Хабари рӯз

Дар даргириҳои ахир миёни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Толибон дар вилояти Бадахшони Афғонистон як фармондеҳ ва чаҳор узви гуруҳи террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” кушта шудаанд

ҚУНДУЗ, 29 октябр – Сангар, Ҷамшед Бадахшӣ. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешаванд, ки дар ҷангҳои ахири Бадахшон аз сӯи гуруҳи Абдулҳамид Муҷоҳиди “Иртӣ” (дар акс аз рост) ба ҳалокат расидаанд.

Яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба хабарнигори “Сангар” гуфт, бино ба иттилоъе, ки аз истихбороти Толибон дар Бадахшон ба даст омадааст, шаҳрвандони Тоҷикистон ба номҳои мустаъори “Амир Ҳамза” валади Раҳмонқул, “Билол”, “Ҷобир” ва “Талҳа” чаҳор нафаре ҳастанд, ки дар шифохонаи марказии шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон, дар қатори кушташудагон шиносоӣ ва сабти ном шудаанд.

“Фармондеҳи онҳо, ки номи аслиаш Аслиддин ва машҳур ба “Абуҷаъфар”, аз ӯзбектаборҳои Тоҷикистон буд, низ кушта ва дар минтақаи Сафедоби дараи Шолаи вулусволии Роғистон дафн шудааст. Вай аз фармондеҳони калидии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ба шумор меомад”, - гуфт манбаъ.

Ба таъйиди ӯ, ин панҷ нафар дар набардҳои ахири Бадахшон аз тарафи Толибон бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ вориди ҷанг шуда, гуруҳи тақрибан 30 – нафараи онҳоро “Абӯҷаъфар” раҳбарӣ мекард.

“Дар як набард дар минтақаи Ганҷураки шаҳристони Роғистон онҳо аз сӯи гурӯҳи Абдулҳамиди Муҷоҳиди “Иртӣ” ба ҳалокат расиданд”, - гуфт манбаъ.

Набардҳо миёни Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз миёнаҳои моҳи октябр ба ин сӯ идома дорад. Тибқи иттилои Толибон, дар ин ҷангҳо ҳудуди 40 сарбози муқовимат кушта ва 78 тани дигар асир афтодаанд.

Манобеъи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон кушта шудани 28 ва ба асорат афтодани 66 нафарро таъйид карданд. Дар ин набардҳо Абдулҳамид Муҷоҳиди “Иртӣ”, Сайид Баҳриддини “Лангар” (дар акс аз чап), Сайид Сироҷуддин ва Муҳаммад Ҷалол аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат низ ба шаҳодат расиданд.

Бино ба иттилоъи манобеъи Ҷабҳаи муқовимат, аз миёни Толибон дар ин ҷангҳо 68 нафар кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шудаанд.

“Ҷамоати Ансоруллоҳ” яке аз гуруҳҳои террористии фаъол дар Афғонистон ба ҳисоб меравад, ки бино ба иттилоъи манобеъи маҳаллӣ, дар дараи Хустаки шаҳристони Баҳорак ва дараи Шолаи шаҳристони Роғистон пойгоҳ ва ҳам дар минтақаи Сафедоби ин дара қабристони худро дорад, ки афроди кушташудааш ва аъзои хонаводаи онҳоро дар он ба хок месупорад. Теъдоди қабрҳо дар ин гӯристонро манобеъ беш аз 50 адад ҳисоб кардаанд.

Тибқи иттилои расмии мақомоти интизомии Тоҷикистон, дар қаламрави Афғонистон то 250 узви гуруҳи террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ҳузур ёфтаанд.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!