Чаро Русия бояд ба Озарбойҷон фишори муайяне бояд ворид кунад?

Муаллиф: Эндрю Корибко, сиёсатшиноси амрикоӣ, муқими Маскав

Русия ҳанӯз фурсат дорад, то барои ҷилавгирӣ аз як Амалиёти вижаи низомии дигар, тазминҳои амниятии мушобеҳи он чиро, ки дар мавриди Украина матраҳ карда буд, пешниҳод кунад.

Ба тозагӣ нашрияи Politico матлаберо зери унвони “Фаронса ва Туркия талоши НАТО барои таъмиқи равобит бо кишварҳои Қафқозро масдуд мекунанд” мунташир кард. Далели ин амр он нест, ки ин кишварҳо усулан бо чунин наздикӣ мухолиф ҳастанд, балки Туркия пас аз худдории Фаронса аз таъйиди тарҳи мушобеҳ дар мавриди Озарбойҷон, монеъи тамдиди тарҳи мушоракати НАТО бо Арманистон шудааст.

Равобити миёни Фаронса ва Озарбойҷон аз муддатҳо пеш ба далели ҳимояти Порис аз Арманистон, бавижа дар чорчӯби мунозиаи Қарабоғ, пуртаниш боқӣ мондааст. Дар ин авохир, боздошти шаҳрвандони фаронсавӣ тавассути Озарбойҷон, ки баъдан озод шуданд, низ ба ин танишҳо афзудааст.

Ба гузориши Politico, “ин таъхир НАТО-ро водор сохтааст, то эътибори барномаҳои қадимии мушоракат бо Арманистон ва Озарбойҷонро ба гунаи муваққат тамдид кунад, бо он ки музокирот дар мавриди тарҳҳои ҷадид тақрибан ниҳоӣ шудааст ва се дипломат ин мавзӯъро таъйид кардаанд. Ба гуфтаи онон, тарҳҳои ҷадид ба ин кишварҳо иҷоза хоҳанд дод, то дар монёврҳои муштараки низомӣ ширкат кунанд, омӯзишҳои низомӣ миёни нерӯҳои мусаллаҳро густариш диҳанд ва ҳамкориҳои фарҳангиро, ҳатто то сатҳи роҳандозии курсҳои омӯзиши забони англисӣ дар маҳал, шиддат бахшанд".

Пас аз тасвиби тарҳи мушоракат бо Озарбойҷон, эҳтимол дорад монёврҳои муштараки НАТО дар савоҳили Баҳри Хазар низ баргузор шаванд.

Барои нозирони дақиқ, ҳеҷ яке аз ин таҳаввулот ғайримунтазира нест. Проекти “Масири Трамп барои сулҳ ва рифоҳи байналмилалӣ” (TRIPP, Trump Route for International Peace and Prosperity), ки дар августи 2025 муаррифӣ шуд, ҳадафи дувуме низ дорад, ки расман эълом нашудааст: эҷоди як даҳлези логистикӣ-низомии НАТО ба сӯи Баҳри Хазар ва аз он ҷо ба Осиёи Марказӣ.

Бинобар ин, TRIPP абзорест, ки НАТО аз тариқи он талош мекунад Русияро дар ҷиноҳи ҷанубии “камарбанди санитарӣ”-и ҷадиде маҳор кунад, ки идораи дувуми Трамп дар атрофи ин кишвар эҷод кардааст. Озарбойҷон барои Русия чолише мушобеҳи чолиши Украина эҷод мекунад, зеро ба унвони як кишвари транзитии ғайриқобили ҷойгузин дар татбиқи проекти TRIPP амал мекунад.

Агар Озарбойҷон бо Русия ҳамкорӣ мекард ва тазмин медод, ки TRIPP барои мақосиди низомӣ мавриди истифода қарор нахоҳад гирифт, ҳеҷ мушкиле ба вуҷуд намеомад. Аммо Боку алоқае ба чунин ҳамкорие нишон намедиҳад ва дар иваз, ҷониби Ғарбро гирифтааст. Афзун бар ин, дар ноябри соли гузашта, Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш раванди мутобиқат бо меъёрҳои НАТО-ро такмил кардаанд.

Дар айни ҳол, тайёраҳои бесарнишини баҳрии Озарбойҷон дар сурати бурузи як буҳрон метавонанд барои новгони Баҳри Хазари Русия таҳдид эҷод кунанд; ҳамон гуна, ки тайёраҳои бесарнишини баҳрии Украина имрӯз новгони Баҳри Сиёҳи Русияро таҳдид мекунанд.

Озарбойҷон ҳамчунон бо гомҳои устувор ба сӯи идғоми бештари иқтисоди худ бо иқтисоди Иттиҳодияи Аврупо ҳаракат мекунад. Ин кишвар на танҳо ба Иттиҳодияи Аврупо дар ҷойгузин сохтани манобеи энержии Русия кумак мекунад, балки қасд дорад тавсеаи тиҷорати кишварҳои аврупоӣ бо Осиёи Марказиро низ тасҳил кунад.

Дақиқан бо ҳамин ҳадаф, Урсула фон дер Ляйен, раиси Комиссияи Аврупо, моҳи гузашта эълом кард: “Мо қасд дорем то 12 миллиард евро сармоягузории давлатӣ ва хусусиро ҷазб кунем”, то зерсохтҳои логистикии минтақаӣ дар имтидоди ончи “Даҳлези миёнӣ” номида мешавад, тавсеа ёбанд. Тамоми ин таҳаввулот ҳалқаи маҳорро дар атрофи ҷиноҳи ҷанубии Русия беш аз пеш тангтар месозанд.

Моҳи гузашта, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, ба ин нукта ишора кард, ки русҳо гоҳе ба хушбинии беш аз ҳад, то марзи содалавҳӣ, гароиш доранд ва ҳамчунон тамоюл доранд дар баробари буҳронҳои нуҳуфта ва дар ҳоли шаклгирӣ, иқдомоти пешгирона анҷом надиҳанд.

Бо ниҳояти эҳтиром ба касоне, ки масъули тадвини сиёсатҳои Русия ҳастанд, метавон истидлол кард, ки зоҳиран ҳамин вазъият дар мавриди таҳдиде, ки проекти TRIPP барои Русия эҷод мекунад, низ сидқ мекунад.

Ин сухан ба ҳеҷ ваҷҳ ба маънои он нест, ки Русия бояд ҷанге пешгиронаро алайҳи Озарбойҷон оғоз кунад. Мавзӯъ сирфан ин аст, ки Маскав бояд ҳарчи оҷилтар таҳдидҳои ношӣ аз Озарбойҷонро дарк кунад.

Бо нигоҳ ба оянда, ҳамон гуна, ки густариши амалии НАТО то Баҳри Хазар иҷтинобнопазир ба назар мерасад, ташдиди бардошти Русия аз Озарбойҷон ба унвони як таҳдид низ иҷтинобнопазир хоҳад буд. Ҳарчи ин дарк зудтар шакл бигирад, беҳтар аст, зеро Маскав ҳанӯз фурсат дорад, то барои ҷилавгирӣ аз як амалиёти вижаи низомии дигар, тазминҳои амниятии мушобеҳи ончиро, ки дар мавриди Украина хостори он буд, пешниҳод кунад.

Дар ин чорчӯб, чунин тазминҳо метавонанд шомили мувофиқати Озарбойҷон бо бозрасии маҳмулаҳои интиқолёфта аз масири TRIPP тавассути Русия ва ҳамчунон худдорӣ аз баргузории монёврҳои муштарак бо НАТО дар қаламрави ин кишвар бошанд. Бо ин ҳол, мумкин аст Алиев бо чунин шароите мувофиқат накунад, магар он ки Путин фишори муайяне бар ӯ ворид кунад.