Силоҳҳои амрикоӣ артиши амрикоиро ба чолиши бузурге кашондаанд.

Нависанда: доктор Муҳаммад Усмон Соҳибзода, EUR Asia Review

Пайомадҳои талоши Иёлоти Муттаҳида барои хурӯҷ аз Афғонистон дар соли 2021 ҳамчунон дар минтақа эҳсос мешавад, ҳарчанд ин Покистон аст, ки бори масъулияти сангинтареро мутаҳаммил шудааст. Таҷҳизоти низомие, ки Амрико ба арзиши миллиардҳо доллар дар ихтиёри неруҳои дифоӣ ва амниятии миллии Афғонистон қарор дода буд то тавони онҳоро тақвият кунад, пас аз бозпасгирии Кобул ва тасаллути Толибон бар кишвар, дар ихтиёри Толибон боқӣ монд. Натиҷа он шуд, ки ин захоири таслеҳотӣ батадриҷ ба бозори сиёҳ роҳ пайдо кард ва дар ниҳоят ба дасти гуруҳҳои мухталифи шибҳинизомӣ афтод, ки бузургтарини онҳо Таҳрики Толибони Покистон (TTP) аст. Ин интиқол на танҳо гуруҳҳои террористиро ба силоҳҳои пешрафта муҷаҳҳаз кард, балки сатҳи хушунатро низ ба таври чашмгире афзоиш дод; амре, ки боиси бесуботии марзҳои Покистону тазъифи амнияти миллии ин кишвар шудааст.

Яке аз нигаронкунандатарин равандҳо ин аст, ки акнун террористҳо аз тариқи иртибот бо Толибони Афғонистон, ба роҳатӣ ба силоҳҳои бокайфияти амрикоӣ дастрасӣ доранд. Борҳо гузориш шудааст, ки туфангҳои M16 ва M4, айнакҳои дид дар шабу дигар таҷҳизоти пешрафтае, ки пештар дар ихтиёри сарбозони Толибон қарор дошт, ба таври мудовим ба дасти шибҳинизомиёне меуфтад, ки дар дохили Покистон фаъолият мекунанд. Ин силоҳҳо дар даҳҳо ҳамла алайҳи нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиён, бавижа дар иёлати Хайбар Пахтунхво, ки тайи ду соли гузашта шоҳиди афзоиши хушунатҳои шӯришӣ буда, мавриди истифода қарор гирифтаанд. Таҷҳизоти дид дар шаб, бахусус ба террористҳо бартарии қобили таваҷҷуҳе дар камингирӣ дар торикӣ дода ва имкони иҷрои ҳамалоти муассиртар ва созмонёфтатарро барояшон фароҳам кардааст.

Ба қудрат расидани Толибон пас аз августи 2021 фазоеро эҷод кард, ки дар он таҷҳизоти низомии амрикоӣ миёни фармондеҳони маҳаллӣ тавзеъ шуд ва ағлаби ин силоҳҳо дар шабакаҳои онҳо боқӣ монд. Толибон ба ҷои эҷоди як занҷираи фармондеҳии воҳид барои ҳамаи силоҳҳои мусодирашуда, бо иттихози як системаи ғайримутамаркиз ба воҳидҳои мунфарид иҷоза дод аз ин таҷҳизот ба унвони абзори нуфуз, муомила ё ҳатто касби суд истифода кунанд. Натиҷаи ин вазъият, равнақи бесобиқаи бозори сиёҳ буд ва акнун силоҳҳо ва таҷҳизоти пешрафта ба роҳатӣ дар ихтиёри гуруҳҳои мусаллаҳи минтақа қарор мегирад. Ин силоҳҳо барои TTP, ки солҳо дар Афғонистон бозсозӣ ва созмондиҳии муҷаддад шуда буд, таҳаввулофарин буда ва тавони амалиётии онро чандин баробар кардааст.

Яке аз далоили аслии ин густариш, ҳаҷми азими таҷҳизотест, ки пас аз хурӯҷи Амрико боқӣ монд. Баровард мешавад ҳангоми хурӯҷи Иёлоти Муттаҳида, ҳудуди 7 миллиард доллар таҷҳизоти низомӣ, васоили нақлияву силоҳ дар Афғонистон ҷо гузошта шуд. Ҳарчанд раисҷумҳури Амрико, Доналд Трамп, борҳо аз бозпасгирии ин таҷҳизот сухан гуфт, аммо ҳеҷ роҳбурде амалӣ ва муассире барои ин кор иҷро нашуд. Афғонистон амалан ба як анбори боз аз таҷҳизоти модерни низомӣ табдил шуда, ки акнун ба дасти гуруҳҳое мерасад, ки доманаи хушунати онҳо ба марзҳои Афғонистон маҳдуд намешавад. Набуди созукори бозпасгирӣ ва нотавонӣ ё адами тамоюли Толибон дар маҳори интишори ин силоҳҳо, халоъи амниятии хатарноке эҷод карда, ки пайомадҳои маргборе барои Покистон ба дунбол доштааст.

Гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид низ нишон додаанд, ки TTP ва дигар гуруҳҳо то чӣ андоза аз силоҳҳои баҷомонда аз Амрико пас аз тасаллути Толибон баҳрабардорӣ кардаанд. Натоиҷи ин гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки гуруҳҳои шӯришии фаъол дар хоки Покистон бо таҷҳизоте, монанди туфангҳои M16, коробинҳои M4у дастгоҳҳои дид дар шаб тақвият шудаанд. Ин силоҳҳо, ки барои афзоиши тавони нерӯҳои низомии ҳирфаӣ тарроҳӣ шудаанд, дар дасти террористҳо мӯҷиби афзоиши шиддату густараи хушунат шудаанд. Акнун шибҳинизомиён ба таҷҳизоте дастрасӣ доранд, ки пештар фақат дар ихтиёри артишҳои пешрафта буд, дар ҳоле ки нерӯҳои амниятии Покистон ҳамзамон дар ҷабҳаҳои мутаъаддид таҳти фишор ҳастанд.

Ин вазъият бо набуди контрол бар бозори сиёҳ, ки дар Афғонистон шукуфо шуда, вахимтар шудааст. Дар набуди низомҳои контролии муассир ва бо тавваҷуҳ ба шароити вахими иқтисодӣ, харидуфурӯши силоҳу таҷҳизоти низомӣ бо камтарин назорат анҷом мешавад. Ҳатто шаҳрвандони одии Афғонистон, ки аз афзоиши ҷурму ноамнӣ ҳаросонанд, барои дифоъ аз худ ба хариди силоҳ рӯй овардаанд; амре, ки бозорро густариш додаву контроли густариши таслиҳотро душвортар кардааст. Дастрасии густарда ба таҷҳизоти маргбор, таҳдиде баландмуддат аст, ки на танҳо амнияти Покистон, балки амнияти кулли минтақаро ба хатар меандозад, бавижа он ки марзҳо беш аз пеш дар маърази қочоқи силоҳ қарор гирифтаанд.

Коршиносону мутахассисони амниятӣ муътақиданд шавоҳиди мавҷуд бисёр қавӣ аст; силоҳҳое, ки аз шибҳинизомиён дар дохили Покистон забт мешаванд, ағлаб дорои шиносаҳоест, ки онҳоро ба таҷҳизоте муртабит мекунад, ки пештар тавассути Амрико дар ихтиёри нерӯҳои Афғонистон қарор дода шуда буд. Дар яке аз маворид, мақомоти покистонӣ ба Вашингтон пост 63 қабзаи туфанг нишон доданд, ки гуфта мешуд, ҳамагӣ пеш аз суқути Кобули тавассути Иёлоти Муттаҳида ба Афғонистон таҳвил дода шуда буданд. Ин мавзӯъ танҳо бар нигарониҳо дар бораи вусъати густариши силоҳҳо ва афзоиши истифода аз онҳо дар ҳамалоти дохилии хоки Покистон меафзояд.

Буъди дигар ва нигаронкунандаи ин падида ҷанбаи иқтисодии он аст. “Розмуҳаммад”, яке аз тоҷирони покистонии аслиҳа, дар мусоҳибае бо расонаҳо гуфт, ки қимати таҷҳизоти дид дар шаб пас аз ба қудрат расидани Толибон ба шиддат коҳиш ёфтааст. Ин дастгоҳҳо, ки пештар ҳудуди 2000 доллар қимат доштанд, дар муддати кӯтоҳе бо қимати 300 доллар фурӯхта мешуданд; нишонае равшан аз вуфури ногаҳонии ин таҷҳизот.

Таъсири ин коҳиши қимат бар дастрасии гуруҳҳои шибҳи низомӣ бисёр хатарнок аст, зеро ба онҳо иҷоза медиҳад амалиёти худро дақиқтар ва дар айни ҳоли маргбортар анҷом диҳанд. Ангезаҳои молие, ки ин тиҷоратро зинда нигаҳ дошта, тазмин мекунад, ки агар бо талоши ҳамоҳанги минтақаӣ маҳор нашавад, дар баландмуддат ба чолише бузургтар табдил хоҳад шуд.

Доктор Соҳибзода Муҳаммад Усмон дорои мадраки докторӣ (Италия) дар риштаи геополитика аст ва дар ҳоли ҳозир давраи пажӯҳиши пасодоктории худро дар Донишгоҳи Шандунги Чин мегузаронад. Доктор Усмон нависандаи китобе бо унвони “Рӯйкардҳои мутафовит ба Осиёи Марказӣ: иқтисод, амният ва энержӣ» аст, ки тавассути интишороти Лексингтон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мунташир шудааст.