Далели барошуфтагии Халилзод аз баргузории нишасти эҳтимолии мухолифони Толибон дар Покистон чист?
Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Матлаби аслӣ: خلیلزاد از چه «"یسوزد"؟
Аз рӯзе, ки расонаҳо хабареро дар мавриди нишасти эҳтимолии шуморе аз чеҳраҳои маданӣ, сиёсӣ ва фаъолони зидди Толибон дар Покистон нашр кардаанд, Халилзод мавозеъи тунду барошуфтаҳолонае дар баробари ин рӯйдоди иттихоз кардааст. Ӯ ибтидо ин нишастро “таҳрикомез” хонд ва сипас унвон кард, ки ин нишаст аз сӯи АйЭсАй созмондеҳӣ шудааст.
Чанд нукта дар бораи нишасти эҳтимолии чеҳраҳои мухолифи Толибон ва далоили барошуфтагии Халилзод қобили тазаккур аст:
1 - Нишасти эҳтимолии Покистон як нишасти муқаддамотӣ аст ва аз бисёре ҷиҳот то он андоза бузургу муҳим нест, ки масалан, Халилзод онро бузургнамоӣ мекунад. Ҳанӯз дар бораи таркиби аъзои ин нишаст, аҳдоф, барномаҳо, натоиҷ ва паёмадҳои он ҳарфу ҳадисҳои зиёде вуҷуд дорад. Бархе аз чеҳраҳо дар таркиби ҳайати иштироккунанда дар ин нишаст ҳузур доранд, ки собиқаи сиёсии хубе надоранд ва ниёту тамъашон аз ин нишаст зери шакку тардид қарор дорад. Аммо нафси баргузори ин нишаст ҳоизи аҳамият аст. Ин аввалин нишаст дар мухолифат бо Толибон дар кишварест, ки аз ҳомиён ва бониёни Толибон ба шумор меравад. Ба ҳамин далел аст, ки хелеҳо бовар намекунанд, Покистон ба ростӣ нишасте дар зиддият бо Толибон баргузор кунад. Бино бар ин, аз назари ин ки ин нишаст метавонад сароғозе барои фасли ҷадиде аз сиёсати минтақаии Покистон дар қиболи Толибон бошад, ҳоизи аҳамият аст. Ба эҳтимоли зиёди покистониҳо ба амд ин нишастро бо таркибе баргузор мекунанд, ки зиёд ҳассосиятбарангез набошад, аммо битавон ба унвони нуқтаи оғози як ҳаракат дар оянда онро иртиқо дод. Покистониҳо ба ҳатм ин нуктаро дар назар доранд, ки баста ба ин ки Толибон чӣ вокунише ба ин нишаст нишон медиҳанд ё дарвоқеъ чӣ қадар онро ҷиддӣ мегиранд ва ҳозир ба тамкин дар баробари хостҳои Покистон мешаванд, дар бораи ояндаи ин нишаст тасмимгирӣ мекунанд. Яъне аз ин манзар ин нишаст бештар ҷанбаи озмоишӣ дорад. Агар Толибон ҷиддӣ бигиранд ва имтиёзҳои мутаваққеъаи Покистонро ба Исломобод бидиҳанд, шояд Покистон зиёд дар бораи инкишофи ин нишаст талош накунад. Аммо ҳар гоҳ Толибон аз канораш ба содагӣ убур кунанд, эҳтимолан Покистон гомҳои ҷиддитар бардорад. Эҳтимолан Халилзод ба Толибон мехоҳад ҳамин паёмро бирасонад, ки ин нишастро ҷиддӣ бигиред.
