Оё Вашингтон метавонад аз гирифтор шудан дар буҳронҳои ҳамзамон ҷон солим ба дар барад?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсату геополитика, махсус барои “Сангар”

Қимори геополитикии Амрико дар Осиё, бо хурӯҷ аз Афғонистон, бар хилофи интизор, ба натиҷа нарасид. Вашингтон талош дошт бо вогузории Афғонистон ба Толибон ва мудирияти ошӯб, ин кишварро ба конуне барои даргирсозии се рақиби аслӣ — Чин, Русия ва Эрон — табдил кунад; ба ин умед ки пеш аз ташдиди таҳаррукоти Русия дар Украина, Эрон дар Ховари Миёна ва Чин дар Шарқи Осиё, онҳоро дар пиромуни худашон машғул нигаҳ дорад. Аммо ин тарҳ онгуна ки тасаввур мешуд, амал накард.

Он чи дар зоҳир ба унвони “бозмувозана” матраҳ шуд, дарвоқеъ эътирофе зимнӣ ба поёни як давра буд; даврае, ки Амрико метавонист ҳамзамон низом бисозад, ҷанг кунад ва гегемонии либералии худро ҳифз намояд. Тафовути ин рӯйкард бо истратегияҳои пешин, сирфан тағйири майдон нест, балки тағйири зеҳният аст: гузар аз “бозсозии ҷаҳон ба тасвири худ” ба “мудирияти он аз фосилаи амн”.

Дар истратегияи пешин, таҳдиди аслӣ бозигарони ғайридавлатӣ буданд; терроризм, ифротгароӣ ва давлатҳои фурӯпошида. Аммо дар бозмувозана, таҳдид бори дигар классик мешавад: қудратҳои бузург. Ин яъне бозгашт ба мантиқи рақобати сахт. Дар натиҷа, ҷуғрофиёи таҳдид низ тағйир мекунад; Осиёи Ғарбӣ ҷои худро ба Шарқи Осиё медиҳад, ҷое, ки ояндаи тавозуни қудрати ҷаҳонӣ дар ҳоли шаклгирӣ аст.

Аммо ин тағйир, беш аз он ки як интиқоли ҳисобшудаи манобеъ бошад, як қимори геополитик аст. Хурӯҷ аз Афғонистонро метавон на ақибнишинӣ, балки “вогузории контролшудаи бесуботӣ” донист; талоше барои гирифтор кардани рақибон дар муҳити пиромуниашон. Мантиқ сода аст: агар рақибон даргир шаванд, ниёз ба ҳузури мустақим коҳиш меёбад. Аммо дақиқан ҳамин ҷо назария аз воқеият ҷудо мешавад.

Бесуботӣ, бар хилофи тасаввур, абзори қобили контрол нест. Афғонистон қарор буд ба чолиши амниятӣ барои дигарон табдил шавад, аммо амалан ба мавҷи бесуботии минтақавӣ табдил шуд, ки марз намешиносад. Ба ҷои маҳдудсозии рақибон, муҳите шакл гирифт, ки ҳамаи бозигарон, аз ҷумла худи Амрико, дар он даргир шуданд.

Бозмувозана бар ин фарз устувор буд, ки Амрико метавонад аз даргириҳои пурхарҷ фосила бигирад ва тамаркузи худро бар маҳори Чин бигузорад. Аммо воқеияти майдон масири дигареро рақам зад: Украина ба ҷанги фарсоишӣ табдил шуд ва манобеи низомӣ ва сиёсии Амрикоро дар Шарқи Аврупо даргир нигаҳ дошт.

