Дар Душанбе зодрӯзи шаҳид Фаҳими Даштӣ, рӯзноманигор ва нависандаи маъруфро намояндагони се кишвар - Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон – таҷлил карданд.
Душанбе, 15 дек – Хабаргузории “Муқовимат” - “Сангар”. Ҳамзамон китоби ӯ “Дуру наздики Омир соҳиб. Хотироте аз будан дар канори Қаҳрамони миллӣ”, ки ба Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, бахшида шудааст, рӯнамоӣ шуд.
Ин китоби зиндаёд шаҳид Фаҳими Даштӣ тоза ба хатти “кириллӣ” баргардон шуда ва рӯзи чаҳоршанбе, 13 декабр, ба муносибати рӯнамоии он маҳфили пуршукӯҳе дар Кохи Афсарони шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ва фарҳангӣ аз кишварҳои Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон иштирок карданд.
Суханронон ҳар кадом ба навбаи худ аз давраи ҳаёти шаҳид Фаҳими Даштӣ ба некӯӣ ёд карда, хадамоти вайро дар ҳавзаи фарҳангу расонаи Афғонистон, мондагор ва номиро унвон карданд.
Ҳамин тур ба ҳузури пурранги шаҳид Даштӣ дар сангари муқовимат алайҳи терроризм низ пардохта шуд ва суханронҳо нақши вайро дар Муқовимати аввал ва дувум алайҳи гурӯҳи Толибон арзанда унвон карданд.
Китоби “Дуру наздики Омир соҳиб” ба ҳиммат ва ибтикори “Бунёди шаҳид Масъуд” ба хатти кириллӣ баргардон ва дар Тоҷикистон ба нашр расидааст.
Ин китоб ҳовии хотироти шаҳид Дашти бо шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, дар асри ҷиҳод ва муқовимати мардуми Афғонистон алайҳи терроризми толибонӣ аст.
Видеои ҳозир ҷараёни комили рӯнамоии ин китобро пӯшиш додааст: