Сиёсатмадорони “насли дувум” ӯзбекҳои Афғонистонро ба куҷо мебаранд?

Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири “Сангар”

Бархе аз сиёсатмадорони маъруф ба “насли дувум”-и ӯзбекҳои Афғонистон ногаҳон ба тарвиҷи идеяи “Туркистони ҷанубӣ” оғоз кардаанд. Аммо ин идея то чӣ андоза беасос аст ва то чӣ ҳад ӯзбекҳои оддиро дар саросари Афғонистон дар маърази хатар қарор медиҳад?

Мавзӯи “Туркистони ҷанубӣ”, ки аз ҷониби Нақибулло Фоиқ, волии Форёб дар давраи ҷумҳурӣ, матраҳ гардид ва ҳамчунин аз сӯи Сардор Раҳмон Ӯғлӣ, Аҳмад Тайанч ва Бобур Фарҳманд, низ аз мақомоти пешини давраи ҷумҳурӣ, ҳимоят шуд, дар ҷомеаи ҳассоси Афғонистон вокуниши шадиди эҳсосӣ, агар нагӯем шоки воқеӣ, ба вуҷуд овард.

Дарвоқеъ, вақте пуштунҳо сарнавишти як кишвари комилро бар идеяи «Лару Бар» (ду сӯи хатти Дюранд) ё “Паштунистони бузург” аз роҳи иттиҳод бо ҳамтаборони покистонии худ бино мекунанд, вақте ҳазораҳо орзуи “Ҳазористон”-ро дар сар доранд ва тоҷикҳо идеяи “Хуросон”-ро дар канори Афғонистон ё ба ҷойи он матраҳ мекунанд, чаро ӯзбекҳо набояд ҳақ дошта бошанд, ки бар “сарзамини мавъуд”-и худ иддао дошта бошанд?

Мантиқӣ аст? Бале. Онҳо комилан ин ҳақро доранд. Ҳарчанд мумкин аст бераҳмона ба назар расад, ин дақиқан ҳамон вазъияти сиёсӣ — равонӣ, яъне ҳолати яъси умумӣ аст, ки ҳокимияти Толибон ба вуҷуд овардааст.

Бо ин ҳол, пурсишҳое дар бораи макон, замон ва албатта ҷуғрофиёи ба истилоҳ “Туркистони ҷанубӣ” матраҳ мешавад.

“Туркистони ҷанубӣ” бештар аз он ки як тарҳи амалӣ бошад, як корзори расонаии ҳадафманд аст, ки аз ҷониби сервисҳои иттилоотии хориҷӣ, бахусус Туркия, доман зада шудааст. Ин идея дар роҳравҳои MIT (Созмони иттилооти миллии Туркия) шакл гирифт ва тавассути ҳалқаҳои сиёсатмадорони муҳоҷири ӯзбек дар Туркия густариш ёфт. «Туркистони ҷанубӣ» (дар канори Туркистони Шарқӣ ва Туркистони Шимолӣ) орзуи Туркия дар бораи “Туркистони бузург”-ро фаротар аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз густариш медиҳад.

Ҳадафи ин ҳангомаи расонаӣ чист? Додани вазн ва аҳамияти бештар ба нишасти Созмони кишварҳои турк дар вилояти Туркистони Қазоқистон, ки моҳияти ғайрирасмӣ дошт. Худи ин нишаст бо ду рӯйдоди муҳим — сафарҳои таърихии Доналд Трамп (13 то 14 май) ва Владимир Путин (19 то 20 май) ба Чин — ҳамзамон шуд. Зоҳиран, ин мавзӯъ наметавонист бидуни ризоят ва шояд ҳамкории истихбороти Амрико сурат гирифта бошад; оне, ки мехост ба меҳмони он сӯи уқёнус вазни бештар диҳанд — ва ба “императори Сарзамини Миёна” ёдоварӣ кунанд, ки “пошнаи Ахилл”-и ӯ, яъне минтақаи худмухтори Шинҷон Уйғур (Туркистони Шарқӣ), як шашум ё 17 дарсади хоки Чинро ташкил медиҳад.

“Туркистони бузург” низ барои Маскав — рақиби дигари Иёлоти Муттаҳида — ба шиддат номатлуб аст, зеро тақрибан тамоми минтақаҳои марказӣ ва шарқии Русия то уқёнуси Ором дар “нақшаи орзуҳо”-и Эрдуғон ҳамчун “Туркистони шимолӣ” тасвир шудаанд.

