Паймони Макка ва рақобати нав барои меъмории амниятии Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ

Нависанда: Абдуносир Нурзод Тоҷик, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”

Тавофуқи амниятӣ миёни Арабистони Саудӣ, Туркия ва Покистонро наметавон сирфан як паймони дифоии маъмулӣ талаққӣ кард. Ин тавофуқ дар шароите шакл гирифтааст, ки муодилоти амниятии Ховари Миёна ва атрофи он дар ҳоли бозтаъриф шудан аст ва бозигарони минтақаӣ талош доранд ҷойгоҳи худро дар назми амниятии дар ҳоли зуҳур таҳким бахшанд.

Аз ҳамин манзар, Паймони Маккаро метавон нишонае аз талош барои эҷоди як қабати нави амниятӣ дар минтақа донист; қабате, ки агарчи дар зоҳир мекӯшад аз вобастагии мустақим ба созукорҳои амниятии Амрико фосила бигирад, аммо ҳамчунон наметавон нақш ва нуфузи Вашингтон ва муттаҳидони ғарбии онро дар шаклгирии чунин тартибот нодида гирифт.

Аҳамияти ин тавофуқ замоне бештар ошкор мешавад, ки собиқаи амниятӣ ва сиёсии се кишварро дар назар бигирем. Арабистон, Туркия ва Покистон ҳар се дар даҳсолаҳои гузашта, ба шаклҳои мухталиф, дар таҳаввулоти амниятии минтақа, ҳимоят аз гурӯҳҳои мусаллаҳ, мизбонӣ ё пуштибонӣ аз ҷараёнҳои исломгаро ва ҳамкорӣ бо бозигарони ғайридавлатӣ нақш доштаанд. Аз ин рӯ, шаклгирии як чорчӯби дифоии муштарак миёни онҳо метавонад фаротар аз як ҳамкории муқаррарии низомӣ буда, паёмҳои густурдатар ва ҷиддитари геополитикӣ дошта бошад.

Баъзеҳо метавонанд ин тавофуқро нишонаи гузари минтақа аз вобастагии комил ба Амрико ба сӯи тартиботи мустақилтари амниятӣ бидонанд. Бо ин ҳол, истиқлоли амниятӣ ҳатман ба маънои хуруҷ аз меъмории амниятии Ғарб нест. Сохторҳои дифоӣ, таслиҳотӣ, иттилоотӣ ва сиёсии ин се кишвар дар тӯли даҳсолаҳои гузашта ба гунае шакл гирифтаанд, ки пайванди онҳо бо Ғарб, бахусус Амрико ва Бритониё, ҳамчунон амиқ аст.

Бинобар ин, он чӣ дар ҳоли тағйир аст, шояд на ҳазфи нақши Амрико, балки тағйири шеваи татбиқи ин нақш бошад; аз ҳузури мустақимтар ба сӯи шабакае аз шарикони минтақаӣ, ки бахше аз масъулияти амниятиро бар уҳда мегиранд.

Аз ҳамин зовия, таъбири “НАТО-и исломӣ”, агарчи аз назари расонаӣ ҷаззоб аст, аммо аз манзари таҳлилӣ ниёзманди эҳтиёт мебошад. Арабистон, Туркия ва Покистон на муттаҳидони комилан ҳамсӯ ҳастанд, на манофеи амниятии яксон доранд ва на дар ҳамаи парвандаҳои минтақаӣ аз як дарки муштараки таҳдид бархӯрдор мебошанд. Миёни онҳо рақобат бар сари нуфуз дар ҷаҳони ислом, ихтилоф дар равиш нисбат ба Эрон, тафовут дар сиёсатҳои минтақаӣ ва ҳатто ихтилоф дар бардошт аз мафҳуми амният вуҷуд дорад. Бинобар ин, муқоисаи мустақими ин тавофуқ бо НАТО, бидуни таваҷҷуҳ ба тафовутҳои сохторӣ ва таърихӣ, метавонад бештар як таъбири сиёсӣ бошад, то як воқеияти ниҳодӣ.

