Гандуми Путин барои кӣ меравад: фақирон, “мадорис ул –ҷиҳод” ё созмонҳои террористӣ?

Нависанда: Фахриддин Холбек, узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Манбаъ: al-gebra.ru

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бо тахсиси як маҳмулаи фаврии ғалла ба Афғонистон мувофиқат кард. Замир Кобулов, намояндаи вижаи ӯ (, ки аз сӯи бархе, як гуна ҳомии русии Толибон шинохта шудааст - Сангар), ба расонаҳо аз тахсис як “миқдори мушаххас” – и гандумро “дар сурати лузум” ба Афғонистон хабар дод.

Зиёд сари ин хабар табсира намекунем, рӯи ин ҳам ки ин тасмими Владимир Путин аз сӯи бархе дар расонаҳои иҷтимоӣ “икмоли мустақими Толибон аз сӯи Русия” арзёбӣ шуд ва он ҳам дар ҳоле, ки Русия аз моҳи марти соли равон ба ин сӯ содироти гандумро қатъ кардааст.

Қиссаро аз дуртар шуруъ мекунем.

Соли 1992 пас аз ба қудрат расидани муҷоҳидин дар Афғонистон як ҳайати истихбороти Инглису Амрико (MI6 ва CIA) дар меҳмонхонаи “Интерконтинентал” – и Кобул бо Аҳмадшоҳи Масъуд, вазири дифоъи ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ мулоқот карданд. Онҳо аз Масъуд ду тақозо карданд: аввал, иҷоза диҳад, ки дар Афғонистон пойгоҳҳои низомии онҳо эҷод шаванд; 2) ҷангиёни хориҷӣ ё ба истилоҳ “арабҳои афғон”, ки дар ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ ширкат карда буданд, дар шимоли Афғонистон бо ҳамон созу барги худ мустақар карда шаванд. Дар иваз ба Масъуд ваъда карданд, ки ҳадди ақал дар 50 соли оянда ҳукумати ӯро пуштибонӣ хоҳанд кард. Масъуд розӣ нашуд. Пас аз он Ҳикматёр бо кӯмаки истихборотҳои Инглису Амрико ва Покистон ба тахриби ҳукумати Раббонӣ шуруъ карданд, баъдтар, Толибонро ҳам сари кор оварданд. Кофист, суханони Бенезир Буту, садри аъзами Покистонро ёдовар шавем, ки гуфта буд: ”Гурӯҳи Толибонро мо, Амрико, Арабистон ва Инглис бо ҳам сохтем”.

Толибон маҳсули Амрикост. Ин ба он маънист, ки ҳеҷ ваҷҳи муштарак бо Русия надорад ва икмоли ин гуруҳ амалан ҳамкорӣ бо Амрико буда метавонад. Онҳое, ки фикр мекунанд, Русия бо кӯмаки Толибон рақиби сарсахти худ Амрикоро дар Афғонистон шикаст додааст ва ҳамкории Маскаву ба ном Иморати исломӣ дар минтақа суботи стратегӣ меорад, иштибоҳ мекунанд.

Толибон дар Афғонистон дар пайи товофуқе ба монанди пирях қудратро аз Амрико таслим гирифт, ки нӯгаш аён аст, аммо маълум нест бунёдаш куҷост. Ҳомиёни Толибон хуб мефаҳманд, ки агар Амрико мехост ва нерӯҳои зиддитолибониро икмол мекард, ин гуруҳи ниёбатӣ ва манфури мардуми Афғонистон ҳеҷ гоҳ ба қудрат намерасид.

Хуруҷи Амрико ҳисобшуда, тибқи барнома ва намунае аз ҳузури Амрико дар шакли дигар аст. Амрикоиҳо тайи 20 соли ҳузур бо ҳамкории ҳукуматҳои дастнишондаи худ Толибон ва дар канори онҳо ҳудуди 20 созмони террористиро, бахусус, дар қаламравҳои муқовимати зиддитолибонӣ ҷобаҷо карданд ва тамоми раҳбарони зиддитолиб - шуруъ аз Аҳмадшоҳи Масъуд то Бурҳонуддин Раббонӣ ва даҳҳо фармондеҳу чеҳраи сиёсиро аз саҳна ҳазф карданд. Ба ҳадде, ки Толибон тавонистанд, ба истиснои Панҷшер, 33 вилояти дигарро аз сӯи ҳукумати Ашраф Ғанӣ бидуни ҷанг таслим гирифтанд. Ба болои ин ҳама, тамоми таҷҳизоту зерсохтҳои артиши 350-ҳазорнафараи Афғонистонро, ки барои Амрико ва НАТО ба 85 миллиард доллар тамом шуда буд, дар ихтиёри Толибон қарор доданд ва аз ин гуруҳеро, ки то ба ҳол дар феҳристи созмонҳои террористӣ қарор дорад, қавитарин артиши ҷангии минтақаро вориди майдони ҷанг сохтанд. 

