Вақте Ғарби ҷамъӣ Маскавро муқассири тамоми мушкилоти ҷаҳон медонад ва дар айни ҳол чашми худро бар ҷиноёти Исроил алайҳи Фаластин мебандад...
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Дар шароити ошуфтагии ҷаҳонӣ, бозсозии низоми байналмилалии равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ ба сӯи ҷустуҷӯи қолабҳои чандҷонибаи ҳамкорӣ дар ҳаракат аст. Рушди сареъи кишварҳое, ки қаблан ба унвони кишварҳои дар ҳоли тавсеа табақабандӣ шуда буданд, зарурат ба ҷустуҷӯи системҳои ҷадиди таомул дорад, ки умдатан манофеъи ҳамаи ширкаткунандагонро дар назар мегирад. Ҷаҳон аз муддатҳо қабл дар остонаи ниёз ба эҷоди як низоми равобити чандқутбӣ, барои ҷогузин кардани низоми мансухшудаи якқутбӣ ба раҳбарии ҷаҳони Ғарб қарор дорад.
Вақоеъи солҳои ахир ба мо нишон медиҳад, ки чунин як низоми арзишии такқутбӣ чӣ қадар метавонад зарарнок бошад. Вақте ба фоидаи як кишвар эътилофи кишварҳои дастнишондаи дигар иқдомоти бесобиқаи фишор ва маҳдудиятро алайҳи кишвари дигар рӯи даст мегирад. Вақте Ғарби ҷамъӣ Маскавро муқассири тамоми мушкилоти ҷаҳон медонад ва дар айни ҳол чашми худро бар ҷиноёти Исроил алайҳи Фаластин мебандад. Вақте созмонҳои мӯътабари байнулмилалӣ, чӣ Созмони Милали Муттаҳид бошад ва чӣ Кумитаи байнулмилалии олимпӣ, ки қаблан бетарафии худро нисбат ба тамоми кишварҳо ва мардум эълом карда буданд, ҳоло як сиёсати ошкоро русҳаросиро думбол мекунанд.
Ва ҳоло, таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳон ба иҷлоси БРИКС дар Русия мутамаркиз аст, ки дар октябр дар Қазон ифтитоҳ шуд. Ғарб бо истифода аз мошини қудратманди таблиғотии худ чунин рӯйдоди муҳиммеро барои ҷаҳони дар ҳоли тавсеа бадном мекунад. Як нигоҳи сареъ ба матбуоти инглисизабони ғарбӣ ривоятҳои зайлро ошкор месозад: "Иҷлоси БРИКС плон дорад то дар мавриди эҷоди як назми чандқутбӣ барои ба чолиш кашидани гегемонияи Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб сӯҳбат кунад" (Foreign Policy), "Русия дар ҳоли ҷамъоварии муттаҳидин дар Қазон барои нишон додани ин ки фишори Ғарб кор намекунад” (BBC), “Иҷлоси дар як лаҳза муҳим барои БРИКС баргузор мешавад, ин анҷуман худро ба унвони як вазнаи муқобили Ғарб мебинад. Раҳбарони ҷаҳон дар канори Путин хоҳанд истод" (New York Times), "Талошҳои Ғарб барои мунзавӣ кардани Русия дар ҷараёни дуву ним соли даргирӣ асосан ноком шудааст" (CNN).
Ҳар як аз ин унвонҳо як таассубро алайҳи тамоюли кишварҳои хориҷ аз блоки Ғарб барои ҷустуҷӯи созиш ва эҷоди равобити мутақобили судманд нишон медиҳад ва дар онҳо гегемонияи Ғарб болои тамоми низоми равобити байнулмилалӣ ҳатто зери савол намеравад. Ба мувозоти он, модераторони ғарбӣ бо истифода аз як шабакаи васеъе аз созмонҳои умумии ғайридавлатӣ ва байнулмилалӣ барои беэътибор кардани ҳар гуна ибтикори созмондиҳандагони иҷлос, хабарҳои ҷаълӣ эҷод мекунанд, ки метавонад боиси вокуниши манфӣ дар ҷомеа ва иқдомоти эҳтимолии ғайриқонунӣ шавад.
Дар айни замон намояндагони 36 кишвар дар маросими ифтитоҳияи нишасти БРИКС дар Қазон, ки 22 тан аз онҳо дар болотарин сатҳ, ба иловаи раҳбарии 6 созмон байнулмилалӣ ҳастанд, иштирок карданд.
БРИКС як гурӯҳест, ки 45 фисади тавлиди нохолиси дохилии ҷаҳониро ташкил медиҳад. Иҷлоси ин созмон ба ҳадафи тақвияти бештари асли чандҷонибагароӣ дар умури байнулмилалӣ баргузор мешавад.
Тамоюли бештару бештари кишварҳо барои пайвастан ба БРИКС, ноумедии онҳоро аз назми ҷаҳонии ғарбмеҳвар нишон медиҳад. Давлатҳои Ҷануби Ҷаҳонӣ аз ин рӯ норизоиятии худро аз нақши "гурӯҳи ҳимоявӣ", ки барои роҳҳалҳои тарвиҷшуда аз сӯи Ғарб аз тариқи созмонҳои чандҷониба барои онҳо ихтисос дода шудааст, иброз мекунанд. Ин ба нафъи кишварҳои узви БРИКС аст то як модели мудириятиро ташкил диҳанд, ки дар он тасомим муштарак аз тариқи машвараҳо иттихоз гардад, то як натиҷаи муштарак ба даст ояд.
Ҳоло БРИКС дар ҳақиқат бо формати G7 (Канада, Фаронса, Олмон, Италия, Ҷопон, Бритониёи Кабир ва Иёлоти Муттаҳида) рақобат мекунад ва дар умум дар тавлиди нохолиси дохилии ҷаҳон нисбат ба кишварҳои тавсеаёфтаи иттиҳоди ҳамсоя саҳми бештаре дорад. Илова бар ин, қолабҳои ин анҷуманҳо аз назари сохторӣ ва идеологӣ мустақиман дар тазод ҳастанд. G7 намояндаи кишвари гегемон Иёлоти Муттаҳида ва шаш кишварест, ки асосан бартарии Иёлоти Муттаҳидаро ба расмият мешиносанд ва манофеъи иқтисодиву сиёсии онро таъмин мекунанд.
БРИКС бар асоси асли баробарии мутақобили кишварҳо бо манофеъи миллии худ эҷод шудааст. Бо вуҷуди ин воқеият, ки ҳеҷ рӯёрӯии эъломшудаи мустақим байни блокҳо вуҷуд надорад, кишварҳои G7 талош мекунанд то бо таҳримҳо ва маҳдудиятҳои тиҷорӣ, тавсеаи кишварҳои БРИКСро кунд кунанд. Ин амр мунҷар ба тақсими иқтисоди ҷаҳон ба манотиқи ҷудогона ва ташдиди муборизаи «кишварҳои ғайримунсалик (ҳамроҳнашуда)” мешавад.
Ба навбаи худ, БРИКС талош мекунад то намояндагии бештарро дар сохторҳои мухталифи байнулмилалӣ, монанди Созмони Милали Муттаҳид, Банки ҷаҳонӣ, Сандуқи байнулмилалии пул ва WTO ба даст биоварад. Ин созмон худро ба унвони ислоҳкунандаи равобити байнулмилалӣ ва як проект дар миқёси ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад.