Терроризме, ки дар зери сояи Амрико дар Афғонистон аз соли 2001 ило 2021 рушд кард ва бузург шуд, дар замони ғиёбати он, чунон пуршоху барг нашуда буд.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика, махсус барои “Сангар”

Бист соли ҳузури Амрико дар Афғонистон таҳти назарияи геополитикии назми навини ҷаҳонӣ, Афғонистонро ба конуни доғи сиёсату ҷанг дар минтақа мубаддал сохт. Ҳузури якшаба ва бо андак муқаддима мабнӣ бар ҳодисаи ёздаҳи сентябри соли 2001 ва хурӯҷи якборагии Амрико аз Афғонистон дар 2021, барҳамзанандаи як назми амниятию геополитикӣ буд, ки Амрико қоиммақоми он шумурда мешуд.

Қудратҳои амниятӣ перомуни Афғонистон монанди ҷануб, шимол, ғарб ва шарқи Осиё ҳар кадом бо дидаи хоссаи амниятӣ ва назми муҷаззои сиёсиву геополитикӣ, бо як назми фурӯафтода аз осмони ғарб ба майдони Афғонистон, ба мухолифат бархостанд. Амрико бист соли тамом ба кишту базри тухми ифротгароӣ ва беқонунӣ дар ҷуғрофияи Афғонистон доман зад ва баъд аз хурӯҷаш, ин кишвари осебпазир, фақир ва беназми сиёсиро дар авҷи рақобати қудратҳои перомунӣ, ба як гурӯҳи террористӣ супурд, то минҳайси лашкари ниёбатии он дар минтақа амал кунад.

Доктринаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар раъси роҳбурди амниятии Амрико барои як даҳаи талвеҳан саркӯбу решакан кардани терроризме буд, ки худ асоси онро гузошта буд. Барои як даҳаи баъдӣ, ин сиёсат ба ақибнишинии токтикӣ аз майдони Афғонистон барои маҷол додан ба терроризме буд, ки қарор буд ҷойгузини Амрико дар минтақа бошад ва назмҳои мавҷуди амниятиву сиёсиро таҳти назорат қарор диҳад.

Ҳоло Амрико дар Афғонистон зоҳиран ҳузур надорад ва Толибон ҳокими мутлақи Афғонистон шудаанд. Паёмади ин ҳокимияти мутлақ барои Толибон, ки дар натиҷаи як ақибнишинии токтикӣ аз ҷониби Амрико сурат гирифта, мубаддал сохтани Афғонистон ба конуни бесуботӣ барои минтақа ва тарвиҷи терроризми навин аст. Ҳамакнун ин кишвар ба маркази терроризм, маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа, конуни парвариши гурӯҳҳои ифротӣ ва террористии мазҳабӣ, маркази бесуботӣ ва беқонунӣ, нуқтаи марказии ҷудоиталабӣ ва эҷоди танишҳои қавмӣ дар минтақа мубаддал шудааст.

АВВАЛ - конуни гарми рақобатҳои қудратҳои бузург ва минтақа, гурӯҳҳои ниёбатӣ: бо ҳузури Амрико дар соли 2001 кишварҳои минтақа ва ҳамсояҳои Афғонистон, ки ба ин ҳузур ҳамкориву заминасозӣ карда буданд ва ҳамзамон бо он бо дарки нияту аҳдофи стратегии Амрико барои ҳузур дар ин ҷуғрофия, ба сарбозгирӣ аз майдони Афғонистон шурӯъ намуданд. Эрон, Покистон, Чин, Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Арабистон, Ҳинд, Қатар, Аморот Муттаҳидаи Арабӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар маҷмӯъ дар як маҷмӯа, бониёни гурӯҳҳои ниёбатӣ дар майдони Афғонистон буданд. Ин гурӯҳҳои ниёбатие, ки ҳам дар сохтори сиёсӣ ва амниятии Афғонистон шарик буданд, қудрат доштанд ва сарвати ҳангуфт ёфта буданд ва ҳам он идда аз гурӯҳҳое, ки дар берун аз ҳукумати таҳти назорати Амрико амалан дар баробари он меҷангиданд, ба бозигарони қудратманд, заминасоз ва нақшофарин мубаддал шуданд.

