27 октябр дар Исроил чӣ таҳаввулоте хоҳад шуд?
Нависанда: Бахтиёр Хамдамов, таҳлилгар (Тоҷикистон)
27 –уми октябр, исроилиҳо 26 -умин давраи Кенесетро интихоб хоҳанд кард. Ин нахустин интихобот пас аз 7 октябри 2023 ва пас аз ду соли ҷанг дар Ғазза аст; ҷанге, ки ба баровардҳои мухталиф, беш аз 80 ҳазор ҷонро гирифтааст. Оё чизе дар минтақа тағйир хоҳад кард? Оё ин раванд сулҳи ниҳоиро барои Фаластини ҷабрдида наздиктар хоҳад сохт?
САФОРОИИ НЕРУҲО
38 ҳизб дархости ширкат дар интихоботро ироа кардаанд, аммо пешбинӣ мешавад, ки танҳо 11 то 12 ҳизб аз ҳадди нисоби интихоботии 3.25 дарсад убур кунанд. Бозигарони аслии саҳнаи сиёсӣ инҳоанд:
- «Яшар!» (Годи Эйзенкот);
- «Ликуд» (Бенямин Нетаняҳу);
- «Беяхад», иттиҳоди «Бенет 2026» ва «Еш Атид» (Нафтоли Бенет);
- «Исроил хонаи мост» (Овигдор Либерман);
- «Сионизми мазҳабӣ» (Бетсалел Смотрич ва Моше Фейглин);
- «ШАС» (Арйе Дери);
- «Феҳристи муттаҳидаи араб» (Мансур Аббос).
Барои ташкили эътилофи ҳоким ба 61 курсӣ аз маҷмӯи 120 курсии Кнессет ниёз аст. Бар асоси ҷамъбасти натоиҷи назарсанҷиҳо, ҷиноҳи ҳизби Яшар ҳудуди 22-23 курсӣ, Нетаняҳу ҳудуди 18 курсӣ, ва ҳизбҳои араб ҳудуди 13 курсиро ба даст меоранд. Ҳеҷ кадом аз тарафҳо аксариятро надорад ва пештози мушаххасе низ дида намешавад.
ЧӢ КАСЕ БАР КУРСИИ НАХУСТВАЗИРӢ ХОҲАД НИШАСТ?
Се номзад барои ин мақом матраҳ ҳастанд. Бар асоси назарсанҷиҳо Годи Эйзенкот 52 дарсад, Бенямин Нетаняҳу 28 дарсад ва Нафтоли Бенет 16 дарсади раъйҳоро ба даст меоранд.
Нетаняҳу дар ҳоле ба интихобот ворид мешавад, ки додгоҳи байналмилалии кайфарӣ барои ҳабси ӯ ҳукми боздошт содир кардааст. Додгоҳ ӯро ба ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи инсон муттаҳам мекунад: истифода аз гуруснагӣ ба унвони василаи ҷанг, қатл, таъқиб ва дигар аъмоли ғайриинсонӣ. Ҳамзамон, ӯ дар парвандаи фасод низ муттаҳам аст ва муҳокимаи ӯ дар Телавив идома дорад.
Таҳлилгарон се сенарияро матраҳ мекунанд:
1 - Ташкили эътилофе ба раҳбарии Эйзенкот бо мушорикати ҳизбҳои араб (13–14 курсӣ).
2 - Ташкили давлати ваҳдати миллӣ бо навбатдорӣ дар мақоми нахуствазирӣ.
3 - Баргузории интихоботи нав.
55 дарсади исроилиҳо аз ташкили давлати ваҳдати миллӣ ҳимоят мекунанд ва баргузории интихоботи навро гузинаи номатлубтар медонанд.
СЕ РАҲБАР ЧӢ ВАЪДА МЕДИҲАНД ВА МАРДУМ ЧӢ НАЗАР ДОРАНД?
Годи Эйзенкот дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Исроил Ҳайом» гуфт: «Ҳар касе, ки пас аз воқеоти 7 октябр (ҳамлаи Хамас дар рӯзи таҷлили иди Симҳат-Тора ба ҷануби Исроил) дар бораи ду давлат фикр мекунад, дар воқеъ дучори хаёлпардозӣ шудааст». Ӯ ҳам бо ташкили давлати Фаластин ва ҳам бо аннексияи сарзаминҳо мухолиф аст, аммо ҷойгузини воқеие низ пешниҳод намекунад.
Бенямин Нетаняҳу мегӯяд: «Давлати Фаластин вуҷуд нахоҳад дошт». Нетаняҳу чунин давлатеро «пойгоҳе барои нобудии Исроил» мехонад ва хостори назорати комили амниятӣ бар сарзаминҳои воқеъ дар ғарби рӯди Урдун аст.
Нафтоли Бенет мухолифи сарсахти ташкили давлати Фаластин аст ва солҳои тӯлонӣ бар аннексияи минтақаи С-и Каронаи бохтарӣ (соҳили ғарб) таъкид кардааст; минтақае, ки тақрибан 60 дарсади қаламрави ин сарзаминро ташкил медиҳад. Дар ин масъала мавқеи ӯ ҳатто аз Нетаняҳу низ ростгаротар аст.
Танҳо ҳизбҳои муттаҳидаи араб ва ҳизби «Демократҳо»-и Яир Голан аз роҳи ҳалли дудавлатӣ ҳимоят мекунанд. Ҳатто агар онҳо аз ҳадди нисоби интихоботӣ убур кунанд, ба эҳтимоли зиёд наметавонанд бар сиёсати давлатӣ таъсири чашмгире бигузоранд. Ин сиёсат, дар асл, нисбат ба фаластиниҳо назари зиддиинсонӣ дорад.
Аслан ҳеҷ ҳизб ва сиёсатмадор, ки назараш бо ҷомеа ихтилоф дорад, дар интихобот пирӯз буда наметавонад. Дар Исроил низ ҳамин тавр аст. Раҳбарони се феҳристи пурқудрати интихоботӣ дар бораи Фаластин бо “забонҳои мухталиф” сухан мегӯянд, аммо дар як маврид бо электорати худ ҳамназаранд: давлати Фаластин ташкил нахоҳад шуд.
Пас иллат дар кадом як бозиҳои сиёсӣ ва ё мавқеъгирии кишварҳои таъсиргузор нест. Имрӯз мардуми Исроил бо раъй додан ба азҳоби ҷангҷуй дар маҷмуъ идомаи ҷанг ва наслкушро дар Фаластин интихоб карданд, на сулҳро, ки ягона роҳест барои амният ва оромӣ дар минтақа.