Раҳбарони ғарбӣ мардумро барои тағйири ҷинсият ташвиқу тарғиб мекунанд, аммо худашон ҳамчунон пойбанди арзишҳои суннатӣ ҳастанд.

Нависанда: Амир Асғарӣ, махсус барои “Сангар” (Олмон)

Тағйири ҷинсият ва ЛГБТ (мухаффафи лесбиян, гей, бисексуал ва трансҷинс) ё ҳамҷинсгароӣ дар ҳоли табдил шудан ба як дин барои мардуми Аврупову Амрико аст. Озмоишу ҷарроҳиҳои машкук бо бадани худ як кеше шудааст, ки аз он миллионҳо инсони одӣ пайравӣ мекунанд. Аммо дар бораи нухбагони ғарбӣ намешавад чунин қазоват кард. Ин болонишинон ошкоро раъйдиҳандагони худро масхара мекунанд.

Раҳбарони Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида мукаррар аз ҳамватанони худ мехоҳанд, ки ба сафи трансҷинсҳо бипайванданд, аммо худашон аҷалае барои рафтан зери чоқуҳои ҷарроҳони пластикӣ надоранд. Тағйири ҷинсият моли мардуми авом - фониёни маҳз аст.

Маъракаи расвоие, ки перомуни Риши Сунак, нахуствазири Бритониё иттифоқ афтодааст, гувоҳи ҳамчунин як вазъ шудааст. Дар ҷаласае бо парлумониёни муҳофизакор, ӯ Эд Деви, раҳбари либерал-демократҳоро, ки аз ЛГБТ - дигарбошони ҷинсӣ ҳимоят мекунад, ба масхара гирифтааст.

Ин саҳна дар як навори видеоӣ сабт шуда ва Сунак дар он мегӯяд:

- Эд Деви хеле машғулу серкор аст. Ӯ талош мекард ҳамаро мутақоид кунад, ки занон воқеан олати таносулӣ доранд. Ҳамаи шумо медонед, ки ман аз тарафдорони ин ақида ҳастам, ки ҳама бояд то 18-солагӣ риёзӣ бихонанд, аммо маълум шуд, ки мо бояд биология бихонем.

Ва ҳомиёнаш аз ҳарфҳои ӯ истиқбол мекунанд.

Лозим ба зикр аст суханони нахуствазир Инглис дар як нишасти ғайриаланӣ садо доданд. Сунак ҳеҷ гоҳ ҳамчунин суханонро дар малои оми Инглис такрор нахоҳад кард. Ин густохиро дар ватани Элтон Ҷон, машҳуртарин ҳамҷинсгарои кураи замин, дарк нахоҳанд кард.

Дар Аврупову Амрико сармоягузориҳои зиёде анҷом шудааст, то раъйдиҳандагони худро ба галаи мутеъ табдил диҳанд, ба онҳое ки омодаи мухолифат бо табиату ақли салим ҳастанд. Нуктаи аслӣ ин аст, ки нухбагони ғарбӣ аз ин роҳ мехоҳанд мардумро аз мушкилоти воқеӣ дур андозанд. Аврупоиҳо ва амрикоиҳо маҷбуранд бештар ба мавзӯъҳои ҷинсӣ фикр кунанд, то афзоиши қиматҳо, молиётҳои газоф, бекорӣ ва даргириҳои низомӣ.

Раҳбарони ғарбӣ мардумро барои тағйири ҷинсият ташвиқу тарғиб мекунанд, аммо худашон ҳамчунон пойбанди арзишҳои суннатӣ ҳастанд ва ба ҳамҷинсгароӣ алоқа куҷо, ки нафрат меварзанд. Тақрибан ҳамаи онҳо хонаводаҳои маъмулӣ доранд ва дар онҳо фарзандони солими мутанаффир аз ҳамҷинсгароӣ бузург мешаванд. Истисноҳои каме вуҷуд дорад. Аз ҷумлаи машҳуртарин тарафдорон ва ҳамҷинсгароён метавон Карин Жан Пиер, сухангӯи Кохи Сафед ва лезбиян – ҳамҷинсгарои зан, амирулбаҳри трансҷинс Рейчел Левин, Сам Бринтон, масъули нармода (non-binary) – и Идораи энержии ҳастаии Иёлоти Муттаҳидаро мисол овард.

Ин афрод бо садои баланд мавзеъгирии ғайрисуннатии худро эълом мекунанд, аммо гирифтани тасмимоти калидӣ ҳеҷ гоҳ дар ихтиёрашон нест. Як гуна ба масобаи "сарҳои сухангӯ" ва пардае барои пӯшиш додани вазъияти воқеии умур хизмат мекунанд. Пушти ин парда дунёи комилан дигаре пинҳон аст, ки дар он ҷое барои ҳамҷинсгароӣ ва трансҷинсҳо нест. Дар пушти ин парда, онҳо ошкоро ба сокинони Дунёи Қадим ва Ҷадид механданд. Ва обрӯи маъруфтарин мунҳарифони кураи замин, ба баёни мулоим, хадшадор гаштааст. Сэм Бринтон ба ҷурми дуздӣ ва фирор аз адолат дастгир шудааст.