Бо ин ҳол, ҳамин тафовутҳо ҳатман ба маънои беаҳамият будани тавофуқ нестанд. Арабистон дорои зарфияти молӣ ва энергетикии густурда аст; Туркия аз тавонмандиҳои низомӣ, саноатӣ ва фанноварии дифоии қобили таваҷҷуҳ бархӯрдор аст ва Покистон дорои тавони ҳастаӣ ва таҷрибаи тӯлонӣ дар сиёсати амниятии минтақа мебошад.

Таркиби ин се зарфият метавонад барои ҳар яке аз тарафҳо манфиатҳои мухталиф эҷод кунад. Арабистон дар пайи тақвияти амнияти худ ва маҳори таҳдидҳои перомуниаш, бахусус дар баробари Эрон ва нерӯҳои ҳамсӯ бо он, аст. Туркия талош мекунад ҷойгоҳи худро ба унвони як қудрати мустақил ва таъсиргузор дар ҷаҳони ислом ва Осиёи Марказӣ таҳким бахшад. Покистон низ дар шароите, ки бо маҷмӯае аз чолишҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ рӯбарӯ аст, талош дорад ҷойгоҳи худро дар тартиботи амниятии нави минтақа ҳифз ва тақвият кунад.

Аз ин манзар, Паймони Макка беш аз он ки маҳсули як ҳамгароии комили роҳбурдӣ бошад, метавонад ҳосили ҳампӯшонии муваққатии манофеи чанд қудрати минтақаӣ бошад. Чунин эътилофҳо то замоне пойдор мемонанд, ки таҳдиди муштарак ё манофеи муштарак ихтилофоти дохилии онҳоро таҳти шуоъ қарор диҳад. Пурсиши асосӣ ин ҷост, ки оё миёни ин се кишвар воқеан чунин дарки муштараке аз таҳдид вуҷуд дорад?

Яке аз ибҳомҳои муҳими тавофуқ масъалаи “душман” ва таърифи таҳдид аст. Дар ҳар гуна тартиботи амниятии пойдор, таҳдид бояд то андозае мушаххас ва қобили таъриф бошад, зеро эътилофҳои дифоӣ сирфан бар асоси равобити дипломатӣ шакл намегиранд, балки бар пояи дарки муштараки таҳдид ва тавофуқ дар бораи манбаи он ташаккул меёбанд. Агар дар тавофуқ аз душман ё таҳдид сухан гуфта шавад, аммо мисдоқи он ба равшанӣ мушаххас набошад, доираи тафсир бисёр густурда хоҳад шуд. Дар чунин шароит, ин тавофуқ метавонад беш аз он ки як эътилофи ҷангии мушаххас бошад, як навъ “суғуртаи амниятӣ” барои даврае аз номуайянии геополитикӣ талаққӣ шавад.

Дар ин миён, ин эҳтимол низ матраҳ аст, ки коҳиши тадриҷии ҳузури мустақими Амрико дар бархе арсаҳои амниятии минтақа, Вашингтонро ба сӯи эҷоди шабакае аз шарикони минтақаӣ савқ дода бошад; шабакае, ки битавонад бидуни ниёз ба ҳузури мустақим ва пурҳазинаи Амрико, бахше аз бори амниятии минтақаро бар дӯши муттаҳидон ва шарикони он бигузорад. Дар чунин улгуе, Туркия, Арабистон ва Покистон метавонанд бахше аз меъмории амниятии густурдатаре бошанд, ки дар он Амрико ҳамчунон нақши таъйинкунанда дорад, аммо ҳатман дар хатти муқаддам дида намешавад.

Яке дигар аз абъоди муҳими ин таҳаввул, рақобат миёни меҳварҳои мухталифи қудрат дар Осиё ва Ховари Миёна аст. Чин ва Русия дар ҳоли густариши нуфузи худ дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва геополитикӣ ҳастанд ва Эрон низ ба унвони яке аз бозигарони аслии минтақа, дар муодилоти амниятии Ховари Миёна нақши мустақим дорад. Бинобар ин, ҳар гуна тартиботи амниятии нав дар минтақа бояд дар чорчӯби рақобати густурдатар миёни қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақавӣ таҳлил шавад.

Дар ҳамин чорчӯб, масъалаи Исроил низ қобили таваҷҷуҳ аст. Яке аз ҳадафҳои эҳтимолии чунин тартибот метавонад ҳифзи сатҳе аз назорат ва мудирияти таниш дар минтақа бошад; ба гунае ки буҳронҳои мавҷуд аз табдил шудан ба як қутббандии густурдатар ва пойдори зидди Исроил ҷилавгирӣ кунанд. Албатта, ин мавзӯъ ниёзманди шавоҳиди бештар аст ва наметавон сирфан бар асоси шаклгирии паймон миёни се кишвар чунин ҳадаферо қатъӣ донист.

Афғонистон; ҳалқаи ҳассоси ин меъморӣ

Аммо пурсиши асосӣ барои Афғонистон ин аст, ки дар сурати густариши чунин тартибот, ин кишвар дар меъмории нави амниятӣ чӣ ҷойгоҳе хоҳад дошт?

Афғонистон дар нуқтаи пайвасти чанд маҷмӯаи амниятӣ қарор гирифтааст: Покистон дар ҷануб, Эрон ва кишварҳои Халиҷи Форс дар ғарб ва ҷанубу ғарб, Осиёи Марказӣ дар шимол ва Чин дар шарқ. Ҳамин мавқеи ҷуғрофӣ Афғонистонро ҳамзамон ба як пули иртиботӣ ва як майдони эҳтимолии рақобати қудратҳо табдил медиҳад.

Барои Покистон, Афғонистон бахше аз муодилаи амниятӣ дар муқобили Ҳинд ва умқи роҳбурдии он ба шумор меравад. Барои Туркия, Афғонистон метавонад ҳалқаи пайвасткунандаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ бошад. Барои Арабистон, дар сурати шиддат гирифтани рақобат бо Эрон, ин кишвар метавонад бахше аз майдони густурдатар барои маҳори нуфузи Теҳрон талаққӣ шавад. Барои Чин ва Русия низ Афғонистон метавонад ҳам манбаи таҳдид ва ҳам нуқтаи муҳиме барои мудирияти амнияти Осиёи Марказӣ ва муқобила бо ҷараёнҳои ифротӣ бошад.

Бинобар ин, хатари асосӣ барои Афғонистон замоне бештар мешавад, ки ин кишвар бори дигар ба муҳити рақобати амниятии қудратҳои минтақаӣ табдил шавад; муҳите, ки дар он бархе бозигарон амнияти худро дар ноамнии Афғонистон таъриф кунанд. Таҷрибаи чаҳор даҳаи гузашта нишон додааст, ки ҳар гоҳ Афғонистон ба майдони рақобати қудратҳои хориҷӣ табдил шудааст, ҷомеаи Афғонистон арзиши аслии онро пардохтааст.

Дар чунин шароит, вазъи сиёсии кунунии Афғонистон низ ба печидагии муодила меафзояд. Ҳукумати Толибон бо буҳрони машруъияти дохилӣ ва байналмилалӣ, маҳдудиятҳои шадиди сиёсӣ ва иқтисодӣ ва маҷмӯае аз чолишҳои амниятӣ рӯбарӯ аст. Чунин вазъият зарфияти Кобулро барои пешбурди сиёсати хориҷии мутавозин ва мустақил маҳдуд мекунад. Ҳукумате, ки аз машруъияти густурдаи дохилӣ ва хориҷӣ бархӯрдор набошад, дар баробари фишорҳои чандҷонибаи минтақаӣ осебпазиртар хоҳад буд.

Афғонистон дар чунин муҳите ба як сиёсати хориҷии мубтанӣ бар тавозун ниёз дорад; на иттиҳоди комил бо як қудрат ва на душмании комил бо қудрати дигар. Роҳбурди оқилона барои як кишвари олиқӣ, ҳифзи равобити мутавозин бо бозигарони рақиб, таърифи манофеи ҳаётӣ ва ҷилавгирӣ аз табдил шудан ба абзори сиёсати амниятии дигарон аст. Аммо иҷрои чунин роҳбурде ба ҳукумате ниёз дорад, ки аз машруъияти сиёсӣ, зарфияти ниҳодӣ ва дарки воқеъбинона аз муҳити байналмилалӣ бархӯрдор бошад.

