Русия - танҳо махраҷи амниятӣ барои Осиёи Марказӣ аст.

Нависанда: Разманда, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Осиёи Миёна дар ҳисори амниятӣ иҳота шудааст, ки агар талош кунад аз он берун ояд, дар чолаи амниятӣ, ки асари мустақиме бар вазъияти он хоҳад дошт, гир хоҳад омад. Ба ҳамин лиҳоз аст, ки бояд кишварҳо аз муҳити амниятӣ перомуни худ, шинохти дақиқ дошта бошанд. Ё амният, ё иқтисод ва ҳардуро интихоб кунанд. Аз ин ки Осиёи Миёна ба унвони ҳавзаи нуфузи амниятӣ ва суннатии Русия мубаддал шудааст ва ҳеҷ гусасте дар пӯёии амниятии он, бидуни Русия имконпазир нест, шакку тардиде вуҷуд надорад. Ҳатто Чин бо сармоягузориҳои ҳангуфт, талош барои нуфузпазир сохтани ин минтақа ва талош барои барои вуруд ба он, ҳамонанди русҳо, асаргузор набудаанд.

Аз девори ҷанубии ин минтақа то ҳисорҳои шарқӣ ва ғарбии он, ҳама дар гарави доктринаи амниятии Москва, гир мондаанд. Ба ҳамин далел аст, ки Русия ҳар қудрати заиф бошад, боз ҳам таъсирашро дар ҳамин минтақа, ҳифз хоҳад кард.

Осиёи Миёна, чанд соле аст, ки дар конуни таваҷҷуҳи қудратҳои иқтисодии бузурги ҷаҳон қарор гирифтаанд ва талоши ин қудратҳо, пайваста барои ҷойгузинии Русия будааст. Талоше дар ҷиҳати ҳазфи Русия аз бардоштҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бар меҳвари ин кишварҳо, ки сарнавишти онро таъйин мекунад ва ҷолиб ин, ки ин талошҳо ҳеҷ асаре бар пӯёии амниятии ин минтақа надоштааст. Ҳаводиси Афғонистон, Ироқ, бесуботии Покистон ва танг шудан ҳалқаи фишори амниятӣ ва таҳдидҳои ношии аз он бар Эрон, мавҷи амниятӣ дошта бар фазои шимоли Осиё, ки бе ҳеҷ тардиде, ҳар гуна муҳосибаи амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ин кишварҳоро бо мадди назардошти Русия, мумкин месозад; На муодилаи ҷудо аз он.

Агарчи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар буҳрони Украина ва таҳаррукоти фаромарзӣ тавассути русҳо, аз мавқифи бетарафӣ пеш омаданд, аммо камокон сарнавишти махтуми минтақа дар гарави доктринаи амниятӣ ва сиёсии русӣ, навишта шудааст. Бо ин ҳол кишварҳои Осиёи Миёна, аъзои Паймони амнияти ҷамъӣ ва фазои амниятии минтақа, бар ин бовар расидааст, ки беҳтар аст то дар доира нуфуз доктрина русӣ қарор дошта бошанд, то инки қурбонии сармоягузориҳои фитнаангези Ғарб шаванд.

Дар ҳоле ки, талоши Амрико, Англис ва Иттиҳодияи Аврупо нуфуз дар мадор ин минтақа аст, аммо эҳтимоли пайгирии ду ҳадаф аз ин меҳвар имконпазир аст:

-  Талош барои нуфуз дар соҳаи нуфузи суннатии Русия ва рақобат бо он барои таҳсили манобеи табиӣ ва неруи арзони кор;

-  Бистарсозӣ барои роҳбурди ноамнсозии минтақае, ки заминаро барои эҷоди ҷабҳаи ҷанубӣ ва дувумӣ дар баробар русҳо боз мекунад.

Дарвоқеъ, Бозии Бузурги Ҷадид формулаи ҷадиде дорад, ки ду муаллифаи сиёсат ва иқтисодро дар як палаи тарозу ва унсури амниятро барои ҷойгузинии он дар палаи дигари тарозу, қарор медиҳад. Дар ин гирудор, бетарафии Осиёи Миёна ва талоши Ғарб барои бетараф сохтани ин минтақа дар баробари русҳо, ду ҳадафи эҳтимолиро думбол мекунад:

-  Нуфуз ва беасар сохтани доктринаи амниятӣ ва сиёсии Русия, ки барои солиёни мутамодии минтақаро таҳти нуфузаш доштааст;

-  Холӣ сохтани ақиби ҷабҳаи ҷанубии русҳо, ки заминаро барои замингир сохтани он барои солиёни мутамодӣ дар буҳрони амниятӣ ва сиёсӣ мусоид хоҳад сохт.

 Пас, ба ин асос, бетарафии Осиёи Марказӣ як формулаи санҷидашуда аз ҷониб Ғарб аст, ки нишон медиҳад, ки чи гуна Ғарб барои русҳо, ҳуфраҳои амниятӣ эҷод мекунад, то дар рақобат бо он, баранда шавад. Ин минтақа бар хилофи манотиқи дигар, наметавонад рӯйкардҳое чандгонаро бартобад. Бал рӯйкарди таксохтии русӣ, танҳо қодир аст, то амният дар онро ба гунаи нисбӣ ҳифз кунад ва аз хатари даргир шудан дар доираи рақобати Ғарб ва Шарқ, наҷоташ диҳад.