
ДОКТОР ФАРИД ЮНУС
Устоди кафедраи антропологияи Донишгоҳи давлатии Калифорния.
Коршиноси улуми сиёсат, равобити байнулмилалӣ, дин, фарҳанг ва ҳуқуқи занон.
Бунёнгузори Созмони пешгирӣ аз хушунати хонагӣ дар Афғонистон.
Аз соли 1979 ба ин сӯ дар Амрико зиндагӣ мекунад.
ФАЙЁЗ БАҲРАМОН НАҶИМӢ
Публисист ва коршиноси равобити байналамилалӣ ва фаронсашиносӣ,
масоили рушд пойдор ва муҳоҷират. Фориғуттаҳсили Донишгоҳи равобити
байналамилалии Маскав (МГИМО).
Зодгоҳи аслиаш шаҳри Кобул, аз соли 1991
дар шаҳри Гутингени Олмон зиндагӣ мекунад.

РАЗЗОҚИ МАЪМУН
Нависанда ва рӯзноманигор.
Дар гузашта сардабири ҳафтаномаҳои “Кобул” ва “Паймон”,
хабарнигори бахши форсии BBC ва Радиои “Озодӣ” ва телевизиони “Тулуъ” буд.
Зодгоҳи аслиаш Кобул, аз соли 2019 ба ин сӯ дар шаҳри Мелбурни Австралия зиндагӣ мекунад.
Ориф Ҳасан Охундзода
Пажӯҳишгари мустақил,
коршиноси масоили таърих ва геополитика.
Муаллифи даҳҳо матлаби арзишманд
дар бораи таърихи тоҷикони Покистон.
Зодаи рустои Хубӣ, таҳсили Шабқадари
ноҳияи Чорсадаи Хайбар Пахтанхвоҳи Покистон.
Ҳоло дар шаҳри Пешовари Покистон зиндагӣ мекунад.

МУҲИБУЛЛОҲ НУРӢ
Раиси пешини сиёсати Шӯрои амнияти миллии Афғонистон.
Раҳбари «Ҷунбиши ҳамгароии миллатҳои Қалби Осиё».
Поягузори «назарияи Фаҷристон».
Коршиноси масоили сиёсӣ ва равобити байнулмилал. Зодгоҳаш вилояти Тахор.
Пас аз суқути ҷумҳурӣ дар Амрико паноҳанда шудааст.

ЯЪҚУБ ЯСНО
Коршиноси аршади масоили сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ.
Устоди Донишгоҳи Ал-Берунии шаҳри Маҳмудроқии вилояти Кописои Афғонистон.
Зодаи вилояти Бағлон, ҳоло дар Эрон зиндагӣ мекунад.

АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО
Номзади улуми сиёсатшиносӣ,
коршиноси сиёсӣ ва умури дину давлат.
Мушовири директор ва сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати
хориҷии Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон буд.
Дар Душанбе зиндагӣ мекунад.

ШЕРАЛӢ РИЗОЁН
Номзади улуми сиёсӣ (PhD).
Коршиноси аршади масоили сиёсӣ.
Муҳаққиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ.
Пажуҳишгар ва таҳлилгари мустақил.
Дар Душанбе зиндагӣ мекунад

ФАХРИДДИНИ ХОЛБЕK
Хабарнигор ва таҳлилгари масоили Афғонистон.
Дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.