Чаро раисҷумҳури Русия аз Шенжен ба Душанбе омад?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”
Ин ки чаро Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, билофосила пас аз нишасти Шенжен роҳии Душанбе шуд, ба авлавиятҳои фаврии амниятӣ ва геополитикии Маскав бармегардад; авлавиятҳое, ки дар чорчӯби дифоъ аз камарбанди амниятии Авруосиё барои Русия аҳамияти ҳаётӣ доранд. Аммо вақте аз авлавиятҳои амниятӣ ва геополитикии Маскав суҳбат мекунем, чӣ мавзӯъоте фаротар аз муносиботи маъмули дипломатик ва ҳамкориҳои дуҷониба қарор мегиранд? Ин авлавиятҳо чӣ ҳазинаҳое барои Федератсияи Русия доранд ва чаро дар шароити пурошӯби кунунӣ ва фазои мултаҳиби амниятӣ ва сиёсии Афғонистон, нақши Тоҷикистон то ин андоза барҷаста шудааст?
Барои посух ба ин пурсишҳо, ибтидо бояд дарк кунем, ки ҳифзи субот, таъмини амният ва муқобилаи ҳамзамон бо таҳдидҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷараёнҳои ҷудоиталаб, аз авлавиятҳои ғайриқобили инкори амниятии Русия ҳастанд. Бо ин ҳол, замоне, ки аз нишастҳои байналмилалӣ монанди нишасти Шенжен суҳбат мекунем, аҳамияти манотиқи пиромунии Русия ва Чин, бавижа Афғонистон, беш аз пеш ошкор мешавад. Дар ин миён, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иттиҳоди амниятӣ ва сиёсӣ бо Маскав низ бисёр муҳим аст ва наметавон онро нодида гирифт.
Асосан метавон нишасти Шенженро бештар талоше барои мудирияти таҳдидҳо ва контроли танишҳои ҷаҳонӣ донист, то тавофуқе барои тақсими ҷаҳон, он гуна ки дар нишасти Ялта иттифоқ афтод. Ин ки чӣ тафоҳумҳое барои мудирияти танишҳо, ҷилавгирӣ аз ташдиди буҳрони эътимод ва эҷоди фазои хокистарӣ барои муқобила бо таҳдидҳои фаврии амниятӣ миёни раҳбарони қудратҳои бузург сурат гирифта, ҳамчунон дар ҳолае аз ибҳом қарор дорад. Бо ин ҳол, бар асоси улгуҳои маъмули тафоҳум миёни қудратҳои бузург, ҳифзи манофеи ҳаётӣ, тавофуқ бар сари чорчӯбҳои куллии амнияти ҷаҳонӣ ва истимрори хутути тамоси фаврӣ миёни ин қудратҳо, аз ҷумлаи мавзӯъоте ҳастанд, ки метавонанд дар чунин нишастҳое мавриди баҳс қарор гирифта бошанд.
Акнун ин пурсиш матраҳ мешавад, ки сафари Путин ба Душанбе, пас аз нишасти Шенжен ва дар пайи сафари Сергей Наришкин, раиси Хадамоти истихбороти хориҷии Русия (СВР), ва Алексей Оверчук, муовини нахуствазири ин кишвар, ба Афғонистон, чӣ маъное дорад?
Барасмиятшиносии Толибон аз сӯи Маскав, талош барои таъмиқи равобити амниятӣ ва истихборотӣ бо идораи ин гурӯҳ ва баррасии созукорҳои ҳамкорӣ барои муқобила бо чолишҳои амниятии Афғонистон, дар канори барномаҳои муштараки Русия ва Тоҷикистон, нишон медиҳад, ки авлавиятҳои амниятӣ ва геополитикии Маскав фаротар аз тафоҳумоти маъмули сиёсӣ ва тааҳҳудоти дипломатӣ қарор гирифтаанд.
Он чи фаврияти ин сафарро барҷаста месозад, тамаркуз бар масоили умда ва калидӣ, аз ҷумла тақвияти пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон, иртиқои системи табодули иттилоот, тавсеаи зарфиятҳои дифоӣ ва падофандии ин кишвар ва истиқрори сомонаҳои мушакии С-300 аст. Маҷмӯаи ин иқдомот нишон медиҳад, ки Русия, бо вуҷуди талош барои пешбурди равобити сиёсӣ ва амниятӣ бо Афғонистони таҳти контроли Толибон, ҳамчунон тадобири дифоӣ ва эҳтиётиро зарурӣ ва иҷтинобнопазир медонад.
