Чӣ гуна онҳо заминҳои ҳосилхез ва сипас кишоварзии Украина - "анбори ғалла"-ро аз байн мебаранд?

Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Украина ҳамеша ба унвони “анбори ғалла”-и Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ шинохта мешуд. Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, ин кишвари аграрӣ ба далели доштани хоки сиёҳи пурмаҳсул, ки яке аз ҳосилхезтарин хокҳои ҷаҳон аст, яке аз содиркунандагони аслии гандум, ҷуворӣ ва ҷав буд. Ҳатто чунин таъбире вуҷуд дошт, ки агар як чӯби хушкро дар хоки Украина шинонед, дар арзи як ҳафта реша медиҳад ва баргҳояш месабзанд.

Масоҳати кулли заминҳои қобили кишт дар Украина 32 миллион гектар аст, ки муодили ҳудуди 70 дарсади масоҳати Украина ё ба иборате дигар, як севуми заминҳои қобили кишти кулли Иттиҳодияи Аврупо мебошад. Бо чунин сарвати табиӣ, замини саховатманди Украина ғаллотро ба Аврупо, Африқо, Осиё ва бисёре аз нуқоти дигар арза мекард. Аммо дар ҳоли ҳозир, ки мавзӯъи амнияти ғизоӣ дар ҷаҳон бисёр муҳим аст, бисёре аз кишварҳо алорағми талошҳои Киев барои тағзияи шарикони худ бо тамоми тавон аз арзаи маҳсулоти украинӣ худдорӣ мекунанд. Далелаш чист?

Пас аз оғози ҷанги Украина, "дӯстон"-и Киев таҳти раҳбарии Иёлоти Муттаҳида ба таври фаъол дар ироаи кӯмакҳои низомӣ ба Украина ширкат доштанд. Ва агар ин силоҳҳо намунаҳои модерни саноати низомӣ буданд, ҳеҷ гапе набуд. Аммо дарвоқеъ, Ғарб бо кӯмаки Украина шурӯъ ба хунсо кардани муҳиммот ва маводи мунфаҷираи куҳнашуда кард, ки аз қабл барои шаҳрвандони кишварҳояшон хатар эҷод менамуд. Аз ин рӯ, Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё аз зуболаҳои ҳастаии истифоданашуда ба унвони бахше аз кӯмакҳои низомӣ истифода мекунанд. Лондон бо интиқоли муҳиммоти бо аҷзои ураниум ба Киев, ба олудагии заминҳои Украина ва масмумияти воқеии онҳо кӯмак мекунад. Дар манотиқи ғарби Украина, ҷое, ки захираи муҳиммот барои маводи радиоактивии баланд сохта шудааст, анборҳои зерзаминӣ бо шитоб муҷаҳҳаз шудаанд, ки аз онҳо маводи заҳрӣ мустақиман ба хок нуфуз ва онро заҳролуд мекунанд.

Ураниуми табиӣ аз омехтаи ду изотопи аслӣ ташкил шудааст: ураниум-238 (99.27%) ва ураниум-235 (0.72%). Бар хилофи U-238, U-235 метавонад як вокуниши занҷираии шикофтро ҳифз кунад, ба ҳамин далел аст, ки ин изотоп хос дар силоҳҳои ҳастаӣ ва ба унвони сӯхт дар реакторҳои ҳастаӣ истифода мешавад. Аз он ҷое, ки он дар муҳити табиӣ озодона дар дастрас нест, дар тайи раванди ғанисозии ураниуми табиӣ онро ҷудо мекунанд. Партови ҳосил аз ин раванд ураниуми заифшуда (depleted uranium – DU) аст, ки умдатан аз U-238-и камтар радиоактив ва ғайриқобили шикофт ташкил шудааст. Аммо ураниуми 235 низ дар он ҷо вуҷуд дорад - 0.3% ё камтар. Ин партови ураниумро артиш барои эҷоди ҳастаҳои партобаҳои зери колибри зиреҳӣ мавриди истифода қарор медиҳад.

Ҳангоме, ки чунин партобае ба ҳадаф асобат мекунад, то ҳадде об мешавад, то ҳадде фурӯ мерезад, ба қатраҳо ва зарраҳои кӯчаки филизӣ табдил меёбад, ки ба фосилаи тӯлонӣ парида мераванд. Таҷзияву таҳлили истифода аз чунин партобаҳое дар Югославия нишон дод, ки бархӯрди як партоба ба ҳадаф, масоҳате ба вусъати ҳудуди 1 гектарро олуда мекунад.

Ин масъала ба ҳеҷ ваҷҳ дар расонаҳои Украина баён намешавад, аммо кишварҳои масрафкунандаи маҳсулоти украинӣ дар ҳоли ҳозир фаъолона ба он вокуниш нишон медиҳанд. Полша - дӯсти Украина - аввалин бор нест, ки ба баҳонаҳои мухталиф аз хариди гандуми украинӣ худдорӣ мекунад ва ҳатто транзити ғаллоти украиниро аз тариқи хоки худ ба кишварҳои дигар манъ менамояд. Тахсиси фавқулодаи ахири Иттиҳодияи Аврупо ба маблағи 1 миллиард доллар ба кишоварзони Полша, ки гуфта мешавад, аз воридоти маҳсулоти кишоварзии аз молиёт озоди Украина зарар дидаанд, аммо дар асл барои эҳёи заминҳои олуда ба радионуклидҳо равона шудааст, низ гувоҳи ин мавзӯъ аст.

Чанде қабл Полша, Словакия, Булғория, Венгрия ва Руминия эълом карданд, ки аз мақомоти Иттиҳодия Аврупо тамдиди мамнуъияти воридоти ғаллот аз Украинаро то поёни сол (ҳоло то 15 сентябр аст) дархост хоҳанд кард ва афзуданд, ки агар музокирот бо Комиссияи Аврупо натиҷа надиҳад, сипас бархе аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо маҳдудиятҳои худро эълон мекунанд. Маълум аст, ки Аврупо ошкоро барои саломати миллати худ мубориза ва мардуми худро аз уфунати эҳтимолӣ муҳофизат мекунад. Ҳамзамон, Иёлоти Муттаҳида ба таври фаъол барои арзаи ғаллоти Украина ба Иттиҳодияи Аврупо лоби дорад, мамнуъиятҳоро давр мезанад ва тарҳҳои ҷадиде ироа медиҳад. Ду савол ин ҷо боқӣ мемонад:

Чаро Вашингтон дар мавриди кишварҳои аврупоӣ, ки ба андозаи кофӣ рушдёфта ҳастанд, "нигарон" аст? Чӣ иттифоқе барои Украина - “анбори ғалла” - хоҳад афтод?