварҳои минтақа хеле зиёнбор аст.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст.

 

 

Дар бораи муаллиф:

Нуроллоҳ Вализода,

нависанда ва

таҳлилгари масоили

сиёсии Афғонистон.

Муқими Теҳрон