Путин ва набард дар ду ҷабҳаи геополитикӣ
Раиси ҷумҳури Русия акнун дар ду ҷабҳаи мутафовит, аммо муртабит бо як ҳадафи калони куллӣ, даргири тадорук ва рақобат барои ҳифзи ҷойгоҳ ва престижи ҷаҳонии кишвараш аст. Ҷабҳаи нахуст, Украина ва Шарқи Аврупост; ҷое ки сиёсатҳои амниятии Русия, мувоҷеҳа бо НАТО ва талош барои эҷоди манзумаи амниятии ҷадид дар муҷовирати марзҳои ин паймон, аҳамияти асосӣ дорад. Таҳаввулоти Донбас, бавижа Донетск ва Луҳанск, дар ин чорчӯб қобили баррасӣ аст. Ин таҳаввулот дар канори талоши Русия барои ҳифзи мавқеияти роҳбурдии худ ва дастрасӣ ба масирҳои ҳаётӣ ва обҳои озод, бахше аз муҳосиботи геополитикии Маскавро шакл медиҳанд.
Ҷабҳаи дувум, муқобила бо таҳдидҳои фаромиллӣ ва чандбуъдӣ аст; таҳдидҳое, ки дар фазои амниятии Афғонистон ва пиромуни он метавонанд манофеи ҳаётӣ ва роҳбурдии Русияро бо мухотира рӯбарӯ созанд. Дар ин чорчӯб, талошҳои эҳтимолӣ барои тангтар сохтани ҳалқаи фишор бар Русия ва Чин аз сӯи Иёлоти Муттаҳида, аҳамияти бештаре пайдо мекунад. Ҳамчунин, эҷод ё тақвияти хутути буҳрон дар манотиқи мухталифи пиромунӣ метавонад талошҳои Маскав ва Пекин барои тавсеаи масирҳои иттисоли тиҷорӣ ва дастрасӣ ба оброҳҳо ва гулӯгоҳҳои роҳбурдии ҷаҳонро бо мавонеи ҷиддӣ мувоҷеҳ созад.
Дар чунин фазое, баҳси эҷоди конунҳои бесуботӣ аз сӯи Ғарб, аз манзари роҳбурдӣ қобили тааммул аст. Шаклгирии буҳронҳои амниятӣ дар манотиқи ҳассоси Авруосиё метавонад тарҳи иттисоли қораии Чин, мавсум ба “Як камарбанд ва як роҳ”, ва роҳбурди авруосиёии Русияро бо чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ кунад. Ин мавзӯъ замоне аҳамияти бештаре меёбад, ки бидонем Афғонистон дар муҷовирати Осиёи Марказӣ қарор дорад ва ҳар гуна бесуботӣ дар он метавонад бар муодилоти амниятӣ, иқтисодӣ ва иртиботии минтақа таъсир бигузорад.
Дар ин миён, ҷойгоҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ, бавижа Ҷумҳурии Тоҷикистон, барҷастатар мешавад. Тоҷикистон ба далели ҳамҷаворӣ бо Афғонистон ва бархурдорӣ аз равобити роҳбурдӣ бо Маскав, яке аз муҳимтарин шарикони амниятии Русия дар минтақа ба шумор меравад. Ин кишвар, ҷудо аз созукорҳои маъмули амниятӣ ва сиёсӣ дар чорчӯби Созмони Ҳамкории Шанхай, кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ, зарфияти муҳиме барои ҳамроҳӣ бо сиёсатҳои амниятӣ ва геополитикии Русия дорад.
Тоҷикистон; муттаҳиди роҳбурдӣ дар камарбанди амниятии Русия
Сафари Путин ба Душанберо метавон дар чорчӯби талош барои эҷоди як камарбанди дифоии густарда дар баробари таҳдидҳои эҳтимолии созмонҳои террористии фаромиллӣ арзёбӣ кард. Адами итминони комили Маскав аз паёмадҳои сиёсати таомул бо Толибон ва зарурати омодагӣ дар баробари сенариоҳои эҳтимолии ноамнии минтақаӣ, боис шудааст, ки Тоҷикистон дар садри муҳосиботи амниятии Русия қарор бигирад.
Тоҷикистон низ бо таваҷҷуҳ ба шинохти худ аз вазъияти минтақа, талош мекунад сиёсате мубтанӣ бар воқеиятҳои амниятӣ ва иттихози тадобири фаъол ва дифоиро дунбол кунад. Таҷрибаи ноамниҳои дохилӣ, таҳдидҳои фаромарзӣ ва таҳаввулоти Афғонистон, Душанберо ба ин натиҷа расондааст, ки барои ҳифзи амнияти миллӣ ва минтақаӣ, ба ҳамкории наздик бо як муттаҳиди қобили эътимод ниёз дорад.