Дар ин миён, Ховари Миёна ва ба вижа Эрон, ба унвони гиреҳи севуми ин муодила, нишон медиҳад, ки мантиқи бозмувозана дар маҳори ҳамзамони рақибон дучори ихтилоли сохторӣ шудааст. Ҳамон гуна ки ҷанги Украина дар Шарқи Аврупо ба фарсоиши манобеъ ва тамаркузи Амрико анҷомид ва таниш бар сари Тайван дар Шарқи Осиё ниёзманди ҳузури мустаъмир ва пурхарҷ аст, таҳаввулоти ахир дар Ховари Миёна низ аз афзоиши танишҳои минтақавӣ то тақвияти меҳварҳои ҳамсӯ бо Эрон ин минтақаро дубора ба як ҷабҳаи фаъол ва ғайриқобили чашмпӯшӣ табдил кардааст.

Дар натиҷа, ба ҷои он ки Амрико битавонад бо интиқоли бори буҳронҳо ба рақибон тамаркузи худро ҳифз кунад, амалан дар се конуни ҳамзамон — Шарқи Аврупо, Ховари Миёна ва Шарқи Осиё — даргир шудааст ва ҳамин ҳамзамонии буҳронҳо, бунёди назарии бозмувозанаро бо чолиши ҷиддӣ мувоҷеҳ сохтааст.

Дар ин миён, ҳассостарин нуқтаи ин муодила, Тайван аст. Агар Шарқи Осиё қалби истратегияи ҷадид бошад, Тайван шаҳраги он аст. Вобастагии фанноварии Амрико ба ин ҷазира, онро аз як масъалаи геополитикии сирф, ба як гиреҳи ҳаётии иқтисодӣ табдил кардааст. Ҳар гуна ихтилол дар ин нуқта, на танҳо як шикасти минтақавӣ, балки як шоки сохторӣ барои қудрати Амрико хоҳад буд.

Мушкили асосӣ ин ҷост, ки бозмувозана бар “худдорӣ аз даргирии мустақим” таъкид дорад, аммо шароит ба самти “иҷбор ба мудохила” ҳаракат мекунад. Ин ҳамон таноқузи дарунии истратегия аст: агар Амрико дахолат накунад, нуфузи худро аз даст медиҳад; агар дахолат кунад, асли бозмувозанаро нақз мекунад.

Дар сатҳи амиқтар, он чи дар ҳоли рух додан аст, на сирфан нокомии як истратегия, балки фарсоиши як низом аст. Низоме, ки Амрико худ онро сохта буд, акнун зери фишори ҳамон мантиқи қудрате, ки замоне маҳор карда буд, дар ҳоли тарк бардоштан аст. На низоми қадим ба таври комил фурӯпошида, на низоми ҷадиде ҷойгузин шудааст; ва ин ҳамон вазъияти хатарноки “бесомонии гузор” аст.

Эътилофҳое, ки қарор буд сутунҳои ин истратегия бошанд, ҳанӯз ба булуғи лозим нарасидаанд. Дар баробари рақобати чандҷабҳаӣ, ҳамоҳангии ноқис кофӣ нест. Ҳар буҳрони ҷадид, чӣ дар Ховари Миёна, чӣ дар Шарқи Аврупо, ба ҷои он ки бахше аз як тарҳи калон бошад, ба бори изофӣ табдил мешавад.

Дар ниҳоят, бузургтарин парадокси бозмувозана ин аст: истратегияе, ки барои коҳиши тааҳҳудот тарроҳӣ шуда буд, Амрикоро даргиртар аз қабл кардааст. Ба ҷои мудирияти ҳарҷумарҷ, худ ба яке аз конунҳои он табдил шудааст.

Агар ин раванд идома ёбад, пурсиши аслӣ дигар ин нахоҳад буд ки оё Амрико метавонад Чинро маҳор кунад ё не; балки ин хоҳад буд, ки оё метавонад аз гирифтор шудан дар ҳамзамонии буҳронҳо ҷон солим ба дар барад? Ва шояд ҳамин ҷо бошад, ки “бозмувозана” на ба унвони роҳҳал, балки ба унвони оғози як ақибнишинии тадриҷӣ дар таърих сабт шавад.