Мушкили асосӣ дар ин ҷост, ки Толибон худ бахше аз ҳамин муодилаи амниятӣ мебошанд. Гурӯҳе, ки дар гузашта бо мантиқи ҷанг ва шабакаҳои мусаллаҳона таъриф шудааст, акнун бояд дар муҳите тасмимгирӣ кунад, ки ниёзманди дипломатия, тавозунсозӣ, ҳисобу китоби дақиқи манофеъ ва мудирияти рақобати қудратҳост. Ин ду мантиқ ҳатман бо якдигар созгор нестанд. Ба ҳамин далел, Афғонистон метавонад дар баробари таҳаввулоти нав на ба унвони як бозигари фаъол, балки ба унвони арсае барои рақобати дигарон зуҳур кунад.

Агар чунин вазъияте шакл бигирад, паёмадҳои он танҳо ба Афғонистон маҳдуд нахоҳад монд. Густариши ноамнӣ аз Афғонистон метавонад Осиёи Марказӣ, Чин, Покистон, Эрон ва ҳатто ҳавзаи Халиҷи Форсро таҳти таъсир қарор диҳад. Дар чунин сенарияе, Афғонистон бори дигар ба нуқтаи пайвасти буҳронҳои минтақаӣ табдил хоҳад шуд; нуқтае, ки ҳар қудрате талош мекунад аз он барои пешбурди манофеи худ истифода кунад.

Назми нав ё бозтақсими ноамнӣ?

Ҳанӯз барвақт аст, ки Паймони Маккаро тавлиди як назми нави амниятӣ дар минтақа бидонем. Аммо бидуни тардид, ин тавофуқро метавон бахше аз раванди бозоройии амниятии минтақа талаққӣ кард; раванде, ки дар он Амрико эҳтимолан ҳамчунон ҳузур хоҳад дошт, аммо дигар танҳо меъмори амнияти минтақа нахоҳад буд.

Туркия, Арабистон, Покистон, Эрон, Русия ва Чин ҳар кадом талош хоҳанд кард бахше аз ин меъмории навро шакл диҳанд. Рақобат миёни онҳо низ эҳтимолан на дар қолаби як рӯёрӯии мустақим ва сода, балки тавассути шабакае аз эътилофҳо, шарикатҳои амниятӣ, тартиботи иқтисодӣ ва нуфузи сиёсӣ идома хоҳад ёфт.

Дар чунин назме, кишварҳои заъифтар бештар аз дигарон дар маърази табдил шудан ба майдони рақобат қарор доранд. Афғонистон яке аз муҳимтарин намунаҳост. Агар ин кишвар натавонад аз ҷойгоҳи як майдони рақобати амниятӣ ба як бозигари мутавозин ва мустақил табдил шавад, ҳар гуна тартиботи нави амниятӣ дар атрофи он метавонад ба ҷойи фурсат, таҳдиди тоза эҷод кунад.

Аз ин рӯ, пурсиши асосӣ дар бораи Паймони Макка ин нест, ки оё ин тавофуқ “НАТО-и исломӣ” ҳаст ё хайр; пурсиши муҳимтар ин аст, ки ин паймон чӣ гуна меъмории амниятиро дар минтақа месозад ва Афғонистон дар ин меъморӣ чӣ нақше хоҳад дошт.

Агар ин меъморӣ бар ҳамкорӣ, субот ва мудирияти рақобатҳо устувор шавад, метавонад ба коҳиши ноамнӣ кумак кунад. Аммо агар ба абзоре барои бозтавлиди рақобатҳои геополитикӣ, интиқоли буҳронҳо ва истифодаи проксии кишварҳои минтақа табдил шавад, Афғонистон ва дигар кишварҳои заъиф нахустин қурбониёни он хоҳанд буд.

Дар ниҳоят, ояндаи ин тавофуқро на унвони “НАТО-и исломӣ”, балки мизони тавоноии аъзои он барои таърифи таҳдиди муштарак, мудирияти ихтилофот, муайян кардани манофеи воқеӣ ва муқовимат дар баробари табдил шудан ба абзори рақобати қудратҳои бузург муайян хоҳад кард.

Масъалаи асосӣ барои Афғонистон низ равшан аст: дар назми амниятии дар ҳоли зуҳури минтақа, ё бояд ба як бозигари дорои тавозун ва манофеи таърифшуда табдил шавад, ё бори дигар ба ҷуғрофиёе табдил хоҳад шуд, ки дигарон амнияти худро дар ноамнии он ҷустуҷӯ мекунанд.