“Туркистони ҷанубӣ” - бахши ҷанубии Туркистони бузург - падидае тоза, аммо сунъӣ ва сохтагӣ аст (ки дар асноди таърихӣ вуҷуд надорад) ва ҳеҷ ояндаи хубе барои ӯзбекҳои Афғонистон дар пай надорад. Аҷаб нест, ки сиёсатмадорони ӯзбек дар ин бозии хатарнок рӯи дигар миллатҳои турктабор, бахусус туркманҳои Афғонистон, ки барои намуна беш аз нисфи аҳолии вилояти “ӯзбекӣ”-и Ҷузҷонро ташкил медиҳанд, низ ҳисоб боз карда бошанд. Бо ин ҳол, то кунун ҳеҷ сиёсатмадори шинохташудаи туркман дар бораи ин мавзӯъ изҳори назар накардааст.

Радипои Туркия дар ҷанбаи дигаре низ ошкор аст: ба ҷуз Аҳмад Тайанч, ки ӯро аз афроди наздики маршал Абдуррашид Дӯстум медонанд, ҳеҷ яке аз атрофиёни “раҳбари ӯзбекҳо”, аз ҷумла фарзандонаш, ки гоҳе “шавқи сиёсатбозӣ” мекунанд, дар ин боб сухане нагуфтаанд. Эҳтимолан онҳо дарк мекунанд, ки ин роҳ, роҳи бебозгашт аст ва агар дар нақши ҷудоиталаб зоҳир шаванд, мумкин аст ҳам эътибор ва ҳам ояндаи сиёсии худро дар Афғонистон барбод диҳанд. Фоиқ, Раҳмон Ӯғлӣ ва Фараҳманд низ равобити хубе бо Дӯстум надоранд, аммо ин ба он маъно нест, ки аз диди MIT дур монда бошанд. Ҷолиб он ки дақиқан сервисҳои иттилоотии Туркия раҳбаронеро, ки барои маршал дардисарсоз ҳастанд, низ контрол мекунанд. Аз сӯи дигар, дигар мухолифони Дӯстум — Низомиддин Қайсорӣ ва Аҳмад Ишчӣ — ба ин моҷароҷӯӣ намепайванданд, зеро дар дохили кишвар ё брун аз Туркия боқӣ мондаанд.

Нигоҳи сатҳӣ ва гузаро ба марказҳои қудрати ӯзбекҳои Афғонистон кофист, то ба ин натиҷа бирасем: нахуст, парчамдорони “Туркистони ҷанубӣ” наметавонистанд бо нодида гирифтани воқеиятҳои дохилӣ ва хориҷӣ худро масхара сохта, дарҳои сиёсатро ба рӯи худ бубанданд; дувум, тезиси “Туркистони ҷанубӣ” аз ҷониби сервисҳои иттилоотии Туркия дар даҳони онҳо гузошта шудааст — дақиқан ба ҳамон далелҳое, ки дар боло зикр шуданд.

Акнун ба худи тарҳи “Туркистони бузург” бипардозем, ки Бритониё ҳамон неруе, ки замоне худи “ихвонӣ”-и Эрдуғонро ба қудрат расонд, пушти он қарор дорад. Империяи фаромӯшшуда бори дигар аз тариқи чунин тарҳҳо ба “Бозии бузург” дар Осиёи Марказӣ бозмегардад. Ҷолиб ин ки давлатҳо, аморатҳо, хилофатҳо, ҷумҳуриҳо, аҳзоб ва ҳар он чизе, ки бо унвони “исломӣ” сохта шудааст, маҳсули “тафаккури истихборотии Бритониё” будаанд.

“Туркистони бузург” худ идеяи тоза нест, балки тарҳе фаромӯшшуда ва аз беш аз як қарн пеш аст. Туркияи Эрдуғон бо ҳимояти тарафдорони пантуркизми навин ва истихбороти Бритониё, билофосила пас аз расидан ба қудрат, ин тарҳро дубора рӯи даст гирифт. Беш аз сад сол пеш низ ин тарҳ аз ҷониби Бритониё тавассути ҷавонтуркони ҳизби “Иттиҳод ва тараққӣ” дар Туркия ва аз роҳи дастнишондагони онҳо — пантуркистҳо, ҷадидҳо ва ҷавонбухороиҳо — дар Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин дар минтақаҳои туркзабони Русия ва Қафқоз тарвиҷ мешуд.

