Муқовимати пароканда бидуни ҳимояти байнулмилалӣ дар талошҳои ҷангии худ алайҳи Толибон* нокоромад ва маҳкум ба шикаст хоҳад буд

Нависанда: Сидҳант Кишор, South Asia Voices

Баргардон: Фирдавси Низом

Пас аз тасаллути Кобул, ривояти Толибон мабнӣ бар бозгардондани сулҳу субот ба Афғонистон дар ҷабҳаҳои мухталиф бо шикаст мувоҷеҳ шудааст. Афзоиши ҳамалоти Давлати исломии Хуросон (ДОИШ)*, бузургтарин душмани Толибон, ин гурӯҳро бо чолишҳои амниятии ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пас аз шикасти бузург тавассути Толибон дар сентябри соли гузашта, дубора дар ҳоли қувват бахшидан ба худ дар минтақа аст. Ин иттифоқот дар марҳалаи ҳассосе қарор гирифтааст, ҳатто Покистон, танҳо муттаҳиди Толибон дар минтақа, низ ба ин гурӯҳи ҷангӣ пушт кардааст.

Пас аз вақоеъи августи 2021, муқовимат дар баробари Толибон шурӯъ ба шаклгирӣ кард, аммо ин талошҳо ба далели ҳамалоти низомии Толибон ва наздикӣ бо Исломобод, то ҳудуде суръати худро аз даст дод. Бар асоси гузориши Институти мутолеоти ҷанг, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки дар садри феҳристи мубориза бо Толибон дар минтақа қарор дорад, дар канори дигар гурӯҳҳои зидди Толибон, ҳамалоти баҳории хешро роҳандозӣ кардааст. Муқовимат бидуни ҳеҷ ҳимояти хориҷӣ дар саросари вилоёт пароканда аст. Ин масъала боис шуда, ки роҳандозии як қиёми умумӣ ба чолиш кашида шавад. Барои сарнагунии Толибон ниёз аст ин гурӯҳҳо тағйирот ва таомулотро дар стратегияи худ дар майдони ҷанг ба вуҷуд биоваранд.

 

НИГОҲЕ БА ГУЗАШТА

Ин вазъият барои Ҷабҳаи муқовимат таърихи дар ҳол такрор аст. Дар авохири даҳаи 90-и мелодӣ фармондеҳи номдор, Аҳмадшоҳ Масъуд, муқовимат алайҳи Толибонро раҳбарӣ мекард. Имрӯз писараш Аҳмади Масъуд мероси он муқовимати мардумиро бар дӯш гирифта ва ба ҳадафи сарнагунии режими Толибон меҷангад. Панҷшер, сангари қадимаи Масъуд, имрӯз ба пойтахти муқовимати кунунӣ табдил шудааст. Дараи Панҷшер бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти геостратегиаш иҳоташуда тавассути Ҳиндукуш, фоидаҳои тактикии азимеро барои талошҳои ҷанги чирикӣ ба армуғон меовард. Дараи Панҷшер танҳо минтақае буд, ки пас аз суқути Кобул дар баробари таҳоҷуми низомии Толибон истодагӣ кард ва ҳамон тавре, ки дар парлумони Аврупо тасреҳ шуд, ҷанги Толибон барои тасарруфи Панҷшер бо ҳимояти ҳавоии Покистон имконпазир шуд.

Дар ду моҳи гузашта, муқовиматгарон аз ҷабҳаҳои мухталиф дар манотиқи Панҷшер, Парвон, Кописо, Бадахшон, Балх ва Тахор пешрафтҳои чашмгире доштаанд. Танҳо дар Панҷшер, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ 17 пойгоҳ дорад. Дар зимн дар тасарруфи вулусволиҳои калидӣ, аз ҷумла Бозорак, Кӯҳистон, Париён ва Андароб ва Толаву Барфаки вилояти Бағлон муваффақ будаанд. Дар айни замон ҷенерол Самӣ Содот, фармондеҳи қаблии неруҳои вижа ва яке аз ҳомиёни Масъуд, дар талоши ҳамоҳангии имконот барои мубориза бар зидди Толибон низ омодагии худро эълом кардааст.

