Британия дар ҳоли бозандешии «равобити вижа»-и худ бо Амрико аст

Манбаъ: The Economist (Британия)

Ҳафтод сол пас аз бӯҳрони Суэтс, Ховари Миёна боз замони як бознигарии тоза расидааст.

Сафари Карл III ба Амрико дар таърихи 27 то 30 апрел зоҳиран барои бузургдошти 250-умин солгарди истиқлоли Амрико аз Британия анҷом мешавад. Аммо ин сафар дар ҳоли табдил шудан ба рисолате барои наҷоти «равобити вижа» миёни ду кишвар аст; истилоҳе, ки Уинстон Черчилл дар соли 1946 истифода бурд. Он чӣ дар хатар аст ҷойгоҳи Британия дар ҷаҳон аст: оё бояд ҳамчунон даст ба домони Амрико бошад ё худро ба оғӯши Аврупо андозад?

Подшоҳ бо паёмадҳои расвоии марбут ба Ҷеффри Эпштейн ва иртибототи ин қочоқчии ҷинсӣ бо элитаи бритониёӣ рӯбарӯ аст, аз ҷумла бародари худи ӯ, Эндрю Маунтбеттен-Виндзор, ва низ сафири пешин дар Вашингтон, Питер Манделсон. Масъалаи фавритар ин аст, ки оё ҷозибаи салтанатӣ метавонад аз таниш миёни раҳбарони Британия ва Амрико бикоҳад ё не. Доналд Трамп ба хотири Эрон сабрашро дар баробари Британия аз даст додааст (“Вақте ба онҳо ниёз доштем, ҳузур надоштанд”), ва сэр Кир Стармер аз таърифу тамҷид аз Трамп хаста шудааст (“Ман дар баробари фишори Амрико таслим намешавам”, ҳарфе ки ӯ ин моҳ дар парлумон гуфт).

Ин амиқтарин шикоф миёни муттаҳидон аз замони Бӯҳрони Суэтс аст, замоне, ки Британия, Фаронса ва Исроил ба Миср ҳамла карданд то канали Суэтсро тасарруф карда ва раҳбари миллигарои он, Ҷамол Абдуносирро сарнагун кунанд, аммо фишори Амрико онҳоро маҷбур ба ақибнишинӣ кард. Акнун Амрико дар ҷанг алайҳи Эрон бо Исроил ҳампаймон шудааст; муттаҳидони аврупоӣ ваҳшатзадаанд аммо тавони таваққуфи ин буҳронро надоранд.

Як замон сэр Кир Стармер бо Доналд Трамп канор меомад. Дар дидор дар Кохи Сафед дар феврали 2025, ӯ Трампро барои анҷоми дувумин сафари расмии бесобиқа ба Британия даъват карда буд. Дар моҳи май, онҳо ба созише барои коҳиши тарифҳои шадиди Трамп даст ёфтанд. Нишасти НАТО дар июн низ ба хубӣ баргузор шуд, зеро муттаҳидон аҳд карданд то соли 2035 хароҷоти дифоъиро ба 3.5 дарсади тавлиди нохолиси дохилӣ расонанд ва 1.5 дарсади дигарро низ ба зерсохторҳои марбут ба дифоъ ихтисос диҳанд. Трамп худро наҷотдиҳандаи НАТО муаррифӣ кард. Дар Қалъаи Виндзор дар сентябр, раисиҷумҳур бо шӯру шавқ гуфт: Амрико ва Британия “монанди ду нота дар як аккорд ё ду мисраъ аз як шеър” ҳастанд.

Аммо афсӯс ки он “шеър” аз байн рафт. Трамп аз муқовимати аврупоиҳо дар баробари талоши ӯ барои наздикӣ ба Русия ба бадали Украина ва ҳамчунин аз дархости тозааш барои илҳоқи Гренланд, ки қаламрави Дания аст, нороҳат буд. Ҷанг бо Эрон ин вазъро ба авҷ расонд. Трамп аврупоиҳоро ба хотири маҳдуд кардани истифода аз пойгоҳҳояшон ва имтиноъ аз кумак ба бозкушоии тангаи Ҳурмуз “тарсу” хонд. Британия танҳо ҳадафи хашми ӯ нест, аммо ҳамлаҳои лафзии ӯ ба далели наздикии таърихии ду кишвар таъсири вижа дорад.

Ин робита, ки ҳамеша барои Британия “вижатар” аз Амрико будааст, акнун таҳти фишори нерӯҳои гуногун дар ҳоли аз ҳам гусастан аст. Нақши Британия ба унвони пуле миёни Амрико ва Аврупо, ки ҳатто дар беҳтарин шароит низ мавриди тардид буд, бо Брекзит фурӯ пошидааст. Амрико дар пайи он будааст ки аз Аврупо рӯй баргардонад то Чини дар ҳоли зуҳурро маҳор кунад. Афзун бар ин, Трамп нисбат ба қоидаҳо ва иттиҳодҳое ки барои Британия арзишманд аст, беэътиност. Ҳамчунин, фазои бозтобии онлайни ҷунбиши Make America Great Again Британияро ба унвони кишваре бо ҷурму ҷинояти хушунатомез ва исломгароии густарда тасвир мекунад.

Афкори умумӣ дар Амрико ва Британия низ ба тадриҷ дилсард мешавад. Назарсанҷиҳо нишон медиҳад ки дар оғози қарн, амрикоиҳо ва бритониёиҳо ҳанӯз дидгоҳи мусбате нисбат ба якдигар доштанд, ба тавре ки беш аз 80 дарсади посухдиҳандагон дар ҳар ду кишвар гуфта буданд, ки назари матлубе дар бораи тарафи муқобил доранд (нигоҳ кунед ба намудори 1). Мизони таъйиди Британия дар миёни амрикоиҳо дар панҷ соли гузашта аз 91 дарсад ба 76 дарсад коҳиш ёфтааст. Дидгоҳҳои бритониёиҳо ба таври тадриҷӣ аммо шадидтар коҳиш ёфтааст: акнун танҳо 34 дарсад назари мусбате нисбат ба Амрико доранд. Ҳар ду миллат ба кишварҳои дигаре монанди Дания, Фаронса ва Ҷопон имтиёзи болотар медиҳанд. Ҳамчунин дидгоҳҳои амрикоиҳо ва бритониёиҳо нисбат ба чеҳраҳои барҷастаи ҷомеаи якдигар чандон мусбат нест (нигоҳ кунед ба намудор 2).

Мақомҳои аршади бритониёӣ мегӯянд равобит бо Амрико монанди дарё аст: “дар сатҳ муталотим, аммо дар умқ ором”. Трамп ва сэр Кир Стармер мумкин аст дар ҳамлаҳои лафзӣ ба якдигар суди сиёсӣ бинанд, аммо зердастони онҳо ҳамчунон ба хубӣ бо ҳам кор мекунанд, бавижа дар умури низомӣ ва истихборотӣ. Яке аз мушкилоти Британия ин аст, ки ҷумҳурихоҳон, ки маъмулан аз муттаҳидон дифоъ мекунанд, дар айни ҳол дар қиболи Эрон рӯйкарде тундгароёна доранд ва аз тардидҳои аврупоиҳо норозӣ ҳастанд.

Як интиқоди мудовим марбут ба тазъифи нерӯҳои мусаллаҳи Британия аст. Британия аз боздорандагии ҳастаӣ бархӯрдор аст, ҳарчанд ки ба таври густарда ба кӯмаки Амрико вобаста аст, ва ҳамчунин ду нови ҳавопаймабар, ҷангандаҳои пинҳонкори F-35 Lightning II, зериобиҳои таҳоҷумии ҳастаӣ, нерӯҳои заминии қобили истиқрор, нерӯҳои вижаи сатҳи боло ва мавориди дигарро дар ихтиёр дорад. Аммо воқеият камтар чашмгир аст. Британия дар солҳои 1991 ва 2003 як лашкари зиреҳӣ (ҳудуди 26 то 28 ҳазор нерӯ)-ро ба унвони нерӯи асосӣ дар канори амрикоиҳо алайҳи Ироқ эъзом кард. Имрӯз, ба гуфтаи яке аз афсарони аршад, ки ба таври аланӣ эътироф кардааст, ҳатто эъзоми як типи зиреҳӣ (3 то 5 ҳазор нерӯ) низ барои он душвор хоҳад буд. Ҳамчунин камбуди сомонаҳои падофанди ҳавоӣ ва воҳидҳои тӯпхонаӣ бисёр шадид аст.

Новҳои ҳавопаймабар бо мушкилоте дар меҳварҳои парвонаи худ рӯбарӯ шудаанд ва ҳар ду барои таъмирот аз хизмат хориҷ шудаанд (Трамп ахиран онҳоро дар муқоиса бо новҳои амрикоӣ “бозича” хонд). Британия дар аввали имсол ҳузури доимии дарёии худро дар Халиҷи Форс поён дод ва моҳи гузашта барои эъзоми ҳатто як новшикан ҷиҳати кӯмак ба ҳифзи Қибрис бо мушкил рӯбарӯ шуд. Гумон меравад, ки аз ҳафт новча танҳо ду фарванд ва аз панҷ зериобии таҳҷумии фаъол танҳо як фарванд дар ҳоли истиқрор бошанд. Ҷангандаҳои F-35-и нерӯи ҳавоӣ низ фоқиди таслиҳоти дурбурд, монанди мушакҳои крузии Storm Shadow ҳастанд, ки дар ҷангандаҳои қадимитари Тайфун истифода мешавад.