Басмачиҳо — “муҷоҳидони озодихоҳ” — артиши “Туркистони бузург” буданд. Олимхон, амири фирории Бухоро, дар соли 1921 Анварпошо, вазири пешини ҷанги Туркия ва “домоди халифаву ҷонишини Паёмбар”-ро ба унвони “фармондеҳи кулли тамоми сипоҳи ислом”, яъне нерӯҳои басмачӣ, мансуб кард. Анварпошо ва дигар аъзои “триумвират”-и Туркия низ орзуи “Туркистони бузург” ва сипас “хилофати исломӣ”-ро дар сар доштанд, аммо ӯ дар кӯҳҳои Тоҷикистон ба дасти як фармондеҳи армании Артиши Сурх кушта шуд. Ӯ яке аз созмондиҳандагони “наслкушии арманҳо” дар Туркия буд.

Акнун равшан мешавад, ки манёврҳои пешини Туркия аз тариқи раҳбарони ҷумҳурии собиқи Афғонистон, аз ҷумла маршал Дӯстум, дар чорчӯби тарҳи “доишисозӣ»-и Афғонистон низ аҳдофи дарозмуддатро дунбол мекард. Эҳтимолан дақиқан ба ҳамин далел Русия, Чин ва Эрон аз Толибон ҳимоят карданд ва маҳз ба ҳамин сабаб ин “меҳвари шарқӣ” ҳаргиз иҷоза нахоҳад дод, ки афсонаи “Туркистони бузург” ба воқеият табдил шавад. Ин ба он маъност, ки сиёсатмадорони “насли дувум”-и ӯзбек, огоҳона ё ноогоҳона, ӯзбекҳои Афғонистонро — ки бино бар иддаои худашон 10 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд — ба коми аждаҳо ва хирс тела медиҳанд.

Дар муқобил, кишварҳои турктабори Осиёи Марказӣ низ ба тарҳи “Туркистони бузург” машкуканд. Чаро?

Кишварҳои Осиёи Марказӣ, Созмони кишварҳои туркро ҳамчун абзоре барои тобеият аз Туркия намебинанд. Онҳо бар якпорчагии иқтисодӣ, тавсеаи масири транзитии “Коридори миёна” ва ҳамкории рақамӣ тамаркуз доранд. Ба вижа, эҷоди масирҳои транзитӣ барои густариши тиҷорат, бахусус содироти манобеи энержӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ, барои онҳо аҳамият дорад. Барои намуна, Қазоқистон ва Озарбойҷон нафт ва гази худро аз тариқи хатти лӯлаи Боку — Тифлис — Ҷайҳон ба Туркия ва аз он ҷо ба Аврупо, Исроил ва ҳатто Иёлоти Муттаҳида содир мекунанд. Ин амр ба онҳо кӯмак мекунад, то хатҳои лӯлаи суннатии убуркунанда аз Русия, рақиби аслияшон дар бозори энержии Аврупоро давр бизананд.

Бо вуҷуди талошҳои Туркия, ҳамаи ин кишварҳо аз як иттиҳоди сиёсӣ, низомӣ ва ҳатто фарҳангӣ хуш нестанд. Барои мисол, ҳеҷ яке аз ин кишварҳо “Ҷумҳурии турки Қибриси шимолӣ”-ро ба расмият намешиносад ва ҳамагӣ аз тамомияти арзии Ҷумҳурии Қибрис ҳимоят мекунанд. Кишварҳои узви Созмони кишварҳои турк ошкоро эълом мекунанд, ки ин созмон набояд ба як эътилофи геополитикӣ ё низомӣ табдил шавад. Ин мавзеъ мантиқӣ аст: Туркия узви НАТО аст, дар ҳоле ки Қирғизистон ва Қазоқистон узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ (ОДКБ) ҳастанд. Туркманистон низ танҳо ба унвони нозир дар Созмони кишварҳои турк ҳузур дорад. Ҷойгоҳи бетарафии доимии ин кишвар, ки аз сӯи Созмони Милал ба расмият шинохта шудааст, иштироки онро дар ҳар гуна блоки низомӣ — сиёсӣ ғайримумкин месозад.