Аз сӯйи дигар, қудратҳои бузург, минтақа ва ҳамсоя бо истифода аз аҳромҳои фишор ва доштани ин гурӯҳҳои ниёбатӣ ба рақобати хунбор ва хушунатофарини худ идома медоданд. Бист соли тамом ҳазорон афғонистонӣ кушта, маълул ва ё ҳам бехонумон шуданд. Зерсохтҳое, ки дар ҷараёни ҷангҳои солҳои гузашта вайрон шуда буданд, маҷоли бозсозӣ наёфтанд, иқтисоди кишвар вобаста ба кӯмакҳои хориҷӣ, қочоқи мавод ва тиҷорати он равнақи бештар ёфт, афрод ва гурӯҳҳои бештаре қудратмандтар аз қонун ва низоми сиёсии Афғонистон зуҳур карданд.

Дар ин гармогарми рақобати хунин миёни қудратҳои бузург ва минтақа дар майдони Афғонистон, ИМА низ ба ёргирӣ, тақвият ва таҷҳизи гурӯҳҳои ифротӣ дар саросари минтақа пардохт. Ба иборате, дар айни замоне, ки қудратҳои минтақа даргири рақобат бо ҳамдигар буданд, Амрико низ аз қофила ақиб намонд ва тухми ифротгароиро дар замини Афғонистон барои солиёни тӯлонӣ кошт. То маҷоле, ки аз Афғонистон берун шавад, ба тамом даргири буҳронҳои амниятӣ ва ифротгароӣ бошад ва терроризм минҳайси як зилъи ин рақобат боқӣ бимонад. Терроризме, ки дар зери сояи Амрико дар Афғонистон аз соли 2001 ило 2021 рушд кард ва бузург шуд, дар замони ғиёбати он, чунон пуршоху барг нашуда буд.

Пас, маҷмӯи заминасозиҳо нишон медиҳад, ки ҳузур Амрико ба ифротгароӣ ва терроризм, муҳаббати бузурге будааст;

ДУВУМ - қочоқи маводи мухаддир: Афғонистон барои чандин соли мутаволӣ, унвони бузургтарин манбаи тавлид ва қочоқи маводи мухаддир ва манбаи аслии кишти онро аз они худ кардааст. Терроризм минҳайси бозуи аслии равнақбахши тиҷорати маводи мухаддир, заминасози интиқоли он аз Афғонистон ба Эрон, Туркия ва Аврупо ва ҳам аз масири Осиёи Марказӣ ба Федератсияи Русия, Аврупоро мусоид сохта буд. Мизони даромад аз дарки ин тиҷорати пурсуд барои гурӯҳҳои ифротӣ ва мусаллаҳ дар Афғонистон, Амрико ва кишварҳои минтақа, нишондиҳандаи як ҳаҷми сарсомовареро нишон медиҳад. Ин пулро бозигарони дохилӣ барои шӯълавар нигаҳ доштани ҷанг дар майдони Афғонистон, Амрико барои тиҷорати пурсуд ва пардохти ҳазинаи ҳузураш дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя барои пешбурди сиёсатҳои амниятӣ ва ҷангҳои ниёбатии худ мавриди истифода қарор медоданд.

Ба ҳар сурат, Амрико заминасози ин ваҳшату даҳшат дар Афғонистон буд ва дигаронро ба мубодарат ба он ташвиқ мекард;

СЕВУМ - қочоқи аслиҳа: пас аз фурӯпошии давлати пешини Афғонистон ва бозгашти Толибон ба қудрат дар 15 августи соли 2021, Толибон ба захоири бузурги аслиҳаи баҷомонда аз давлати Афғонистон ва неруҳои амрикоӣ даст ёфтанд. Ҳаҷми аслиҳаи ба ҷо гузошташуда барои режими Толибон, болиғ бар ҳафт миллиард доллар аст, ки тавонмандии ҷангӣ ва халқи террору ваҳшати ин гурӯҳро, ки дар табонӣ бо соири гурӯҳҳои террористии ҷаҳонӣ қарор дорад, чанд мартаба бештар сохтааст. Силоҳҳои раҳошудаи амрикоӣ дар Афғонистонро дар бозорҳои манотиқи ноамн харидуфурӯш мекунанд ва тиҷорати аслиҳа низ монанди терроризм дар ҳоли равнақ гирифтан дар ин минтақа аст. Ин тиҷорат бар иловаи такмили барномаи амрикоиҳо мабнӣ бар роҳбурди минтақаии бесуботӣ ва ноамнсозӣ, ба манбаи хуби даромади молӣ низ мубаддал шудааст.

