Ишора: Манобеъи “Сангар” дар Русия сафари Аҳмади Масъуд ба ин кишвар ва мулоқоташ бо ҳайате таҳти раҳбарии Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Толибонро таъйид карданд. Аммо суоли аслӣ ин аст, ки оё дар сиёсатҳои бузурги минтақа чӣ иттифоқоте дар ҷараён аст ва сарнавишти Ҷабҳаи муқовимат ба куҷо хоҳад кашид?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, таҳлилгар

Фаъол шудани дастгоҳҳои истихборотии кишварҳои ҳамсояву минтақа ва ҳамоҳангии он бо дипломатияи фаъол дар сатҳи минтақа, нишон медиҳад, чизҳое дар зери пӯсти таҳаввулоти сиёсӣ ва амниятӣ, дар ҷараён аст.

Чин, Русия ва Эрон, бар хилофи гузашта, дар фикри чорасанҷиҳои ҷадиде дар хусуси шароити Афғонистон ҳастанд. Эҷоди каналҳои иртиботӣ бо шохаҳои ҷудо аз Шабакаи Ҳаққонӣ ва раҳбарони муқовимат, ҳамзамон аст бо пешрафти вазъият ҷадид дар Афғонистон.

Гуфтаҳое вуҷуд дорад, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва аз ҷониби Толибон ҳайати босалоҳияте дар Маскав дидорҳое доштаанд.

Меҳвари ин баҳсҳо, ояндаи Афғонистон ва чигунагии як ҷӯромад унвон шудааст.

Агар ин мавзӯъ ҳақиқат дошта бошад ва Русия бо тағйири рӯйкарди гузаштааш, талош кунад то миёни ҳавзаи муқовимат ва Толибон, ҷӯромад кунад ва навъе аз тафоҳумро ба вуҷуд биоварад; Яъне ба мафҳуми ҳузури Русия дар Афғонистон аст, ки ба маънои ом, тақобул бо Америка ва соири кишварҳоро ифода медиҳад.

Русҳо нигарониҳое аз бобати густариш ва инкишофи проекти ДОИШ дар Афғонистон доранд.

Фаҳми мутаориф ин аст, ки ДОИШ дар Афғонистон вуҷуд надорад ва он чӣ бузургнамоӣ мешавад, натиҷаи ихтилофҳои Толибон ва то ҳудуде имтиёзгирии ин гурӯҳ аз кишварҳои бузург ва минтақа аст.

Аммо ҳоло қазия таври дигаре созмондеҳӣ шудааст. Дар ин муддат, талошҳое шуда ва сармоягузориҳои ҳангуфте рӯйи он сурат гирифта то ин бор, кори ҳавзаи Шонгҳой, яксара шавад. Ҳавзаи Шонгҳой, ҳадафи аслии ин даври бозиҳо аст ва талош сурат мегирад, то бо тактикҳо ва роҳҳои ҷадид, корро яксара кунанд.

Ҳамзамон бо он, дилсардии минтақа ва кишварҳои қудратманде монанди Чин, Русия ва Эрон аз Толибон, боис шуда то дипломатияи минтақаӣ бештар фаъол шавад ва роҳҳои ҷадидеро барои муқобила бо вазъияти ҷадид, пайдо кунад. Бо ин ҳол, Амрико низ перомуни минтақа фаъол шуда ва бо эҷоди каналҳои махфии истихборотӣ, Толибонро дар контрол меоварад.

Мулоқотҳои мутааддиди мақомоти СиАйЭй бо истихбороти Толибон ва бо подармиёнии АйЭсАй, боис шуда то равобити Толибон бо Амрико, гарм шавад ва ҳадсу гумонҳое низ дар ин хусус вуҷуд дорад, ки мумкин, Шабакаи Ҳаққонӣ, ки сукони асли қудратро дар даст дорад, муҷрӣ ва ҳомии аслии ин барномаи стратегӣ бошад. Аз сӯи дигар, шохаи Қандаҳориҳо ва дафтари Қатар, талош мекунанд ҷойи пойе барои худ ҷустуҷӯ кунанд. Дар ин меҳвар русҳо бештар фаъол ҳастанд ва дар як ҳамоҳангии наздик бо эрониҳо ва чиниҳо, талош мекунанд то пӯёии вазъияти амниятӣ ва сиёсиро ба нафъи худ, мудирият кунанд.

Аз сӯи дигар, ду кишвари аввалӣ бо ҳифзи равобит бо Ҷабҳаи муқовимат, талош мекунанд то ҷабҳаи ҷадидеро дар баробари ин проекти бузург созмондеҳӣ кунанд. Зеро ба заъми онҳо, бадили як назми толибонӣ, як сохтори эътилофӣ, машмули толибони қандаҳорӣ ва ҷудо аз Шабакаи Ҳаққонӣ ва Ҷабҳаи муқовимат аст, ки метавонад вазъиятро ило расидан ба ҳолати матлуб, мудирият кунад.

Аммо вазифаи ҳавзаи муқовимат чист ва чӣ тавр метавон аз ин вазъият ва фурсати пеш омада, истифода кард?

