Русия пеши ҳамсоягони худ бо чӣ чизе метавонад биболад?
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Ҳаштумин Маҷмаъи иқтисодии Шарқ дар Владивосток, ки ҳазорон меҳмон аз саросари ҷаҳонро гирди ҳам овард, ба поён мерасад. Ин рӯйдод интизорот ширкаткунандагонро барбод надод, аммо аз бисёре ҷиҳатҳо аз онҳо фаротар рафт. Ҳамон тур, ки таҳлилгарон хотирнишон мекунанд, Маҷмаъи феълӣ тафовути қобили таваҷҷуҳе бо маҷмаъҳои қаблӣ дорад. Агар қаблан рӯйдодҳои Маҷмаъи иқтисодии Шарқ моҳияти зиддибуҳронӣ доштанд ва ширкат кунандагон бо онҳо ошно шуда, нуқоти манофеъи мутақобилро ҷустуҷӯ мекарданд, дастури кори имрӯз бар рушди равобит мутамаркиз аст ва бисёре аз проектҳо барои баландмуддат танзим шудаанд.
Сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Владивосток ва ширкати шахсии ӯ дар кори Маҷмаъи иқтисодии Шарқ аз сатҳи таваҷҷуҳ раҳбарии ин кишвар ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҷиҳати шарқӣ ҳикоят дорад.
Танаввӯъи қарордодҳо чашмгир аст ва феҳристи васеъе аз соҳаҳоро дарбар мегирад - аз иқтисод ва фановарӣ гирифта то фарҳангу истифода аз ҳуши маснуъӣ.
Аз ҷумлаи проектҳои қобили таваҷҷуҳ метавон ба эҷод як парки бузурги бозиҳо дар ҷазираи Русский дар Владивосток ишора кард, ки бандубасти пикапҳои ST6 низ дар он ифтитоҳ шудааст. Дар маҷмӯъ 26 миллиард рубл ба зерсохтҳои Владивосток ва Находка ихтисос хоҳад ёфт.
Вилояти Амур бо ҳамкорони худ аз Ҳинд бар сари ҳамкорӣ дар бахши газ ба тавофуқ расид. Илова бар ин, коркарди захоири илменит ва титану магнетит дар шимоли минтақаи Назди Амур оғоз шуд. Фармони роҳандозии як кластери маъдани куҳии ҷадидро ба таври фосилавӣ Владимир Путин ва муовини сарвазири Русия Юрий Трутнев содир намуданд. Ин проект 280 миллиард рубл баровард шудааст, ки ба лутфи он 5.4 ҳазор ҷои кор ба вуҷуд омад. Як корхонаи моеъсозии газ барои худравҳо ва як нерӯгоҳи бодӣ бо зарфияти 1 гигават низ дар минтақаи Назди Амур барномарезӣ шуд.
Кишвари Хабаровск бар проектҳои зерсохтии бузург мутамаркиз шудааст - як терминали дарёии ҷадиди ангиштсанг дар димоғаи Манор сохта хоҳад шуд. Ин проект 136 миллиард рубл баровард шуда ва 3 ҳазор шуғли ҷадид эҷод хоҳад кард.
Намояндагони Русия бо ҳамкорони худ аз Миянмар масоили марбут ба гардиши тиҷории мутақобил ва соддасозии шароити кори ширкатҳои русӣ дар хориҷ аз кишварро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. Дар ин музокирот қабл аз ҳама рушди ҳамкориҳои ширкатҳои туристии ду кишвар ба баррасӣ гирифта шуд.
“Аэрофлот” ва ширкати давлатии “Росатом” дар ҳоли омодагӣ барои роҳандозии як пойгоҳи таҳқиқотӣ ва тавлидӣ барои тавлиди қитъаоти ҳавопаймоҳои сохти хориҷӣ ҳастанд. Ба унвони бахше аз тавсеаи Масири дарёии Шимол, имкони сохти киштиҳо дар Шарқи Дур мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Бахши ҳуши маснӯъӣ аз ҷаззобияти хосе бархурдор буд. Ширкаткунандагон ба ин натиҷа расиданд, ки такомули пешрафти технологӣ, ҳатто дар чунин заминае, фақат манфиатҳое ба ҳамроҳ дорад. Нуктаи аслӣ ин аст, ки аз такомул набояд тарсид.
Мушоҳидоти мо аз таҳаррукоти иқтисодии Русия дар Шарқи Дур, ки ҳаммарз ё наздик ба “ғӯл”-ҳои иқтисодӣ ва фановарии ҷаҳонӣ, монанди Чин, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ аст, моро ба ин натиҷа мерасонад, ки Русия дар вежагиҳо ва бартариҳояш, монанди манобеъи табиии номаҳдуд ва дастнохӯрда, аз ҷумла нафт, газ ва соири аносири ҷадвали Менделеев, ки мумкин аст руқабо ба онҳо ҳасодат кунанд, бо онҳо тафовут дорад. Ин бадон маъност, ки ӯ ҳамчунин фазои бештаре барои манёври иқтисодӣ дорад, дар замоне, ки манобеъи рӯ ба коҳиши ҷаҳон аввалин ҳарфро мезананд.
Муҳим ин аст, ки аз ин фурсатҳо ва бартариҳо бояд оқилона ва мудаббирона истифода шавад.