Ислом Каримов, раҳбари пешини Ӯзбекистон, дар нахустин нишасти Созмони кишварҳои турк ҳузур ёфт, аммо пас аз он аз ширкат дар нишастҳои баъдӣ худдорӣ кард. Ӯ танҳо бо эҷоди “бозори воҳиди туркӣ” мувофиқат намуд. Вай пешниҳоди эҷоди конфедератсияи кишварҳои турк ё “Иттиҳодияи туркӣ” дар Осиёи Марказиро, ки дар соли 1992 матраҳ шуда буд, рад кард. Бархе манобеъ иддао мекарданд, ки Ислом Каримови тоҷик, Ӯзбекистонро кишвари сирфан турктабор намедонист, аммо дарвоқеъ ӯ дар паси ин тарҳ аҳдоф ва баландпарвозиҳои густардатари Туркия ва Ғарбро медид; фаротар аз як “ваҳдати бародарона”-и сода, ки қарор буд кишварҳои мустақили Осиёи Марказиро ба ақмор ва муҳраҳое дар рақобат бо Русия ва Чин табдил кунад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ниёзе ба “бародари бузург” надоранд. Қазоқистон кишвари дар ҳоли тавсеа ва бузургтарин кишвари мусулмон аз назари қаламрав бо иқтисоди қудратманд ва рӯ ба рушд аст. Туркманистон ва Қирғизистон низ кишварҳои худкифо ҳастанд ва ҷойгоҳу аҳамияти вижаи худро дар сиёсати ҷаҳонӣ доранд. Афзун бар ин, ҳамсоягӣ, шарокат ва густараи ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия ва Чин — ду абарқудрате, ки ба маротиб муҳимтар аз Туркия ҳастанд — амалан тамоми “орзуҳои туркӣ”-ро нақше бар об мекунад.

Дар заминаи наздикии фарҳангӣ низ муваффақияти чашмгире дида намешавад. Туркия бар алифбои воҳид ва забони муштарак пофишорӣ мекунад; чизе ки ҳеҷ яке аз ин кишварҳо ба он ниёз надоранд, зеро ҳар кадом алифбо ва вижагиҳои миллии худро доранд ва табиист, ки намехоҳанд онҳоро дар чорчӯби “ҳувияти туркӣ” аз даст диҳанд.

Илова бар Русия ва Чин, Эрон низ бо бадгумонӣ ба тарҳҳои туркӣ дар ҳамсоягии худ менигарад. Ҳеҷ кас қасд надорад шимоли Афғонистонро ба ҳавзаи нуфузи Туркия ва Бритониё ва баъдтар, агар бахт ёраш бошад, Иёлоти Муттаҳида вогузор кунад. Покистон ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки дар ин бозӣ дар канори кадом тараф қарор гирад.

Ва дар чунин шароит, сиёсатмадорони ӯзбеки Афғонистон парчаме барафроштаанд, ки мумкин аст ба чӯби дори худашон табдил шавад. Оё ӯзбекҳо, ҳатто дар иттиҳод бо туркманҳо ва ҳазораҳо, хоҳанд тавонист бори ин бозиро бар дӯш бикашанд?

Баҳсҳое, ки пас аз изҳороти сиёсатмадорони ӯзбек, ба вижа дар миёни пуштунҳо ва тоҷикҳо шакл гирифт, нишон медиҳад, ки онҳо низ зоҳиран дар хиради Фоиқ ва дигарон шак оварданд. Дар шимоли Афғонистон, тоҷикҳо аксариятро ташкил медиҳанд (ҳатто 43 дарсади аҳолии вилояти “ӯзбекӣ”-и Форёбро низ шомил мешаванд) ва пуштунҳо низ иҷозаи таҷзияи Афғонистони худро нахоҳанд дод.

Аз ҳамин рӯ як пурсиши комилан мустақим матраҳ мешавад: агар ин ду нерӯ (тақрибан 80 дарсади аҳолии кишвар) муттаҳид шаванд, он гоҳ бар сари ӯзбекҳо чӣ хоҳад омад? Кишварҳои турки минтақа, барои он ки дар “доми Афғонистон” гирифтор нашаванд, ба онҳо кӯмак нахоҳанд кард ва Туркия ва Ғарб низ қодир ба ҳимоят аз онҳо нахоҳанд буд, зеро дар сӯи дигар се қудрати бузург — Русия, Чин ва Эрон — қарор хоҳанд гирифт.

Ин ҳамон масирест, ки “насли дувум”-и сиёсатмадорон барои ӯзбекҳои Афғонистон тарсим кардаанд. Танҳо метавон умедвор буд, ки идеяи “Туркистони ҷанубӣ” дар беҳтарин ҳолат бахше аз тарҳи “Афғонистони федералӣ” шавад; тарҳе, ки намояндаи барҷастаи “насли аввал” — Дӯстум — даҳсолаҳо боз аз он сухан мегӯяд ва ҳоло дар сукути баҳсбарангез фурӯ рафтааст.

Бояд эътироф кард, ки “насли дувум” дар мақтае ҳассос аз бозии бузурги геополитикӣ, “супориш”-и истихбороти хориҷиро бисёр моҳирона иҷро кард; аммо ҳеҷ тазмине вуҷуд надорад, ки Толибон чунин густохиеро бубахшанд.