Путин бо дар назар гирифтани ин рӯйкарди Тоҷикистон ва афзоиши нигарониҳо аз вазъияти Афғонистони таҳти контроли Толибон, ҳамзамон ду масирро дунбол мекунад: аз як тараф, истифода аз таомули сиёсӣ ва амниятӣ бо Толибон барои мудирияти чолишҳои мавҷуд ва аз тарафи дигар, тақвияти зарфиятҳои дифоӣ дар Тоҷикистон барои муқобила бо сенарияҳои эҳтимолӣ. Дар чунин шароите, ҳар гуна иқдоми амниятӣ ва боздоранда ба як шарики қобили эътимоди минтақаӣ ниёз дорад ва Тоҷикистон дар ин муҳосиба, барои Русия ҷойгоҳи вижае пайдо кардааст.
Аз сӯи дигар, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо таҷрибаи ноамниҳои дохилии ношӣ аз ҷангҳои дохилии кишвараш, таҳаввулоти давраи нахусти ҳокимияти Толибон ва паёмадҳои ҳузури бистсолаи Амрико дар Афғонистон, нисбат ба хатари густариши бесуботии минтақаӣ ҳассосияти вижае дорад. Бозгашти Толибон ба қудрат ва нигаронӣ аз паёмадҳои амниятии он, зарурати ҳамкории наздиктари Душанбе ва Маскавро барҷаста кардааст. Ба ҳамин далел, Тоҷикистон мекӯшад ба унвони муттаҳиде қобили эътимод, дар барномаи муштараки ҳифзи амнияти минтақаӣ бо Русия нақши муассире ифо кунад.
Дар ин чорчӯб, тақвияти пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон, иттихози тадобири фаъол барои маҳори таҳдидҳои ногаҳонӣ дар марзҳо, муқобила бо қочоқи маводи мухаддир ва ҳифзу тавсеаи зарфиятҳои падофандӣ, аз ҷумла истиқрори сомонаи С-300, аҳамияти вижае дорад. Ин иқдомот бахше аз талош барои ҳифзи вазъияти боздорандагӣ ва омодагӣ дар баробари қобилиятҳои ҷадиди гурӯҳҳои мусаллаҳ ва террористии фаъол дар Афғонистон аст.
Натиҷагирӣ: Таомул бо Толибон, бидуни чашмпӯшӣ аз таҳдидҳои амниятӣ
Сафари Путин ба Тоҷикистонро наметавон сирфан як дидори ташрифотӣ ё идомаи муносиботи маъмули дипломатӣ миёни ду кишвар донист. Ин сафар дарвоқеъ бозтоби нигарониҳои амиқтари Русия дар бораи ояндаи амниятии Афғонистон ва таъсири таҳаввулоти он бар мувозинаи қудрат дар Осиёи Марказӣ ва кулли минтақаи Авруосиёст.
Маскав аз як тараф бо ба расмиятшиносии Толибон ва густариши равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бо ин гурӯҳ, талош мекунад аз зарфияти таомул барои мудирияти таҳаввулоти Афғонистон истифода кунад; аммо аз тарафи дигар, бо тақвияти пойгоҳи 201, истиқрори сомонаҳои пешрафтаи падофандӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои иттилоотӣ бо Тоҷикистон, нишон медиҳад, ки ҳанӯз нисбат ба паёмадҳои амниятии вазъияти Афғонистон итминони комил надорад.
Дар ҳақиқат, Русия мехоҳад бидуни вогузории нуфузи худ дар Афғонистон, аз эҷоди халоъи амниятӣ дар марзҳои ҷанубиаш ҷилавгирӣ кунад. Ин ҳамон сиёсати дугонаест, ки дар он таомули сиёсӣ бо Толибон дар канори омодагии низомӣ барои муқобила бо таҳдидҳои эҳтимолӣ дунбол мешавад.
Тоҷикистон низ дар ин муодила сирфан як кишвари мизбони пойгоҳи низомии Русия нест, балки ба ҳалқаи муҳиме аз камарбанди амниятии Маскав дар Осиёи Марказӣ табдил шудааст. Аз ин манзар, сафари Путин ба Душанберо бояд бахше аз талоши густардаи Русия барои ҳифзи умқи роҳбурдӣ, ҷилавгирӣ аз густариши таҳдидҳои фаромиллӣ ва сиёнат аз ҷойгоҳи геополитикии худ дар минтақа донист.
Бинобар ин, Путин дар ду ҷабҳаи мутафовит, аммо барои як ҳадафи муштарак талош мекунад: ҳифзи мавқеияти роҳбурдии Русия дар баробари фишорҳои хориҷӣ ва ҷилавгирӣ аз шаклгирии таҳдидҳое, ки метавонанд амният ва нуфузи ин кишварро дар Авруосиё ба чолиш бикашанд. Афғонистон дар ин муҳосиба, ҳам фурсати таомули сиёсӣ аст ва ҳам маншаи нигаронии амниятӣ; ва Тоҷикистон ҳалқаест, ки Маскав барои мудирияти ин таноқуз ба он такя кардааст.