Амруллоҳ Солеҳ намоди пайванди истихборот ва сиёсат дар Афғонистон аст.


Нависанда: Разманда, таҳлилгар, махсус барои "Сангар"

 

Амруллоҳ Солеҳ аз пуровозатарин ва дар айни ҳол баҳсбарангезтарин чеҳраҳои сиёсӣ ва амниятии Афғонистон ба шумор меравад. Ў аз овони ҷавонӣ ба сиёсат ва мубориза рӯй овард ва ба воситаи алоқамандӣ ва пушткори вежааш дар мақоми як чеҳраи маслакӣ ва корозмудаи амниятӣ ва иттилоотӣ ҷойгоҳашро дар зеҳнияти омма ва нухбагони сиёсӣ тасбит кард.

Корномаи Солеҳ, чӣ дар мақоми раиси амнияти миллӣ ва чӣ дар қомати муовини раёсатиҷумҳурӣ ва сипас раҳбари муқовимат, ҳамвора мавзӯъи таҳлилҳо ва баҳсҳои расонаӣ дар дохилу хориҷ аз кишвар будааст. Ончи беш аз ҳама дар мавриди ӯ барҷаста мешавад, пайванди васиқ миёни таҷрибаҳои амниятӣ ва рӯйкардҳои сиёсии ӯст. Солеҳ бовар дошт, ки дар Афғонистон, амният на танҳо муқаддима, балки асоси сиёсат аст; Ба ҳамин далел борҳо таъкид карда буд, ки сиёсатмдоре, ки фоқиди дид ва таҳлили амниятӣ бошад, наметавонад давоми маънодор дар арсаи қудрат дошта бошад ва на замонате барои муваффақияти сиёсиаш вуҷуд дорад.

Таҷрибаҳои амниятии Амруллоҳ Солеҳ, сиёсатварзии ӯро рангу бӯи иттилоотӣ ва истихборотӣ бахшидааст. Ў бар хилофи бисёре аз сиёсатмдорони афғон, ки дар мавориди ҳассос ба муомила ва созиши пинҳонӣ рӯй меоварданд, бештар бо забони ҳушдор, хатар ва таҳдид сухан гуфтааст. Ба заъми ӯ, Афғонистон саҳнае пур аз таҳдидҳои билфеъл ва билқувва буд ва масъулияти як раҳбари сиёсӣ дар чунин фазое, ҳушдордиҳӣ ва омодасозии афкори умумӣ дар баробари ҳаводиси пешируст. Ҳамин вежагӣ сабаб шуда буд то дар даврони раёсати амнияти миллӣ, вазорати дохила ва ҳатто дар мақоми муовини аввали раёсатиҷумҳурӣ, рӯйкарди амниятиаш бар тасмимҳои сиёсӣ соя биафиканад.

Вежагии боризи Солеҳ нигоҳи ӯ ба Толибон ва Покистон буд. Бар хилофи бисёрие, ки аз даричаи мусолиҳа ва муомила ба Толибон менигариистанд, ӯ ҳамвора ононро таҳдиди амниятӣ таъриф мекард. Баъдҳо манобеъи покистонӣ низ изъон карданд, ки Солеҳ танҳо сиёсатмдори барҷастаи ҷумҳурии пешин буд, ки ҳеҷ гуна робитаи пинҳонӣ бо дастгоҳи амниятии Покистон надошт. Ин мавзеъи мустақил ва бесобиқа, ҷойгоҳи вежае барои ӯ дар миёни ҷомеаи сиёсии Афғонистон рақам зад.

Адабиёти Солеҳ беш аз он ки сиёсӣ ба маънои роиҷ бошад, амниятӣ буд. Ў камтар ба суханвариҳои шиорӣ ё ваъдаҳои мубҳам мепардохт ва бештар ба баёни хатарҳо ва таҳдидҳое таваҷҷуҳ дошт, ки бар асоси дастрасиаш ба иттилоот ҳассос, воқеӣ ва қарибулвуқуъ менамуданд. Аз ҳамин рӯ, мунтақидонаш ӯро сиёсатмдоре медонистанд, ки ба далели беш аз ҳад "амниятӣ будан", пойгоҳи мардумии густурда пайдо накард. Аммо ҳомиёнаш мӯътақиданд ӯ содиқтарин ва шаффофтарин сиёсатмдоре буд, ки таҳдиди Толибонро бепарда фош кард ва ҳозир нашуд барои ҳифзи ҷойгоҳи сиёсӣ, ҳақиқатро фидои созиш кунад.

Чаҳор сол пас аз суқути Кобул, воқеиятҳои айнӣ як ба як таҳлилҳои Солеҳро таъйид кард. Ҳушдорҳои ӯ дар мавриди моҳияти Толибон, фасоди дарунии иморат ва вобастагии ин гурӯҳ ба шабакаҳои террористии минтақа, ҳамагӣ ба воқеият пайваст. Дар ин давра, бар хилофи бисёре аз чеҳраҳои сиёсие, ки дар ҳошияи расонаӣ ғарқ шуданд, Солеҳ мутамаркиз бар як сангар боқӣ монд: ифшогарӣ алайҳи Толибон ва равшангарӣ нисбат ба заъфҳо ва буҳронҳои дарунии ин гурӯҳ.

Ҳамини ҳувияти амниятӣ ва истихборотии ӯ буд, ки пас аз суқути Кобул, вайро ба раҳбари табиии муқовимати мусаллаҳона табдил кард. Солеҳ бо иттико ба шабакаҳои иттилоотии муассир, иқдомоте анҷом дод, ки барои Толибон ва ҳомиёни минтақаияшон шоковар буд. Ў нишон дод, ки дар ҷуғрофияи Афғонистон, марз миёни сиёсат ва амният ба гунае дарҳам танидааст, ки ҷудосозии он тақрибан номумкин аст.

Сарнавишти сиёсии Амруллоҳ Солеҳ собит мекунад, ки дар Афғонистон, сиёсатмдори бидуни тавонои гирдоварӣ, таҳлил ва ҳазми иттилоот, сарнавиште ҷуз вобастагӣ, инфиол ва шикаст надорад. Дар ҳоле ки бисёре дар доми ин чарха гирифтор шуданд, Солеҳ тавонист бо дироят ва пойбандӣ ба усули амниятӣ, роҳе мутафовит бипаймояд ва худро ба унвони намоди пайванди истихборот ва сиёсат дар Афғонистон муаррифӣ кунад.