Чаро Маскав мекӯшад Толибону Покистонро оштӣ кунад?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”

Дар чандин маврид Русия барои миёнҷигарӣ миёни Покистон ва Толибон омодагии худро эълом кардааст. Русҳо аз Афғонистони бесубот дар дохил ва даргирии сатҳи минтақа нигарониҳои ҷиддӣ доранд. Режими Толибон бояд ба Русия ва Чин кафолати ҳифзи вазъи мавҷударо пешниҳод кунад. Агар Толибон вориди буҳрони нав дар сатҳи минтақа шаванд, механизмҳои бесуботсозӣ башиддат фаъол хоҳанд шуд; мавзӯе, ки русҳо ба ҳеҷ ваҷҳ хоҳони он нестанд.

Барои намуна, даргир шудани Толибон бо Покистон сабаб мешавад, ки назорат бар гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Афғонистон ё ҳадди ақал ҷилавгирӣ аз фаъолияти онҳо аз авлавиятҳои асосии Толибон барои ҳифзи вазъи мавҷуда хориҷ шавад. Илова бар ин, муқобила бо Покистон барои Толибон чолишҳои нави дигаре, аз ҷумла қудрат гирифтани ДОИШ-и Хуросонро ба вуҷуд хоҳад овард. Дар сатҳи минтақа низ гурӯҳҳои террористӣ ва шабакаҳои қочоқ аз ин фурсат барои таҳкими пояҳои худ баҳра хоҳанд бурд.

Русия ҳарчанд аз сатҳи ҳамкории Толибон ризояти комил надошт ва пас аз ба расмият шинохтани идораи Толибон интизори ҳамкории густардатар дар мубориза бо ДОИШ, табодули иттилооти амниятӣ ва маҳори ниманизомиёни Осиёи Марказӣ буд, аммо пас аз ташдиди танишҳои Толибон бо Покистон, таваҷҷуҳи Толибон бештар ба идораи буҳрон бо Исломобод маътуф шуд, то таъмини амнияти пойдори режими худ.

Ҳамчунин, афзоиши танишҳо миёни Толибон ва Покистон метавонад заминаи фаъол шудани дигар бозигарони амниятии бархӯрдор аз ҳимояти Ғарбро дар ҷуғрофиёи Афғонистон фароҳам созад. Ин амр ба маънои эҷоди пойгоҳи нави нуфуз барои аҳдофи Ғарб дар Афғонистон аст; чизе, ки Русия онро намехоҳад, зеро Маскав аз муддатҳо пеш аҳдофи дарозмуддати "амрикоизудоӣ" ва "аврупоизудоӣ"-ро аз Афғонистон пайгирӣ мекунад. Русҳо ҳамчунин мекӯшанд аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон ҳамчун як фурсати тиллоӣ барои афзоиши нуфузи худ дар минтақа истифода кунанд.

Толибон бо таъкид бар ривоятҳое чун барқарории назм ва мубориза бо ДОИШ, бахше аз нигарониҳои амниятии Русияро коҳиш додаанд; бо ин ҳол, Маскав ҳанӯз шоҳид ва далелҳои кофӣ барои итминон аз устувории режими Толибон ва фароҳам шудани фазои манёври мутмаин дар ихтиёр надорад.

Бо вуҷуди ин тардидҳо, Русия аз тариқи созукорҳои минтақавӣ монанди "Формати Маскав", нишастҳои амниятии Маскав ва иқдомҳои рамзӣ дар Созмони Ҳамкории Шанхай талош кардааст, то ҳам ҳузури худро дар Афғонистон ҳифз кунад ва ҳам бо миёнҷигарӣ миёни Покистон ва Толибон, қудрат ва нақши минтақавии Созмони Ҳамкории Шанхайро дар баробари Амрико барҷаста созад.

Аз он ҷо ки пас аз хуруҷи Амрико, таомул ва равобити Русия бо Толибон вориди марҳилаи ҳамкории маҳдуд ва контролшуда шудааст, тавоноии Русия дар миёнҷигарии ба мавқеъ барои субот бахшидан ба ин таомул аҳамияти зиёде дорад. Толибон низ мекӯшанд аз нақши Русия барои коҳиши фишорҳои низомии Покистон ва ҷилавгирӣ аз гирифтор шудан дар сенарияи тағйири режим аз тариқи фишорҳои Исломобод баҳра бибаранд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки муҳимтарин ҳадафи амниятии Русия ҷилавгирӣ аз густариши терроризм ба Осиёи Марказӣ мебошад ва Афғонистон метавонад ҳам ба масири интиқоли таҳдид ва ҳам ба садде дар баробари он табдил шавад, субот бахшидани Толибон дар қудрат аз роҳи коҳиши танишҳо миёни ин гурӯҳ ва Покистон яке аз роҳҳои муқобила бо таҳдидҳои нави амниятӣ дар минтақа маҳсуб мешавад.

