Вазифаи проекти Толибон дар дарозмуддат эҷоди буҳрон дар Осиёи Миёна бар меҳвари камобӣ мебошад.

Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Ҳайати мушовирони “Сангар”

Пас аз фурӯпошии давлати Иттиҳоди Шӯравӣ, Ғарб барои сайтара бар ҷаҳон на танҳо аз қудрати нарми хеш ба гунаи густурда истифода кард ва аз Югославияи собиқ то режими Саддом Ҳусайнро фурӯ пошонид, балки ҳамзамон роҳкорҳои гуногуну печида аз инжинерии иҷтимоӣ то ҷанги ҳибридӣ ва ҷангшинохтӣ - идрокӣ ва акнун ҳуши маснуъиро ба ҳайси абзори тадовуми сайтара на танҳо бар тамоми ҷаҳон, балки ҳатто шаҳрвандони хеш низ ба кор мебарад.

Дар ҳавзаи инжинерии иҷтимоӣ кофӣ аст аз тағйири ҷинсият ёд кард ва ё ҳам аз эҷоди вирусҳо мутобиқи назарияи “инқилоби чаҳорум”-и Клаус Шваб ва назарияи зиддибашарии Малтус.

Аммо “ҷанги шинохтӣ ё идрокӣ”  (warfare congnitive)-и Ғарб вайронгартарин абзорест, ки ба гунаи хазандае мағзи инсонҳоро шикор мекунад ва ҷангҳои воқеиро ба гунаи номаръӣ сабаб мешавад.

Ин равиш бар асоси теорияи “қурбоқаи оромпаз” сурат мегирад, ки инсонҳо дар оғоз намедонанд чӣ иттифоқ меафтад, вале ба якборагӣ дар васати рӯйдодҳо қарор мегиранд.

Ин ки Толибон як проекти ҷадиди афғонӣ аз маҷмӯи давлатҳои вобаста ба хориҷи афғонҳо ё паштунҳо пас аз 1880-анд, мавзӯест, ки ҳам ман ва ҳам касони дигар дар ин маврид гапҳои зиёд гуфтаем. Аммо проекти Толибон агар аз як сӯ нобудии ҳувиятҳои порсизабонон ва туркзабонон дар ҷуғрофиёе ба номи Афғонистон аст, аз сӯи дигар вазифаи он дар дарозмуддат эҷоди буҳрони жарф дар Осиёи Миёна бар меҳвари камобӣ мебошад.

Бино ба додаҳои гуногун, Толибон барои сохтани канали Қӯштеппа, беш аз ним миллиард доллар ҳимояти молӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дарёфт намуданд, ки ба гунаи беравия каналро бисозанд. Ин канал аз як сӯ ба зарари мардуми ғайриафғон аст, чун ҳадафи он тағйири бофти ҷамъиятӣ ба суди афғонҳои ду сӯи марз мебошад ва аз сӯи дигар барои проекти “Афғонистони бузург” дар ҳоли татбиқ аст. Ва ҳадафи ниҳоии он эҷоди буҳрони обӣ барои Осиёи Миёна дар ним садаи оянда хоҳад буд, ки мунҷар ба бесуботӣ ва ҷангҳои бунёдбарафкан миёни қавмҳое хоҳад шуд, ки садаҳо дар канори ҳам зиндагии сулҳомез бар меҳвари фарҳанги порсӣ доштаанд.

Акнун барномаи эҷоди хезиши афғонҳо ё паштунҳои он сӯи марзи Дюранд ё Покистон рӯи даст аст, ки лабаи дигари он эҷоди давлати Афғонистон ё Паштунстони бузург хоҳад буд. Ин давлат на танҳо таҳдид барои бақои Покистон аст, балки оташи ҷангро дар саросари ҷануб ва маркази Осиё доман хоҳад зад.

Нооромӣ дар ин минтақа ба маънои ҷилавгирӣ аз як суботе хоҳад буд, ки Чин, Русия ва Эрон ба он алоқаманд ҳастанд.

 Аммо сиёсати хориҷии ин се кишвар дар робита ба ҷуғрофияи ҷаълии Афғонистон то кунун хеле содалавҳона ва пур аз иштибоҳ будааст, ки Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар ҷаласаи ахири “Формати Маскав” дар робита ба Толибон баён дошт, Чин ва Эрон низ аз он ҳимоят карданд.

Парокандагии порсиён ва масруф шудан дар тасфияҳои ҳисоби дохилӣ ва набуди як барномаи ҳувиятмеҳвар боис шудааст, ки ҳама муомилаҳо бо намояндаи паштунҳо (афғонҳо), яъне Толибон сурат гирад.

Нобудии порсиён дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон, оғози поёни он назми мутазалзил, ки дар Осиёи Миёна вуҷуд дорад, хоҳад буд!