Хабари рӯз

Cтратегияи таърихӣ ва ҷоҳталбонаи паштунҳо барои расидан ба қудрати мутлақ дар Афғонистон ва фаротар аз он чист?

Нависанда: Маҳфуз.

Дар тӯли таърих паштунҳо ҳамвора барои дастёбӣ ба ҳокимияти мутлақ ва қабилаӣ дар Афғонистон мубориза кардаанд. Ин мубориза на танҳо дар мақотии мухталиф пинҳон набуда, балки ба вижа дар солҳои ахир ба суръати комилан ошкор дунбол шудааст. Дар муқобил, ақвоми ғайрипаштуни Афғонистон, ба вижа раҳбарони сиёсии онҳо, на танҳо фоқиди барномарезӣ ва стратегияи дарозмуддат барои ҳифзи ҷуғрофия, ҳувият, таърих ва фарҳанги худ будаанд, балки дар бештар маворид, асири муомилоти мақтаӣ барои дастёбӣ ба қудрат, сарват ва ҷойгоҳи сиёсӣ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки паштунҳо бо баҳрагирӣ аз барномаҳои баландмуддат, доктринаҳои панҷоҳсола ва садсолаеро барои таҳқиқи тасаллути мутлақи худ бар Афғонистон ва ҳатто фаротар аз он тарҳрезӣ кардаанд.

 

Нақши доктринаҳои дарозмуддат дар тасаллути паштунҳо 

Стратегияи паштунҳо барои тасаллути мутлақ, бар се меҳвари асосӣ устувор будааст: 

1 - Таҳкими султаи қабилаӣ бар Афғонистон:

Аз гузашта то кунун, ҳукуматҳои паштунӣ ҳамвора бар ҳазфи тадриҷии руқабо ва беасар сохтани соири ақвом мутамаркиз будаанд. Ҳатто дар мақотие, ки чеҳраҳои ғайрипаштун дар сохтори сиёсии Афғонистон ҳузур доштаанд, ин ҳузур сирфан зоҳирӣ ва абзорӣ барои намоиши танаввӯъи қавмӣ будааст;

2 - Истифода аз нерӯҳои ниёбатӣ барои тасбити қудрат:

Паштунҳо, бавижа дар чанд даҳаи ахир, бо истифода аз гурӯҳҳои ниёбатӣ монанди муҷоҳидин, Толибон ва ҳатто ДОИШ, масири ҳокимияти худро ҳамвор сохтаанд. Ин гурӯҳҳо, дар мароҳили мухталиф, абзори дасти сиёсатгузорони паштун будаанд ва замоне, ки яке аз онҳо маъмурияти худро такмил кард, гурӯҳи ҷадиде ҷойгузини он шудааст;

3 - Эҷоди ихтилоф ва харидани раҳбарони ғайрипаштун:

Яке аз тактикаҳои асосии паштунҳо, татмеъ ва харидории раҳбарони ақвоми ғайрипаштун аз тариқи ваъдаҳои молӣ, қудратӣ ва мақомҳои давлатӣ будааст. Ин сиёсат сабаб шуда то раҳбарони ғайрипаштун, ба ҷои тадвини як стратегияи воҳид ва баландмуддат барои ҳифзи ҳувият ва ҳуқуқи худ, бештар ба муомилоти шахсӣ ва кӯтоҳмуддат рӯй оваранд. Дар натиҷа, онҳо ба муҳраҳои беасар дар муодилоти сиёсии Афғонистон табдил шудаанд.