Зоҳиран Толибон ҳар гуна иқдом ва таҳдид алайҳи режими худро ба наҳве нодида мегиранд, аммо дар воқеъ аз пешрафтҳои кунунии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ҳаросанд ва ин масъала, онҳоро дар мавқеияте қарор медиҳад, ки водор ба гуфтугӯ бо Ҷабҳаи муқовимат шаванд. Инро дар талоши Толибон барои иртибот бо раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар 21 январ дар Теҳрон мебинем. Ҷое, ки ҳайате ба сарпарастии сарпарасти вазорати умури хориҷаи Толибон, Амирхон Муттақӣ, бо аъзои Ҷабҳаи муқовимат мулоқот кард. Ин мулоқотҳо натоиҷи мусбат дар пай надошт. Чун ҳар ду тараф натавонистанд ба натоиҷи дилхоҳи худ даст ёбанд.

 Хилофи даҳаи 1990, замоне, ки муқовимат аз ҳимояти байналмилалии бозигарони аслӣ, монанди Эрон, Ҳинд, Арабистони Саудӣ ва Иёлоти Муттаҳида бархурдор буд, акнун Эрон ба далели нақшаш дар доман задан ба шӯришҳо мавриди интиқод қарор мегирад, дар ҳоле, ки Ҳинд умдатан дар бозии Афғонистон ғоиб аст. ИМА бо андаке ангеза барои таомули минтақаӣ фасли худро дар Афғонистон бастааст. Бо ин сурат муқовимати миллӣ дар ғайбати ҳимояти байналмилалӣ худро дар баробари Толибон мунзавӣ ва ноомода мебинад.

 

НИЁЗИ ФАВРӢ БА ИТТИҲОД

Бидуни ҳимояти байнулмилалӣ, чолиши умдае, ки ин гурӯҳҳо бо он рӯбарӯ ҳастанд, рақобати байнигуруҳӣ аст. Ин рақобати дарунӣ онҳоро аз иҷрои ҳамалоти таҳоҷумӣ боз медорад. Ба ҷуз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ чандин гурӯҳи муқовимати дигар низ талошҳои худро барои ҷанг дар манотиқи таҳти нуфузи худ мутамаркиз кардаанд. Ин гурӯҳҳо ба далели тафовутҳои идеологӣ ва сиёсии худ, ағлабе бо ҳам рақиб ҳастанд, ки дӯрнамои иттиҳодро чолишбарангезтар месозад. Як тасаввури умда ва иштибоҳ дар мавриди ин гурӯҳҳои муқовимат, ин аст, ки онҳо неруҳои зидди паштун ҳастанд, аммо паштунҳое, ки тамоюли зиёде ба муқовимат нишон додаанд, тарокуми бештар доранд. Ин неруҳо ба сурати ҷудогона зарфияти анҷоми ҳамалоти кӯчак дар баробари Толибонро доранд, аммо фоқиди имконоти низомиву молӣ барои роҳандозии як ҳамлаи ҳамаҷонибаи муштараканд.

Ниёз аст бо канор гузоштани ихтилофот ин неруҳо ба чолиши бузургтаре, ки тавассути Толибон эҷод шуда ва Афғонистонро ба марзи фурӯпошии комил расондааст, расидагӣ кунанд. Барои мубориза бо ин таҳдид неруҳои пароканда бояд як Ҷабҳаи муттаҳид ташкил дода, зери як чатр фаъолият кунанд. Амрулло Солеҳ, муовини пешини раисҷумҳури Афғонистон, мегӯяд, ки дар масоили муртабит ба Ҷабҳаи муқовимат, дар ҳоли ройзании наздик бо шарикони минтақа аст. Ахиран Аҳмад Масъуд бо таъйиди изҳороти Солеҳ хостори эҷоди Шӯрои олии муқовимати миллӣ бо ҳадаф қарор додани ҳама гурӯҳҳои мусаллаҳ таҳти як чатри воҳид шуд. Дар кулл, ин гурӯҳҳо зарфияти муқобила дар баробари Толибонро доранд ва метавонанд гурӯҳи шибҳинизомии Толибонро маҷбур ба бозбинӣ дар эҷоди як давлати интиқолӣ кунанд.