2 - Гарчи душвор аст, ки бовар кард Покистон алайҳи Толибон корҳои ҷиддӣ анҷом бидиҳад, аммо агар ба тағйири шароит нигоҳ кунем, душвории ин бовар кам мешавад. Сиёсат арсаи озмуну хато аст ва аз таҷрибаи зиста мутаассир аст. Бо он ки Покистон толибони Афғонистонро эҷод кард ва то баргашти дубораашон ба қудрат аз онон ҳимоят кард, аммо дар чаҳор соли ахир Покистон чандон аз самараи кораш дар ҳимоят аз Толибон розӣ набуда ва балки бо мушкилоте мувоҷеҳ шуда, ки Толибон дар нақши омили он дида мешаванд. Афзоиши ноамнӣ дар Покистон бо ҳамалоти толибони Покистон ва Артиши озодибахши Балучистон яке аз ин паёмадҳо будааст. Дар канори ин чаҳор соли таҷриба, таҷрибаи бистсолаи давраи ҷангу гурези Толибон низ ҳовии нукотест, ки равобити Толибон ва Покистонро дучори бадгумонӣ ва беэътимодӣ кардааст.
Покистониҳо дар соли 2001 таҳти фишори давлати Буш ба Толибон пушт карданд ва ҳатто ба Амрико кӯмак карданд, ки режимашонро сарнагун кунад. Мулло Умар, раҳбари Толибон дар Покистон ба шакли мармузе кушта шуд. Бисёре аз фармондеҳони Толибон ба ҳамкории иттилоотии АйЭсАй ҳадаф қарор гирифта ва кушта шуданд. Бисёре аз раҳбарони Толибон як давра дар зиндонҳои Покистон ба унвони террорист гузаронданд. Хатто аз беэътимодие, ки миёни Толибон ва Покистон эҷод шуд, мунҷар ба эҷоди дафтари Қатар дар соли 2011 бо ҳузури толибони норозӣ аз Покистон буд. Яке аз инҳо Мулло Бародар буд, ки аз зиндони Покистон таҳти фишори Амрико берун шуд ва ба Қатар бурда шуд.
Мубтакири ин кор Халилзод буд. Дарвоқеъ Халилзод хост, ки фосила миёни Покистон ва Толибонро чоқ кунад ва ба заъми худаш истиқлоли Толибонро аз Покистон бигирад. Эҷоди дафтари Қатар ба ин маъно буд, ки бояд Покистон нисбат ба ин ки Толибон сад дар сад дар хидмати аҳдофи ин кишвар хоҳад буд, бо шакку тардид нигоҳ кунад. Покистониҳо мутаваҷҷеҳи ин амр шуданд, ки талоше барои дур кардани Толибон аз Покистон вуҷуд дорад. Дарвоқеъ покистониҳо аз ҳамон замон кӯшиш карданд, ки нақши тазъифшудаи худ дар заминаи контроли Толибонро бозёбӣ кунанд, ки то ҳудуде дар ин замина муваффақ шуданд, аммо ғоила поён наёфт. Ҳанӯз касоне дар миёни Толибон ҳастанд, ки таҳти талқиноти Карзаю Халилзод ва…майли дурӣ аз Покистонро доранд ва мехоҳанд ба ин робитаи печидаву гичкунанда поён диҳанд. Аммо аз он ҷо, ки Покистон низ нуфузиҳои қудратманди худро дар миёни Толибон дорад, нерӯҳои рақиб мутаваҷҷеҳи ин нукта ҳастанд ва медонанд, ки ташдиди рақобат мумкин ба фурӯпошии иттиҳоди Толибон мунҷар шавад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин нукот, Халилзод дарвоқеъ ба унвони меъмори фосилаи мудириятшуда миёни Толибону Покистон, худро дар нақши рақиби Покистон медонад ва талош мекунад, ки дар ин замина машваратҳои худро бидиҳад ва дар сурати лузум мустақим вориди амал шуда ва аз ҳадду ҳудуди худ бигузарад ва иқдом ба судури тавсияҳои ахлоқӣ кунад. Он чи Халилзод мехоҳад ин аст, ки дар шигофе, ки ӯ байни Толибон ва Покистон эҷод карда, нерӯи дигаре бидуни иҷоза дохил нашавад. Бавежа ин нерӯ набояд нерӯҳои зидди Толибон аз урдугоҳи Шимол ва муқовиматгарон бошад.