Ба ҳолати имрӯзӣ дар Афғонистон, дурусттараш, шимоли Афғонистон – марзҳои Осиёи Марказӣ, Эрон ва Чин тамоми 20 гуруҳи террористӣ, назири Алқоида, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, ДОЪИШ, Ҷамоати Ансоруллоҳ, Лашкари Тайиба, Катибати Имом Бухорӣ, Ҷундуллоҳ ва дигарон пойгоҳ доранд ва озодона амал мекунанд.

Мисолҳои мушаххас: пойгоҳи бузург ё “давлати хурд” – и Алқоида дар як минтақае миёни вилоятҳои Ҷузҷон, Форёб, Ғур ва Сарипули Афғонистон ҳанӯз соли 2008 бо ҳамкории Ҳомид Карзай (ки аз худ як “дӯсти бузург” – и Русияро буруз медиҳад) ва Амрико эҷод шуда буд. Дар ин минтақа, мушаххасан, дар рустои Хавол ва минтақаи Гуҷури шаҳристони Кӯҳистоноти вилояти Сарипул корхонаҳои сохти маводи инфиҷорӣ фаъолият дорад, ки аз баллонҳои газ ва лӯлаҳои оҳанин назири минаву мушак ва ҷалиқаи интиҳорӣ месозанд. Тамоми маводи инфиҷорие, ки амалиётҳои террористии Толибон, ДОЪИШ ва ғайра истифода мешуданду мешаванд, маҳсули ҳамин корхонаҳоянд. Марзҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон низ аз мушакҳои ҳамин корхонаҳо ҳадаф қарор гирифтанд. Дар ин минтақа ҳудуди 5 то 7 ҳазор хонаводаи террористони Покистон, Осиёи Марказӣ, Русия, Чин, Эрон ва ғайра зиндагӣ мекунанд.

Қисса кӯтаҳ, ҳамон созмонҳои террористие, ки замони вуруди Амрико ва НАТО дар вилояти Вазиристони Шимолии агентии Хайбар Пахтунхваи Покистон ҳузур доштанд, тайи 20 сол комилан ба Афғонистони Шимолӣ кӯч дода шуданд. Ин барнома бо ҳидояти амрикоиҳо ба дасти ҳукукуматҳои дастнишондаашон дар Кобул иҷро шуд.

Ба гунаи мисол, Қорӣ Фасеҳуддин, фармондеҳи тоҷики Толибон дар Бадахшон ва Махдуми Олим, фармондеҳи ӯзбеки онҳо дар Форёб, аз бахши сарҳадӣ ва ақвому қабоили Раёсати 024 – и Раёсати амнияти миллии собиқ Афғонистон сармоягузорӣ мешуданд ва пулро истихбороти Амрико медод. Махдуми Олим барои ҳамкорӣ бо Амрико боздошт шуд, аммо баъдтар, тибқи бархе иттилоот, бо дахолати Инглис озод шуд.

Нуктаи ҷолибе, ки ба ин ду рабт мегирад, робитаи онҳо бо созмонҳои террористӣ аст. Қорӣ Фасеҳуддин масъули робитаи Толибон бо созмонҳои террористӣ дар Бадахшон буд ва Махдум Олим дар Форёбу Ҷузҷон, ҳамон “давлати хурд” – и Алқоида буд. Ҳоло аксари муҳофизони Қорӣ Фасеҳуддин аз шаҳрвандони Тоҷикистони марбути “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ҳастанд.

Созмонҳои террористӣ дар Афғонистон таҳти назорати Шабакаи Ҳаққонӣ ва ин созмон ҳамкору тобеъи Алқоида аст. Аъзои Толибон дар ниҳодҳои ҳукумати Толибон дар вазифаҳои масъул кор мекунанд. Аминулҳақ, собиқ дастёри Усома ибни Лодан, асосгузори Алқоида, робити ин созмон ва мушовири ниҳодҳои қудратии Толибон аст.

Аммо он чӣ дар тарҳи “Вазиристони Шимолии нав” дар Афғонистон намерасад, эҷоди садҳо мактаби ҷиҳодӣ ба номи “мадорис ул-ҷиҳод” аст, ки ахиран бо фармони “амирулмуъминин” – и Толибон Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода вориди марҳалаи амалӣ шуд.

17 марти соли равон, таҳти шумораи 235 фармоне дар бораи “Ташкил ва масорифи мадориси ҷиҳодӣ” ба имзо расонд. Бино ба он, бояд дар ҳар 380 шаҳристони Афғонистон аз 3 то 5 адад мадрасаи ҷиҳодӣ эҷод шавад. Ба ҳисобҳои миёна, дар ин мадорис аз 500 то 1000 толиб ва 18 корманд ҷалб мешавад, ки дар умум, беш аз 1 миллиону 100 ҳазор нафарро дарбар хоҳанд гирифт. Харҷи як шогирд рӯзона ду доллар ва ҳазинаи моҳонаи ин мадорис дар саросари Афғонистон ҳудуди 65 миллион доллар аст.