 

Толибон - абзори  калидӣ дар стратегияи тасаллути паштунӣ ба рӯи кор омадани Толибон

Стратегияи паштунҳо ба марҳалаи иҷроии ҷадиде ворид шудааст. Ин гурӯҳ, ки аз оғоз то кунун таҳти ҳимояти мустақими шабакаҳои паштунмеҳвар дар дохилу хориҷ аз Афғонистон буда, дар ҳақиқат василае барои таҳаққуқи ҳамон доктринаи таърихии паштунволӣ аст. Акнун, ки се сол аз ҳокимияти Толибон мегузарад, ба вузӯҳ дида мешавад, ки тафаккури бартариталабии паштун на танҳо дар миёни раҳбарони Толибон, балки дар миёни ақшори мухталифи паштун - таҳсилкардагон, муаллимон, равшанфикрони сохтагӣ ва ҳатто занони паштун - ба як бовари муштарак табдил шудааст. 

 

Фаротар аз Афғонистон - пружаи “Луи Паштунистон”

Яке аз аҳдофи калони ин стратегия, на танҳо таҳкими ҳокимияти паштунӣ дар Афғонистон, балки густариши он ба манотиқи паштуннишини Покистон ва эҷоди “Луи Паштунистон” аст. Дар ин росто, Таҳрики Толибони Покистон (TTP) ба унвони абзоре барои бесуботсозии манотиқи паштуннишини Покистон ва ҷудосозии онҳо аз ин кишвар ба кор гирифта шудааст. Ин манотиқ, ки ҷамъияте дар ҳудуди чиҳил миллион нафарро шомил мешаванд, дар барномаҳои роҳбурдии паштунҳо ба унвони бахше аз қаламрави таърихии онҳо талаққӣ шуда ва талош барои илҳоқи онҳо ба Афғонистон, бахше аз ҳамон доктринаи баландмуддат аст. 

 

Нақши расонаҳо ва паштунҳои ба зоҳир мухолифи Толибон 

Яке аз тактикаҳои муҳим дар иҷрои ин пружа, контрол ва ҳидояти афкори умумӣ аз тариқи расонаҳо аст. Бархе чеҳраҳои паштун, ки дар расонаҳо ба унвони мухолифи Толибон зоҳир мешаванд, дар ҳақиқат нақши тахриб ва инҳирофи афкори умумиро ифо мекунанд. Онҳо мумкин аст дар баҳсҳои расонаӣ, ба зоҳир аз Толибон интиқод кунанд, аммо ин интиқодот сирфан дар сатҳи масоиле, монанди рафторҳои ифротии Толибон матраҳ шуда ва ҳаргиз ба стратегияи калони паштунҳо барои тасаллути мутлақ бар Афғонистон ва эҷоди “Луи Паштунистон” ишорае намешавад.

 

Натиҷагирӣ. Ҳушёрӣ дар баробари як стратегияи решадор

Мумкин аст барномаҳои паштунизм ба далоили гуногун, аз ҷумла таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ, ба таври комил муҳаққақ нашавад, аммо нуктаи муҳим ин аст, ки ин стратегия ҳамвора дар дастури кор буда ва ҳаст. Он чӣ бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад, дарки ин воқеият аст, ки тафаккури паштунизм, на танҳо дар миёни Толибон, балки дар миёни тамоми ақшори паштун - таҳсилкардагон, сиёсиён, равшанфикрон ва ҳатто занони паштун - ба унвони як ормони муштарак пазируфта шудааст. Дар ин миён, набояд фиреби чеҳраҳоеро хӯрд, ки ба зоҳир худро мухолифи Толибон нишон медиҳанд, аммо дар ниҳоят, дар ҳамон масир ҳаракат мекунанд.

Таърих нишон додааст, ки танҳо роҳи муқобила бо чунин стратегияҳои баландмуддат доштани барномарезии дақиқ, эҷоди иттиҳод миёни ақвоми ғайрипаштун ва тадвини як роҳбурди мушаххас барои ҳифзи ҳувият, фарҳанг ва ҳуқуқи тамоми ақвоми Афғонистон аст. Дар ғайри ин сурат, раванди тасаллути тадриҷии паштунҳо бар Афғонистон ва ҳатто густариши нуфузи онҳо ба хориҷ аз марзҳо, ҳамчунон идома хоҳад ёфт.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!