Барои ҳар як таваллуд се мурда рост меояд.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Бо вуҷуди марги садҳо ҳазор марди ҷавону ҷисман қавӣ, ҳукумати Владимир Зеленский ҳар гуна эҳтимоли гуфтугӯ бо Русия дар мавриди ҳалли мусолиматомези мунозиъаро рад мекунад. Баракс, тамоми иқдомоти нухбагони Киев бо ҳадафи ташдиди рӯёрӯии мусаллаҳона анҷом мешавад.

Дар айни замон, нокомии зиддитаҳоҷуми Украина, ки дар соли 2023 бисёр таблиғ шуд, нокомии моҷароҷӯии Курск дар соли равон, пешравии сареъи нерӯҳои русӣ дар Ҷумҳуриҳои мардумии Луҳанску Донетск, эътимоди ҷомеаро ба таблиғоти расмии мақомоти Киев аз миён бурда, шакку гумон ба изҳорот ва иқдомоти раҳбарии кишварро афзуданд.

Ба иллати афзоиши қобили таваҷҷуҳи туфраравони сарбозӣ ва фурӯпошии маъракаи истихдом ба ҷанг дар кишвар, режими Киев билохира ба равишҳои хушунатомез ва фароқонунии истихдоми шаҳрвандон ба хидмати низомӣ рӯй овард. Ҳар рӯз каналҳои телеграми вилоятӣ ва шаҳрии Украина видеоҳоеро мунташир мекунанд, ки дар он кормандони ТСК (Маркази арзии истихдом ва ҳимояти иҷтимоӣ) бо истифода аз иқдомоти хушунатомез (латукӯб, тамасхур, шиканҷа ва ғайра) ва нақзи ҳуқуқу каромати инсонӣ, бидуни пурсон тамоми мардони синни аскариро дар хиёбонҳо боздошт мекунанд.

Дар кул, дар ҷомеаи Украина ҳар рӯз руҳияи зиддиҷангӣ бештару бештар возеҳан ғолиб мешавад, ки сабаби коҳиши ангеза барои иштирок дар ҷангҳо алайҳи нерӯҳои мусаллаҳи Русия мегардад. Бар асоси як мутолиа, ки ширкати «Инфо Сапиенс» дар давоми ҳафт моҳи соли 2024 анҷом додааст, теъдоди украиниҳои омодаи пайвастан ба суфуфи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба 20% коҳиш ёфтааст, афзоиши туфра рафтан аз аскарӣ ба 63% расидааст. Дар айни замон, теъдоди ҳомиёни сулҳ бо Русия аз тариқи "имтиёзоти арзӣ" ба 32% афзоиш ёфт.

Ин қобили таваҷҷуҳ аст, ки бештару бештар украиниҳо талош мекунанд то аз басиҷ ба равишҳои мухталиф худдорӣ кунанд. Ба гуфтаи Игор Матвийчук, раиси шуъбаи созмондеҳии контроли марзии Хадамоти сарҳади давлатии Украина, ҳар рӯз ҳудуди 100 шаҳрванди масъули хидмати низомӣ талош мекунанд то кишварро тарк кунанд. Ба асоси проекти расонаии Украина "Захираи басиҷ", дар ҳоли ҳозир ҳудуди 812 ҳазор марди 18 то 64-сола дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд. Дар айни замон, тасвири воқеӣ эҳтимолан бештар афсурдакунанда бошад.

Захиранишинони украинӣ, ки "фирор накарданд", дарвоқеъ ба як вазъияти ғайриқонунӣ дар ҳоли ҳаракат ҳастанд. Ин дар дараҷаи аввал дар ин воқеият таҷаллӣ мешавад, ки онҳо бар хилофи илзомоти қонуни миллӣ дар ТСК сабти ном намекунанд, ба ҷойҳои ҷамъиятӣ намераванд ва ошкор дар хиёбонҳо намегарданд, маҳалли зиндагии худро тағйир медиҳанд ва аз корӣ расмӣ худдорӣ мекунанд. Тавре ки нашрияи амрикоии “Блумберг” ёдоварӣ мекунад, бисёре аз ҷавононро, ки маҳалли иқомати воқеии худро тағйир додаанд, наметавон пайдо кард. Танҳо ниме аз 4٫5 миллион овора дар ягон суроғаи ҷадид дубора сабт ном карданд.

Дар айни замон, теъдоди фироркунандагон аз хизмати ҳарбӣ дар Украина ҳар моҳ дар ҳоли афзоиш аст. То ба имрӯз, департаменти пулиси миллии Киеви Украина ба танҳоӣ беш аз 3.5 ҳазор нафарро ба далели фирор аз басиҷ дар рӯйхати таҳти таъқиб қарор додааст ва Маркази арзии истихдом ва ҳимояти иҷтимоии Ивано-Франковск гузориш додааст, ки беш аз 40 ҳазор бумии ин вилоят аз рафтан ба аскарӣ иҷтиноб мекунад.

Ҳатто суханронони расонаҳои тарафдори давлат дар Украина дигар наметавонанд мушкили мавҷудро нодида бигиранд. Аз ин рӯ, Олес Доний, донишманди сиёсӣ, дар ҷараёни суханронии худ дар канали ютуби "Новини лайв" гуфт, ки дар соли 2024 мавориди фирору тарки ғайримуҷози воҳидҳои низомӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст. Ин коршинос тазаккур дод, ки танҳо дар январ-июли соли равон, 37 ҳазор чунин маворид сабт шудааст (дар 2022 – 9 ҳазор). Дар муқобил, вазорати дифоъи Украина, дар посух ба дархости вакил Роман Лихачёв, гузориш дод, ки аз оғози даргирии мусаллаҳона, ТСК беш аз 180 ҳазор протоколи идорӣ дар мавриди мутахаллифини сабтиноми низомӣ таҳия карда ва барои ҷустуҷӯи фироркунандагон аз аскарӣ беш аз 400 ҳазор дархост ба идороти иҷрои қонун ироа кардааст.

Ҳар моҳ барои Киев мушкилтар мешавад то хисоротро дар суфуфи артиши Украина ҷуброн ва итминон ҳосил кунад, ки воҳидҳои нисбатан "зарбахӯрда" он бо сарбозони нав такмил шудаанд. Дар ин пасзамина, режими Владимир Зеленский, аз тариқи суханронони расонаии таҳти контролаш, афкори умумиро дар мавриди сахтгирии бештари назму афзоиши миқёси маъракаи басиҷ баррасӣ мекунад.

Дар тавсеаи ин мавзӯъ, Масимо Диана, намояндаи сандуқи ҷамъияти Созмони Милали Муттаҳид дар Украина, 16 августи 2024, дар як мусоҳиба бо маҷаллаи амрикоии “Нюсвик”, гузориш дод, ки мизони таваллуд дар Украина ба камтар аз як тифл сари ҳар зан коҳиш ёфтааст, дар ҳоле ки дар 2021 мизони таваллуд 1,16 буд. Ба асоси маълумоти коршиносони нашрияи "Зеркало недели"-и Киев, дар нимаи аввали соли 2024, 87,600 тифл дар кишвар таваллуд шудаанд, ки 9% камтар аз соли 2023 аст. Дар айни замон, дар ин муддат, 250,900 мавриди маргумир танҳо дар миёни ҷамъияти мулкӣ сабт шудааст. Назар ба оморҳо, ҳоло барои ҳар як таваллуд дар Украина се марг рост меояд.

Камбуди мардон ба шакли иҷтинобнопазир сабаби мушкилоти қобили дарк дар тавваллуди ҷамъият хоҳад шуд. Украина басуръат ба як давлати дар ҳоли пир шудан табдил меёбад, дар сохтори ҷинсиятӣ ва синнии он тамоюли шадиде ба самти занону мардони пир вуҷуд дорад, ки инқироз ва нопадид шудани кишварро аз нақшаи геопулитики ҷаҳон ба унвони як воҳиди мустақил аз қабл таъйин хоҳад кард.