Дарвоқеъ Халилзод мехоҳад, ки инҳисори мудирияти робитаи Толибон ва Покистонро ба даст дошта бошад. Агар хуб мешавад ё хароб бояд таҳти назорат ва контроли Халилзод ин иттифоқ биёфтад. Ба ҳамин ҷиҳат вақте покистониҳо мехоҳанд ҳаракатеро анҷом диҳанд, ки хилофи майлу иродаи Халилзод аст ва заминасози вуруди соири нерӯҳо ба дохили дарзи эҷодшуда миёни Толибон ва Покистон мегардад, Халилзод тамомқад вориди майдон шуда ва ба амру наҳй мепардозад.
3 - Халилзод дар нигаронӣ аз вуруди нерӯҳои мухолифи Толибон дар бозӣ миёни Покистон ва Толибон, матомеъи қавмиро дар назар дорад. Стратегияи Халилзод аз ҳамон аввал ин буда, ки Покистон аз гурӯҳҳои паштунӣ дар Афғонистон барои истиқрори ҳокимияти паштунии муталлақа ҳимоят кунад, аммо ин ҳимоят ба маънои зери бори Покистон рафтани ҳокимияти паштунӣ дар Кобул набошад. Ин кори сахтест. Дарвоқеъ дар ин нигоҳ, Халилзод Покистонро абзоре дар ҷиҳати таҳаққуқи аҳдоф ва идеяҳои қавмии худ дар назар мегирад. Паштунистҳо ҳама ҳамин нигоҳи абзориро дар бораи Покистон доранд. Дар ҳоле, ки Покистон низ айни ҳамин нигоҳро ба гурӯҳҳо ва ҳокимиятҳои паштунӣ дорад. Покистон мехоҳад, ки гурӯҳҳо ва ҳокимиятҳои паштуниро ҳамчун абзоре дар ҷиҳати таҳаққуқи аҳдофи минтақаии худ истифода кунад аммо ин гурӯҳҳо ва ҳукуматҳо набояд дар ҳадде аз тавонмандӣ бирасанд, ки барои Покистон мушкилсоз шаванд. Ҳоло, масалан, ҳокимияти паштунии Толибон барои Покистон дардисарсоз шудааст. Паштунҳои он сӯи хатти Дюранд савдои ташкили давлати мустақилро дар сар доранд ва дар ин кор толибони Афғонистон ва Ҳинд муштаракан ононро ҳимоят мекунанд. Ин кор метавонад мунҷар ба таҷзияи Покистон шавад ва ба ин кишвар хатари тамомияти арзӣ эҷод кунад, ки табъан хатти сурх аст. Покистониҳо медонанд, ки ба тариқи дигаре наметавонанд толибони Афғонистон ва толибони Покистонро аз даъвои мавриди назарашон мунсариф бисозанд.
4 - Барои паштунистҳо ҳамеша мудирияти сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ душвор будааст. Чун нақша ва барномае, ки паштунистҳо дар сар доранд, ҳам барои ақвоми ғайрпаштун таҳдиди нобудӣ ва ҳазфро эҷод мекунад ва ҳам барои Покистон хатари таҷзияро. Ин дарвоқеъ ошкор шудан ва ба бунбаст расидан таноқузест, ки дар нигоҳи абзории ду тараф Покистон ба паштунҳо ва паштунҳо ба Покистон вуҷуд дорад. Таҷрибаи сиёсии садсола дар Афғонистон ба мо мегӯяд, ки паштунҳо ҳазфи сохторҳо ва ҷараёнҳои сиёсии ғайрипаштунро яке аз маъмуриятҳои умда ва асосии худ таъриф карда ва ҳама ҳуккоми паштун дар ҳамин ҷиҳат кор кардаанд. Онон аммо нигарони ин мавзӯъанд, ки ҳазфи ғайрипаштунҳо ва водор кардани онон барои канор гузоштани даъвои қудрат ва заомату мушорикат, аз як тараф бидуни ҳимояти хориҷӣ мумкин нест ва аз сӯи дигар метавонад мӯҷиби суқути ақвоми дигар дар домани хориҷиҳо шавад. Бино бар ин, ҳамеша паштунистҳо аз як сиёсати зикзокӣ истифода кардаанд.