Ин сиёсат дарвоқеъ талоше барои ҷилавгирӣ аз гушода шудани ҷабҳаи ҷануб аст; ҷабҳае, ки дар канори фарсоиши ношӣ аз ҷанги Украина метавонад ба "пошнаи Ахиллес"-и Русия табдил шавад.

Далели дигари талоши Русия барои эҷоди сулҳ миёни Толибон ва Покистон, пур кардани халоъи ношӣ аз ақибнишинии Ғарб ва ифои нақши қудрати аслии минтақа мебошад. Сулҳ миёни Толибон ва Покистон ҳамчунин метавонад заминаи баҳрабардории бештари Русия аз лоиҳаҳои транзитии Афғонистонро фароҳам созад.

Русия ба хубӣ медонад, ки агар Толибон заиф шаванд, Афғонистон мумкин аст ба пойгоҳи ДОИШ дар минтақа табдил шавад; зеро Маскав Толибонро таҳдиде маҳаллӣ медонад, дар ҳоле ки ДОИШро хатари ҷаҳонӣ талаққӣ мекунад.

Аз ҳамин рӯ, бо вуҷуди парадокси мавҷуд дар рафтор ва амалкарди Маскав ва бо вуҷуди беэътимодии амиқ ба Толибон, Русия миёнҷигарӣ миёни ин гурӯҳ ва Покистонро беҳтарин гузина барои таъмини амнияти худ, ҳифзи вазъи мавҷуд ва эҷоди бистари нақшофаринии бештар дар минтақа медонад.

Русия ҳамчунин аз буҳрони Афғонистон барои заиф кардани нуфузи ҷаҳонии Амрико ва тақвияти назми чандқутбӣ баҳра мебарад. Ҳар боре ки масъалаи Афғонистон, ҳузури Толибон дар қудрат, таҳдиди терроризм ё буҳронҳои амниятии минтақаӣ барҷаста мешавад, Маскав аз нотавонии Амрико дар идораи вазъият ва хуруҷи нокомонаи он кишвар аз Афғонистон истифода бурда, ин вазъро ба абзоре барои осеб расондан ба обрӯ ва нуфузи ҷаҳонии Вашингтон табдил медиҳад.

Дар натиҷа, сиёсати мутазодди кунунии Русия дар қиболи Толибон бар пояи «сабр, назорат ва таомули эҳтиёткорона» устувор аст. Ҳанӯз равшан нест, ки русҳо то куҷо омодаанд ин масирро идома диҳанд. Сиёсати қимори стратегӣ ва саргардонӣ дар бозиҳои тактикӣ метавонад дар дарозмуддат ҳазинаҳои сангине барои Маскав ба ҳамроҳ дошта бошад.

Русия ҳатто то ҷое пеш рафтааст, ки имзои тафоҳумномаҳои низомӣ, содироти маводи сӯхт ва доруӣ ва ҳатто талош барои лағви раводид миёни Маскав ва Кобулро дар дастури кор қарор додааст; сиёсате бисёр драматикӣ, ки ҳатто дар давраи ҳузури Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳокимияти давлати коммунистии мавриди ҳимояти он низ чунин сатҳи наздикӣ миёни ду тараф мушоҳида нашуда буд.

Дар буъди хориҷӣ низ Русия дар сатҳи байналмилалӣ аз ҳокимияти Толибон ҳимоят мекунад, хоҳони озодсозии дороиҳои Афғонистон аст ва амрикоизудоиро дар ҳифз ва бақои Аморати Толибон ҷустуҷӯ мекунад.

Ин сиёсати хатарнок, ҳамзамон фазои рақобатро барои бисёре аз бозигарони минтақаӣ ва фароминтақавӣ дар Афғонистони таҳти назорати Толибон боз нигаҳ дошта ва заминаи тадовуми рақобатҳои геополитикиро дар ин кишвар фароҳам сохтааст.