Ибтидо бояд қишри сиёсиву дипломатӣ ва ҳастаҳои марбути он, дар як таомули фаъол ва созанда бо кишварҳои мутазаккира, қарор гирифта ва ҷузи ин раванд шаванд. Агар кори дипломатӣ ҳамзамон бо разм дар майдони ҷанг пеш биравад ва ҳамоҳангӣ дошта бошад, метавон ба тағйири вазъияти ҷадид, умедвор буд. Агар лобигарии мавҷуд ба нафъи Ҷабҳа муқовимат, дар масири дуруст истиқомат дода шавад ва таваҷҷуҳро ҷалб кунад, нишастҳои баъдӣ рӯи ташкили як ҷабҳаи қавӣ хоҳад буд, ки битавонад дар баробари проекти террористсозии амрикоӣ, боистад ва монеаеро халқ кунад.

Зеро кишварҳои минтақа ва ҳамсояҳои Афғонистон, дарк кардаанд, ки вазъияти феълӣ ва тадовуми вазъияти мавҷуд ба нафъи амният ва суботи минтақа нест ва режими феълии толибонӣ, заминасоз бар барномаҳои террористии меҳварӣ дар минтақа хоҳад буд, ки метавонад амнияти кулли минтақаро бо хатар мувоҷиҳ созад. Бино талош мешавад то ибтикорҳои ҷадиде дар хусуси фаъолсозии нерӯҳое, ки битавонанд бар зидди терроризм ниҳодина шуда, дар Афғонистон муқобила кунанд, ба шиддат ҷараён дорад. Чин, Русия ва Эрон, наметавонанд бипазиранд, ки проектҳое барои нобуди худашон ва мухтал шудани амнияти кулли минтақа, ба воситаи як режими тундрави мазҳабӣ дар зери занахашон, иҷроӣ шавад.

Чун дарки ом ин аст, ки ДОИШ-и феълӣ аз даруни Толибон ва дар натиҷаи як созиш, берун омада ва дар ҳоли таквин аст. Бозии ҷадид дар меҳвари ДОИШ, ба ҳадафи тахриби амнияти минтақаӣ ва эҷоди чолишҳои мутааддиди амниятӣ барои кишварҳои перомунӣ ва эҷоди як давлати пӯшолии заминасоз, ки вазифаи он, танҳо ҳимоят ва фароҳамсозии заминаҳои ҳимояти лужистикӣ барои ин проект аст, хоҳад буд.

Ин давлати пӯшолӣ агар тағйири шакл бидиҳад ва каме бо меъёрҳои ғарбӣ, сари созиш пайдо кунад, ба зудӣ ба расмият шинохта хоҳад шуд ва мушкили он аз дарки нигарониҳои суқут, марфӯъ хоҳад шуд. Аммо тарафи дигари қазия, яъне русҳо бо дарки ин барнома ва санҷишҳои мавҷуд дар замина, талош доранд то аз бурузи ҳар хел мушкили амниятӣ дар сарҳадоти ҷанубии худ, ки шомили қаламрави Осиёи Марказӣ мешавад, ҷилавгирӣ ва пешгирӣ карда ва вазъиятро ба нафъи худ тағйир диҳанд. Ҳадафи умдаи русҳо ҳифзи ҷанг ва мубориза берун аз ин ҳавза аст ва Афғонистон барои чунин марҳалае мадди назар гирифта шудааст.

Фаротар аз он, ҳифзи сатҳи амнияти мавҷуд, ситр ва муҳофизат аз сарҳадоти ҷанубӣ ва эҷоди деворе барои муқобила бо чолишҳои террористӣ ва тундравӣ, пешгирӣ аз нуфузи бештари гурӯҳҳои ифротгаро ба даруни Осиёи Марказӣ мебошад. Ин санҷиш дар натиҷаи таҷаммӯъи гурӯҳҳои террористии чандмиллиятӣ ва эҷоди муфризаҳои амалиётии шабакаи Алқоида дар манотиқи шимоли Афғонистон, махсусан, Бадахшон, Тахор ва Кундуз аст, ки дар ҳоли табдил шудан ба “биҳишт”-и террористони байналмилалӣ аст. Дар ин миён Ҷабҳаи муқовимат чӣ коре бояд кунад то истифода аз фурсати пешомада, сурат гирад?

Муқовимати феълӣ бояд роҳҳое пайдо кунад то равшан шудани вазъият ва сарнавишти назми феълии Толибон, худро ҳифз кунад ва дар майдонҳои ҷанг, манёври доимӣ ва қобили мулоҳиза дошта бошад. Эҷоди роҳҳои тафоҳум ва эҷоди канали иртиботӣ бо кишварҳои таъсиргузор бар шароити Афғонистон, метавонад гузинаҳои хуберо дар ихтиёри муқовимат қарор диҳад. Ин кор, метавонад дар тӯлонимуддат, бар вазъияти ҷанг ва муқовимат таъсиргузор бошад ва шароитро тағйир диҳад.