Хабари рӯз

Мавзеъгири Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар қиболи нишасти машваратии Маскав дар мавриди Афғонистон

Манбаъ: Дафтари матбуоти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон нишасти машваратии Маскав дар мавриди Афғонистонро фурсате барои дипломатияи минтақаӣ медонад то ба раволи сареъи вахомати авзоъи амниятӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ҳуқуқи башар ва вазъияти нигаронкунандаи инсонӣ зери ҳокимияти ваҳшиёна ва табъизомези Толибон дар кишвар расидагӣ кунад.

Ҷабҳаи муқовимат мӯътақид аст, ки ҳамкории наздик ва муассир миёни кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва шарикони байналмилалӣ метавонад ба ҳамвор кардани роҳ барои сулҳ, амният, рифоҳ ва тавсеаи пойдор дар Афғонистон кӯмак намояд.

Федератсияи Русия дар 16 ноябри 2022 мизбони чаҳорумин нишасти машваратии Маскав дар мавриди Афғонистон хоҳад буд. Ин нишаст бо ҳузури намояндагони вежаи шаш кишвари ҳаммарзи Афғонистон (Покистон, Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Чин), ва ҳамчунин Федератсияи Русия, Ҳинд, Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.

Афғонистон қалби Осиёст ва амният, субот ва рифоҳи он мустақиман бар Осиёи Миёна, Ховар Миёна, Ҷануби Осиё, Ховари Дур ва ҷомеаи ҷаҳонӣ асаргузор аст.

Аз замони тасаллути гурӯҳи Толибон бар Кобул дар моҳи августи соли гузашта, Афғонистон ба маркази терроризми минтақаӣ ва байналмилалӣ табдил шудааст, ки ҳамсояҳои кишвар, минтақа ва фароминтақаро таҳдид мекунад. Кишт ва қочоқи тарёк ва героин ва дигар ҷиноёти созмонёфта ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Системи ҳукуматдорӣ комилан фурӯ пошида ва мардуми Афғонистон тавассути гурӯҳи террористии Толибон, ки таҳти таҳримҳои Созмон Милал аст ва муттаҳам ба нақзи фоҳиши ҳуқуқ башар, шомили ҷиноёти ҷангӣ ва ҷиноёти зиддибашарӣ аст, ба асорат гирифта шудаанд.

Дар ниҳоят ояндаи Афғонистон бояд тавассути мардуми Афғонистон ва бо ҳамкории шарикони минтақаӣ ва байналмилалӣ таъйин шавад. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мумассили орзуҳои мардуми Афғонистон барои ояндаи сулҳомез ва мураффаҳ аст. Ин ҷабҳа омодаи ифои нақши калидӣ дар раванди эҳёи ҷойгоҳи ҳақиқии кишвар дар ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!