Агар як гом дар ҷиҳати ҳазфу саркӯб бардоштаанд, кӯшиш кардаанд, ки гоме дар ҷиҳати ҳифзи он чи онон ваҳдати миллӣ мехонанд, низ бардоранд. Ҳамон сиёсати “хам-хам рафтани сайёд зи баҳри сайди мурғон”! Халилзод аз ин манзар нигарон аст, ки мабодо ҷараёнҳои сиёсӣ ва низоми ғайрипаштун вориди мароҳиле аз ҳамкорӣ бо Покистон шаванд, ки баргаштнопазир бошад ва битавонад роҳбурди суботсозӣ барои ҳокимияти паштунӣ-толибониро ноком бисозад.
5 - Ҷараёнҳои сиёсии ғайрипаштун то кунун дар ин замина бо оламе аз васвос, бебарномагӣ, тарс, ҷубн, гузаштагароӣ ва эҳсосотгароӣ дар сиёсат будаанд. Ин хасисаҳо дар сиёсати шимолиҳову муқовиматиҳо ва ғайрипаштунҳо дар бистсола давраи ҷумҳурият бисёр зиёнбор буд ва бо гузашти ҳар рӯз ононро аз матн ба ҳошияи сиёсат бурд ва дар ниҳоят майдон ба Толибон холӣ шуд. Ҳатто ҳамакнун низ ҳузури чанд чеҳраи ғайрипаштун дар нишасти ояндаи Покистон аз назари бисёриҳо куфр талаққӣ шуда ва ҳамоқат тавсиф шудааст. Ин талаққӣ ба хасоили фавқуззикри ҷараёни сиёсии Шимол ирҷоъ медиҳад. Агар шуҷоати лозими сиёсӣ бошад ва агар тарҳу барномаи равшан барои он чӣ қарор аст дар оянда анҷом шавад, вуҷуд дошта бошад, ниёзе ба тарсу васвос нест. Табиист, ки Покистон шайёдтарин бозигари минтақаӣ аст, аммо имрӯз ин кишвар дар мавқеияте қарор гирифта, ки маҷоли манёври бештаре дар бозиҳои чандгона надорад. Ин мавқеият бояд дарк гардад. Як ҷараёни бобарнома ва ҳадафманд ҳамон гуна, ки шуҷоати иқдом дар бастани эътилофҳои ҷадиди сиёсиро дорад, ин тавоноиро ҳам метавонад дошта бошад, ки як робитаи ҳамкории пур аз васвосро ба як ҳамкории судовар дар ҷиҳати таҳаққуқи аҳдофи майдонӣ табдил кунад. Ин зарфиятро ҷараёнҳо ва нерӯҳои сиёсии ғайрипаштун дар худ эҷод кунанд. Бо Покистон агар наметавонанд дӯстӣ кунанд, метавонанд ҳамкорие дошта бошанд, ки ба василаи он ҳузури худашон дар сохтори қудрат дар кишварашон бозтъариф ва бозёбӣ шавад. Ин кор номумкин нест. Равобити имрӯзӣ миёни кишварҳо ва гурӯҳҳо бар пояи суду зиён эҷоду истимрор пайдо мекунад.
Одаме мисли Халилзод, ки бо равоншиносӣ ва ҷомеашиносии сиёсӣ ҷараёни Шимол ба хубӣ огоҳ аст, табъан талош мекунад, ки рӯи нуқоте ангушт бигузорад, ки ин ҷараёнро аз анҷоми ҳаракатҳои муфид ва муассири зиддитолибонӣ боз дорад. Ӯ бо баёни ин ки нишасти отии Покистонро АйЭсАй мудирият мекунад, мехоҳад ба азҳони омма ва ҳофизаи ҷамъии мардуми Афғонистон ва ҷараёни Шимол талнигар бизанад, ки сиёсиюни шумо ҷосус ҳастанд. Ин иттиҳом дар ҷараёни Шимол бисёр бад муаррифӣ шудааст. Иддае нохоста ривояти Халилзодро тақвият мекунанд.