Афроди мутталеъ таъйин мекунанд, ки нерӯҳои Британия замоне, ки бидуни нерӯҳои амрикоӣ меҷанганд, “урён” ҳастанд, зеро қудрати Амрико бисёре аз заъфҳои Британияро пинҳон кардааст. Онҳо ишора мекунанд, ки барномаҳои хариди силоҳ бо камбуди будҷае дар ҳудуди 28 миллиард фунт (38 миллиард доллар) мувоҷеҳ аст, ҳатто пеш аз он ки талаботи ҷадиди ношӣ аз бозбинии роҳбурди дифоъии соли гузашта (SDR) изофа шавад. Барномаи даҳсолаи сармоягузории дифоӣ, ки пойизи гузашта ваъда дода шуда буд, ҳанӯз мунташир нашудааст, амре, ки Ҷорҷ Робертсон, аз нависандагони ин бозбиниро водоштааст, то аз “ризоятмандии дар ҳоли фурӯпошӣ” интиқод кунад. Ин рӯзҳо, давлати Трамп Исроилро, на Британияро, ба унвони “муттаҳиди улгуӣ”-и Амрико муаррифӣ мекунад.

Ҳамкорӣ дар ҳавзаи истихборотӣ баробартар аст. Дар Украина, Британия нисбат ба Амрико омодагии бештаре барои пазируфтани риск нишон дода ва афсаронеро барои иртибот бо ҳамтоёни украинии худ эъзом кардааст, ки ин амр ба дарки беҳтар аз майдони набард анҷомидааст. Британия бахше аз мушорикати истихборотии “Панҷ чашм” (Five Eyes (бо Амрико, Австралия, Канада ва Навзеландия)) аст. Аммо ин низ мавриди тардид қарор гирифтааст. Британия замоне, ки Амрико шурӯъ ба ғарқ кардани қоиқҳои мазнун ба қочоқи маводи мухаддир бо мушак кард, иштирокгузории иттилоот дар бораи бандҳои маводи мухаддири Амрикои Лотинро мутаваққиф кард. Марк Дубовитс аз Бунёди дифоъ аз демократияҳо (Foundation for Defence of Democracies), ки рӯйкарде тундгароёна дорад, ба таври таҳрикомуз пешниҳод кардааст, ки Амрико бояд “Панҷ чашм”-ро канор бигузорад ва ба ҷойи он паймони ҷадиде бо Исроил, Лаҳистон, Украина, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ эҷод кунад.

Аз ин рӯ, Британия маҷбур шудааст дар дарсҳое, ки аз Бӯҳрони Суэтс гирифта буд, бознигарӣ кунад. Дар ҳоле ки Фаронса ба ин натиҷа расид, ки бояд Амрикои ғайри қобили эътимодро дар як фосила нигоҳ дорад, Британия тасмим гирифт, ки дигар аз Амрико ҷудо нашавад. Барои муддати тӯлонӣ, истидлоли Британия қавитар ба назар мерасид. Аммо акнун ба назар мерасад, ки Фаронса ҳақ аст ва Британия ба таври хатарноке осебпазир шудааст.

Питер Рикеттс, мушовири собиқи амнияти миллӣ, истидлол мекунад, ки Британия бояд бо наздиктар шудан ба кишварҳои аврупоӣ “равобити худро бо Амрико мутаодилтар кунад”. Бархе аз мақомҳо ҳанӯз умедворанд, ҳамон гуна ки пас аз Суэтс рух дод, Амрико дубора ба сӯи дӯсти бритониёии худ бозгардад. Бо ин ҳол, ҳатто ҷонишине, ки нисбат ба Трамп ҳамдардии бештаре дошта бошад, низ аз аврупоиҳо интизор хоҳад дошт, ки бо таваҷҷӯҳ ба гардиши Амрико ба сӯи минтақаи уқёнуси Ором, нақши бисёр бештаре дар дифоъ аз минтақаи уқёнуси Атлантик ифо кунанд.

Владимир Путин ба “суди сулҳ”-и тӯлонимуддати Британия поён дод. Доналд Трамп низ тасаввурот дар бораи ҷойгоҳи вижаи он дар ҷаҳонро тазъиф мекунад. Ӯ аз подшоҳ бо эҳтиром истиқбол мекунад, аммо ба рӯшанӣ нишон додааст, ки Британияро қудрате ба маротиб заифтар мебинад. ■