 

БАҲРАБАРДОРӢ АЗ ХАТОҲО

Толибон дар талош барои касби машрӯъияти байналмилалӣ ҳастанд. Дар ҳамин замон қавонини сахтгиронаи ин гурӯҳ бар ғайрнизомиён, ба вижа саркӯби занон, дар ҳоли бештар шудан аст ва ҳеҷ нишонае аз нармиши онҳо дида намешавад. Ин дар ҳоле аст, ки ин мавзӯъ эътирозоти шадидеро дар ҷомеаи байналмилалӣ барангехтааст ва ҳатто наздиктарин шарикони Толибон низ сиёсатҳои онҳоро маҳкум мекунанд. Кобинаи Толибон танҳо муташаккил аз аъзои вафодор ба худашон, рӯҳониёни динӣ ва аъзои тундрави Шабакаи Ҳаққонӣ аст ва ҳеҷ намояндае хориҷ аз ин маҷмӯаро шомил намешавад. Доктор Ориён Шарифӣ, раиси пешини арзёбии таҳдидоти Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, дар ин маврид чунин изҳор назар кардааст: “Толибон бояд оқилона амал кунанд то аз рӯёрӯии оянда бо муқовимати мусаллаҳ иҷтиноб кунанд. Барои анҷом ин кор, онҳо бояд як давлати интиқолии муташаккил аз аъзои хориҷ аз гурӯҳи худишонро дар назар гиранд”.

Тақвияти афкори омма бар зидди толиб метавонад чашмандози бузурге барои ҷазби ҳомиён ва кодрҳо ҷиҳати тағйири ҷойгоҳи ҷабҳа ба унвони як неруи аслӣ барои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ маҳсуб шавад. Аз назари стратегӣ, Толибон дар соли гузашта дар амалиёти низомии худ барои тасарруфи Афғонистон як ҷабҳаи воҳидро ташкил доданд, аммо мавзӯъи аслӣ ин аст, ки Толибон якпорча нестанд. Ибтикори раҳбарӣ дар миёни Толибонро шӯроҳои мухталиф бар ӯҳда доранд. Касоне умури идориро бар уҳда гирифтаанд, ки аксаран аз қишри радикали Толибон ва бидуни доштани ҳеҷ навъ таҷрибаи идорӣ ҳастанд. Ин шикофҳои дохилӣ метавонад фурсати хубе ба вуҷуд биоварад, то Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз он ба унвони аҳроми сиёсӣ ба нафъи худ истифода кунад. Дастёбӣ ба ин ҳадаф, як зарбаи бузург бар ҷангҷӯёни вафодор ба Толибон маҳсуб мешавад, то аз раҳбарони худ рӯ гаштонда ва дар ниҳоят онҳоро аз кадри аслӣ ҷудо кунанд.

 

ПАЁМАДҲОИ ОЯНДА

Як муқовимати пароканда бидуни ҳимояти байналмилалӣ, дар ҷанг алайҳи Толибон нокоромад ва маҳкум ба шикаст хоҳад буд. Ба далели татбиқи сиёсатҳои ифротии Толибон ва нотавонии онҳо дар идораи Афғонистон, шарикони минтақаии ин гурӯҳ, аз ҷумла Русия ва Чин барои ҳифзу давоми мушорикати худ бо мушкил мувоҷеҳанд. Агар ин кишварҳо тарафи худро иваз карда ва муттаҳидонро ба душман табдил кунанд, набояд тааҷҷуб кард. Онҳо мумкин аст эҳсос кунанд, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ зарфияти бештар ва таҷрибаи идории беҳтар барои таъмини манофеъашон бо маҳоратҳои идорӣ ва таҷрибаи кор дар идораи Афғонистонро доранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Ҳинд муддатҳо аст дар миёни раҳбарони муқовимат аз маҳбубияти зиёде бархурдор будааст, интизор меравад дар рӯзҳои оянда музокироти ғайримунтазира ба ибтикори Деҳлии нав сурат бигирад. Тамоюл ва ангезаи ИМА ва Ғарб барои мудохилаи муҷаддади низомӣ дар Афғонистон, сифр аст. Дар ҳоли ҳозир барои Ғарб муҳим аст, ки вазъияти Афғонистонро аз наздик зери назар дошта ва хатаротеро, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мутаваҷҷеҳи Толибон месозад, аз роҳи дур назорат ва сиёсатҳои худ дар қиболи Афғонистонро мутобиқи он танзим кунад.

 Инро фақат замон нишон хоҳад дод, ки ин ҷарақаҳои пароканда ва порча-порча оташи як ҷанги тамомайёрро рақам бизанад. Оташе, ки мунҷар ба бурузи як ҷанги дохилӣ шуда ва бадбахтии афғонҳое, ки акнун аз панҷ даҳаи ҷанг хастаандро бештар кунад.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.