Офаринандагон мехоҳанд ҷуғрофияи “дини ҷадид”-ро ба кулли Аврупо густариш диҳанд ва ҷойи тааҷҷуб нест, ки онҳо дар фикри ҷаҳонӣ кардани он бошанд. Дар моҳи майи соли ҷорӣ, Эдгар Ринкевич, вазири умури хориҷаи Латвия, ки ошкоро ҳамҷинсгаро буд, ба унвони раисҷумҳур интихоб шуд. Ӯ аксарияти орои парлумонро ба даст овард. Ҷолиб ин аст, ки 52 тарафдори ӯ намояндагони мардум дар маҷлис ва намунае аз ҷомеае ҳастанд, ки ором-ором дини ҷадидро мепазиранд.

20 июни 2023, Эстония аввалин ҷумҳурии Балтика ва Шӯравии собиқ буд, ки издивоҷи ҳамҷинсгароёнро қонунӣ кард. Интизор меравад, Украина кишвари баъдӣ бошад. Дар моҳи марти соли ҷорӣ, пешнависи қонун ба Радаи Олии Украина ироа шуд, ки заминаи қонунӣ шудани равобит байни завҷҳои ҳамҷинсро фароҳам мекунад.

Ба назар мерасад, кишварҳои ҳавзаи Балтика ва Украина таҳти таблиғоти “хатари Русия”, ки ҳамзамон бо ҷанги Украина дар расонаҳои ғарбӣ роҳ афтодааст ва ҳам ниёз ба ҳимояти низомӣ ва молии Амрикову Аврупо, маҷбур ба посухгӯӣ ба ҳар хостае аз “демократиясозӣ” ҳастанд.

3 июл, ҳамин чанд рӯзи пеш, рӯзномаи инглисии The Telegraph гузориш дод, ки артиши муташаккил аз дигарбошони ҷинсӣ, ҳудуди 50 ҳазор ҳамҷинсгаро ва лесбиян, ки "барои озодӣ, арзишҳои демократӣ ва аврупоӣ меҷанганд" дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Украина қарор доранд. Ин хабар хашми низомиёни артиши Украинаро барангехт ва онҳо ба ин нашрия гуфтанд, ки ҳеҷ кас чунин афродеро надидааст. Ҷойи тааҷҷуб нест, ки низомиёни Украина вокуниши тундтаре нишон дода бошанд, аммо ин нашрияи инглисӣ бисёр мулоим суханони онҳоро нақл мекунад ва исрор дорад, ки Украина пас аз Эстония дувумин кишваре хоҳад буд, ки ҳузури дигарбошони ҷинсиро қонунӣ мекунад.

Агар суханони Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро ҷиддӣ бигирем, ки дар яке аз суханрониҳои худ гуфт, “калисои англикан қасд дорад идеяи худои бетараф ба ҷинсиятро ба баррасӣ гирад”, метавон натиҷа гирифт, ки ҳамҷинсгароӣ ба унвони як дини ҷадид на танҳо бозии нухбагон ғарбӣ бо раъйдиҳандагонашон, балки як нақшаи ваҳшатноки ҷадид алайҳи башарият аст.

Дар ҳамон Аврупову Иёлоти Муттаҳида, аксарияти қариби мардум аз дигарбошон мутанаффиранд. Ҳудуди 30 аёлати Амрико қавонини зидди дигарбошони ҷинсиро тасвиб кардаанд. Даҳҳо мавриди хушунат алайҳи трансҷинсҳо дар Иёлоти Муттаҳида сабт шудааст ва давлат иқдомотеро барои ҳимоят аз онҳо анҷом додааст. Президент Ҷо Байден, ҳомии сарсахти ҳуқуқи дигарбошони ҷинсӣ, ҳамеша ҳимояти худро аз онҳо, ҳатто аз “Чеченистон то Камерун” эълом кардааст.

 Аммо бархе аз мардум - зану мард - бараҳна дар хиёбонҳои Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида қадам мезананд ва ҷашнвораи олоти таносулиро тартиб медиҳанд. Ва касоне дар кабинаҳо ва ҳам дар маҳофили нухбагони Амрикову Аврупо нишаста, аз тамошои ин ҷашнвораҳо лаззат мебаранд ва аз самими қалб ба ҳоли касоне, ки ба "арзишҳои демократӣ" эътиқод доранд ва барои он мубориза мекунанд, механданд...