Хабари рӯз

Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар шаш моҳи гузашта бо роҳандозии 90 амалиёти низомӣ, 240 толибро ҳалоку захмӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 01 январ – Хабаргузории “Муқовимат” - “Сангар”. Ба таърихи 8 ҷаддйи 1402 баробар бо 29 декабри 2023 генерал Қадамшоҳ Шаҳим, масъули қароргоҳи низомии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, гузориши муфассалеро дар мавриди таҳаввулоти низомӣ дар шаш моҳи гузашта дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сиёсӣ ба раёсати Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ироа намуд, ки фишурдаи он қарори зайл аст:

Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ростои таҳаққуқи аҳдофи низомии хеш, ки ҳамоно нобудии террористон ва озодии кишвар аз султаи гурӯҳи Толибон* мебошад, аз оғози саратони 1402 то кунун 90 амалиёти низомиро созмондеҳӣ ва иҷро карданд, ки шомили ҳамалоти чирикии ғофилгиркунанда бар мавозеъи душман, афрози камин дар масири тараддуди душман, таъбияи мина дар васоити низомии душман ва ҳамчунон анҷоми зиддиҳамла дар баробари ҳамалоти душман буда, ки дар 12 вилояти кишвар анҷом шудааст.

Дар ин амалиётҳо, 128 толиб ба ҳалокат расида ва 110 тани дигарашон захмӣ шудаанд, ки рақами маҷмӯъи талафоти душман ба 238 тан мерасад.

Дар миёни ҳалокшудагон беш аз 10 тан аз саркардагони Толибон шомил ҳастанд ва ҳамчунон чандин тан аз фармондеҳони ин гурӯҳ шомили захмиҳо низ мебошанд.

Хисороти воридшуда бар душман шомили инҳидом ва тахриби шуморе аз васоити низомӣ мегардад. Ҳамчунон даҳҳо мил аслиҳа ва миқдоре муҳиммоти душман ба дасти нерӯҳои муқовимати миллӣ афтодааст.

Қобили зикр аст, ки тайи ин муддат шумори зиёде аз аъзои гурӯҳи Толибон тавассути гурӯҳҳо ва афроди мусаллаҳи дигар низ дар гӯшаву канори кишвар ба ҳалокат расида ва ё захмӣ шуданд, ки шомили ин гузориш намешавад.

Нерӯҳои муқовимати миллӣ тайи ин муддат ҳамчунон тавонистанд чаҳор нерӯи душманро ба асорат дароваранд. Аз он ҷое, ки нерӯҳои муқовимати миллӣ мутааҳҳид ба риояти усул ва қавоиди башардӯстонаи ҷангӣ ҳастанд, бо асирони душман рафтори нек сурат гирифтааст.

Нерӯҳои муқовимати миллӣ ҳамчунон, бино ба тааҳҳуде, ки ба ҷилавгирӣ аз талафоти мулкӣ ва осеб нарсидан ба афроди бегуноҳ доранд, дар ҷараёни амалиётҳои хеш ниҳоят диққатро ба харҷ доданд то аз ворид шудани хисорот ба мардуми азизи мо ҷилавгирӣ намоянд ва бад-ин малҳуз аксарият амалиётҳо шабҳангом анҷом шуданд, ки хушбахтона, ҳеҷ гуна талафот бар афроди мулкӣ дар ҷараёни амалиётҳо ворид нагардидааст.

Мутаассифона, тай шаш моҳи гузашта ба теъдоди 13 тан аз размандагони муқовимати миллӣ, ба шумули фармондеҳ Тоҳир ва фармондеҳ Қамаруддин Андаробӣ, аз фармондеҳони ҷасуру шуҷоъи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ба корвони шуҳадои дифоъ аз сарзамину мардуми хеш пайвастанд. Ҳамчунон панҷ тан аз нерӯҳои муқовимати миллӣ дар ҷараёни амалиётҳои озодибахш захм бардоштанд. Ин арқом дар муқоиса бо соли гузашта коҳиши чашмгирро нишон медиҳад.

Бештарин амалиётҳо ба тартиб аз бештар ба камтар дар вилоятҳои Кобул, Тахор, Парвон, Кописо, Бағлон, Бадахшон, Лағмон ва Нуристон роҳандозӣ шудааст.

Қобили ёдоварӣ аст, ки дар ҷараёни соли 1402 нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, илова бар тарроҳиву иҷрои амалиётҳои низомӣ ва пешбурди умури ҷангӣ, ба зарфиятсозӣ ва тавсеаи ташкилотӣ ва иттихози омодагиҳои бештар низ эҳтимом варзида ва қобилиятҳои ҷангии худро барои муқобилаи муассиртар бо душман афзоиш додаанд, ки дар оянда амалиётҳои бештареро алайҳи душман тарроҳӣ ва иҷро хоҳанд намуд.

*Толибон дар аксар кишварҳо созмони террористӣ ба шумор меравад.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!