Се моҳ нагузашта, ин тарҳ ба шиддат дар саросари Афғонистон эҷод мешавад. Ба гунаи мисол, Институти техникӣ ва маслакии Тахор, бинои телевизиони “Митро” дар шаҳри Мазори Шариф, Лисаи олии Абдулҳай Ҳабибии вилояти Хуст, Лисаи техникии вилояти Қандаҳор, Лисаи Бабракхон Задрони шаҳри Гардези вилояти Пактиё ва ғайра ба “мадрасат ул-ҷиҳод” табдил дода шуданд.

Дар шаҳри Ҷалолободи Нангарҳор як маҳалли мавсум ба “Фомилии Холис” ҷойгир аст, ки 15 гектар замин ва даҳҳо бинову зерсохт дорад. Ҳоло онро ҳам ба мадрасаи ҷиҳод табдил доданд. Ё дар Институти техникӣ ва маслакии Тахор 236 донишҷӯи духтару писар дар риштаҳои муҳандисии барқу компютер, сохтмон ва тармими мошин мехонданд. Ҳоло дар он “ҷавонон улуми исломиро ба сурати таҳқиқӣ ва тахассусӣ хоҳанд омӯхт". Гузашта аз ин, Толибон дар барномаи таҳсили мактабу донишгоҳҳои Афғонистон низ тағйир ворид намуда, теъдоди улуми исломиро афзоиш додаанд.

Абдулҳаким Ҳаққонӣ (дар акс), қозиюлқузот ё раиси додгоҳи олии Толибон ба забони арабӣ як китобе бо номи “Ал-иморат ул-исломия вал низомҳо” (Иморати исломӣ ва низоми он) – ро ба нашр расонд, ки амалан доктрина ё Қонун асосии Толибон аст, зеро он чӣ ин гурӯҳ дар Афғонистон мекунад, шуруъ аз умури сиёсӣ то иҷтимоиро дар ин китоб навишта шудааст. Аз дигар масоил бигзарем, дар сафҳаи 243 ин китоб қозиюлқузот аз ҳокимон ва уламо даъват мекунад, ки аз фаъолияти макотиби улуми асрӣ ҷилавгирӣ кунанд, зеро онҳо аз самароти куффор аст ва мусулмононро ба фасодмекашонанду аз дин мунҳариф мекунанд. Зоҳиран, навишта шудани ин китоб ба забони арабӣ низ як гуна рекламаи “мадориси ҷиҳод” барои кишварҳои Халиҷ аст, ки таҷрибаи сармоягузорони онҳоро дар Покистон доранд.

Агар ин воқеияти имрӯзи Афғонистон аст, як хабари бад барои минтақа, балки тамоми ҷаҳон аст. Дар “макотиби ҷиҳод” як сол нагузашта, беш аз 1 миллион ба зоҳир муллобача, дар амал интиҳорӣ омода хоҳад шуд, ки барои инфиҷор додани тамоми ҷаҳон басанда аст. Истихбороти ҷаҳонӣ дақиқ ташхис кардааст, ки мардуми фақири Афғонистон аз ночорӣ фарзандони худро ба ин макотиб месупоранд, то фарзандаш аз гуруснагӣ намирад.

Ва ин ҳама идомаи иҷрои ҳамон тарҳ аст, ки соли 1992 Инглису Амрико бо Аҳмадшоҳи Масъуд ба миён гузошта буданд. Он чӣ онҳо мехостанд истиқрори созмонҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон буд, ки бо муваффақият барои онҳо ва ба бадбахтии кишварҳои минтақа анҷом шуд. Артиши миллионии ин созмонҳо низ дар мадориси ҷиҳоди Мулло Ҳайбатуллоҳ ба шиддат дар ҳоли тарбият шудан ҳастанд.

Аммо Русия ва кишварҳои ҳамкораш дар Осиёи Марказӣ, Чин ва Эрон имшабу рӯз гуловезиҳое бо Толибон доранд. Намояндаҳои дипломатии онҳоро мепазиранд, аз “ҳукумати фарогир” суҳбат мекунанд. Туркманистон бо онҳо аз лӯлаи газ ва Ӯзбекистон аз хатти оҳан қисса мехонанд. Ба зӯр мухолифини Толибонро ба оғӯши Амрикову Инглис тела медиҳанд. Аммо боре ҳам касе, ҳадди ақал, холисанлиллоҳ аз Толибон напурсид, ки ин ҳама тадорукот ба хотири чист?

Ба гумон аст, ки вақте Русия гандумро дар ихтиёри Толибон мегузорад, тавонад раванди тавзеъи онро назорат кунад, то барои фақироне, ки ба қавли Кобулов, аз хушксоливу беҳосилии имсол дар Афғонистон ба таҳдиди гуруснагӣ гирифторанд бирасад, на созмонҳои террористиву “мадориси ҷиҳод”. Ба назар мерасад, Маскав ба саге нон медиҳад, ки як рӯз дасташро, балки дасти муттаҳидонашро низ хоҳад газид.