Силоҳҳои амрикоие, ки дар бозорҳои ғайриқонунии аслиҳа дар Афғонистон, Покистон ва бархе кишварҳои дигар муомила мешаванд, иборатанд аз айнаки дид дар шаб, аслиҳаи тактирандозӣ, силоҳҳои таҳоҷумии автоматикӣ ва муҳимоти марбут ба ин силоҳҳо. Аз ин дарк, Толибон ҳам пули ҳангуфт ба даст меоваранд ва ҳам бистаре барои ҳамагонӣ шудани андешаи толибонӣ дар сатҳи минтақа ҳамвор мешавад. Тамоми минтақа бо оташи хушунати террористӣ барафрӯхта хоҳад шуд;

ЧОРУМ - конуни гарми ифротгароӣ ва тарвиҷи терроризм: акнун ба назар мерасад, ки баъд аз ба қудрат расидани Толибон, ин гурӯҳ манбаи илҳом барои тамоми шабакаҳои террористӣ шудааст, ки Толибон барои илҳомбахш кардани пирӯзии худ аслиҳаҳои кӯчакро ба самти ифротгароёни ҳамфикрашон мефиристанд, ба вежа ба ҳамсоягони худ, яъне Таҳрики Толибони Покистони дар манотиқи қабоилии шимолу ғарби Покистон ва ҷудоиталабон дар Балучистони ноором, ки ба манзури ташдиди ҷанг бо давлати Покистон, аз силоҳҳои сохти Амрико барои куштани неруҳои пулис ва сарбозон истифода мекунанд.

Ҳузури дасти кам бист гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон, нишондиҳандаи умқи буҳрон дар ин минтақа аст. Толибон худ Афғонистонро ба конуни гарми ифротгароӣ ва терроризм мубаддал сохтаанд. Аслан ҳузури Толибон дар қудрат, ба ҳамин манзур сурат гирифтааст. Толибон аз лиҳози идеологӣ аз ин гурӯҳҳои террористӣ тағзия мекунанд ва ба лиҳози ҷангӣ дар бист соли гузашта имконоти васееро аз ин гурӯҳҳо, монанди токтикҳои ҷангӣ, машвараҳои амалиётӣ дарёфта кардаанд. Дар зимн, дар бист соли гузашта, ин гурӯҳҳо шона ба шона дар канори Толибон дар баробари нерӯҳои хориҷӣ ва афғонистонӣ ҷангиданд ва ба як қуввати муҳими дорои таҷрибаи азими ҷангӣ ва амалиётӣ шудаанд;

ПАНҶУМ - конуни умдаи тарвиҷи натсионализми қавмӣ ва гурӯҳҳои ҷудоиталаб: чанд моҳ пас аз султаи Толибон бар Афғонистон, силоҳҳои амрикоӣ дар бахшҳои мухталифи Покистону Ҳинд дар дасти шибҳнизомиёне, ки алайҳи давлатҳои ин ду кишвар меҷанганд, дида шуданд. Аксҳое, ки аз ҷангҷуёни Таҳрики Толибони Покистон, Артиши Озодибахши Балучистон ва шибҳнизомиёни фаъол дар Кашмир мунташир шуд, ҳам нишон медиҳад, ки онон низ ба силоҳҳои амрикоии раҳошуда дар Афғонистон даст ёфтаанд. Бар илова, зуҳури дубораи Толибон дар қудрат манбаи илҳоми соири гурӯҳҳои ҷудоиталаб шудаанд, ки имрӯз дар паноҳи Толибон ва ба василаи абзорҳои низомӣ ва хушунатомез, хостори ташкили сарзаминҳои ҷудогона ҳастанд. Уйғурҳо, балучҳо ва соири гурӯҳҳои ҷудоиталаб, пирӯзии Толибонро як натиҷаи умедбахш барои тадовуми мубориза ва ҷангашон медонанд.