Ташаббуси муштараки СҲШ чӣ гуна хоҳанд буд?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Дар назди Созмони ҳамкориҳои Шанхай Маркази муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳо таъсис дода мешавад, ки ҳадафи асосии он таъмини амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона хоҳад буд. Ин иқдом бори дигар аз кӯшиши СҲШ барои таҳкими амнияти дастаҷамъона ва вокуниши муассир ба чолишҳои муосир, аз ҷумла кибертаҳдидҳо ва шабакаҳои ҷиноии фаромиллӣ шаҳодат медиҳад.
Кишварҳои узви СҲШ - Русия, Ҳиндустон, Чин, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон. Дар нишасти дарпешистодаи СҲШ дар шаҳри Остона кишвари Беларус низ ба узвияти ин созмон пазируфта мешавад.
ВАЗИФАҲОИ МАРКАЗ
Кишварҳои СҲШ ҳамкориро дар соҳаи амният идома медиҳанд. Созмон механизмҳои муқовимат бар терроризм, сепаратизм ва ифротгароӣ, инчунин, амнияти иттилоотиро, ки мавзӯи доғ дар вақти ҷангҳои «гибридӣ» мебошад, такмил медиҳад. Маҳз барои муқовимат ба ин ҷанбаҳо Маркази муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо таъсис дода мешавад. Қарори расмӣ дар бораи таъсиси Марказ дар нишасти сарони СҲШ, ки санаҳои 3-4-уми июли соли 2024 дар Остона баргузор мегардад, қабул карда мешавад. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои киберамният ва ҷинояткории фаромиллӣ дар шароити рақамикунонӣ дода мешавад.
Илова бар ин, Маркази таъсисёфта маълумотҳои марбут ба созмонҳои террористӣ ва ифротгароро пайгирӣ ва таҳлил хоҳад кард. Барои таъмини амният дар фазои рақамӣ технологияҳои муосир ҷорӣ карда мешаванд. Русия, ки дар ин соҳа таҷриба ва дастовардҳои назаррас дорад, дар амалисозии ин ташаббусҳо нақши муҳим хоҳад бозид.
Устоди кафедраи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Ниёз Мирзоев бар ин назар аст: “СҲШ аз лаҳзаи таъсисёбиаш ғояи таъмини сулҳу субот дар тамоми фазои кишварҳои аъзоро пеш мебурд. Вазифаи дуюм рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкориҳои башардӯстона буд. Созмон ҳамчун майдони муҳим барои табодули афкор хизмат карда, сол то сол нуфузи бештар пайдо мекунад. Солҳои 2008, 2014 ва 2021 дар Душанбе ҷаласаҳои Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардида буд, ки дар он ҳамеша масъалаҳои мубрами замони мо матраҳ мешуданд. Соли 2021 дар рафти ҷаласа дар Душанбе масъалаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир баррасӣ карда шуд. Ягон кишвар аз ин чолишҳо эмин нест, аз ин рӯ, теъдоди давлатҳои узви СҲШ торафт зиёд мешаванд. Ҳоло 9 кишвар аъзои ин Созмон мебошанд ва Беларус даҳум кишвар мешавад, инчунин, дар созмон нозирон ва шарикони муколама ҳастанд.
Дар мавриди ташаббуси нав бояд гуфт, ки кишварҳои СААД дар ҳолати ба вуҷуд омадани ягон таҳдид метавонанд як ҳайати низомиро даъват кунанд, вале кишварҳои СҲШ чунин имкониятро надоранд, аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки дар назди Маркази нав бояд як ҳайати низомӣ таъсис дода шавад. Ин ҳайат ҳатто метавонад дар Тоҷикистон ҷойгир бошад ва мо онҳоро дар мубориза бо терроризм дастгирӣ хоҳем кард. Ба ҳамин тариқ, СҲШ ҳадафи асосии худро – таҳкими эътимоди мутақобила, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек байни кишварҳои аъзо, ки дар оинномааш сабт шудааст, амалӣ хоҳад намуд.
Ниёз Мирзоев, профессор, муаллими кафедраи робитаҳои байналмилалии ДМТ: "Нишасти навбатии СҲШ дар шаҳри Остона дар таҳкими равобити кишварҳои узви ин Созмон дар шароити чолишҳо ва таҳдидҳои замони муосир бояд нақши муҳим бозад. Вақте фаро расидааст, ки бояд дар назди СҲШ Маркази муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо таъсис дода шавад - ин тасмими бисёр талаботнок ва саривақтист”.
Набояд фаромӯш кард, ки СҲШ ба масъалаҳои иқтисодӣ низ машғул буда, аз соли 2013 ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ»-и Чинро амалӣ мегардонад. Он замон дар Қазоқистон Си Ҷинпин ин ғояро пешниҳод карда буд ва ҳоло Чин ин сиёсатро бомуваффақият пеш мебарад.
Ягона чизеро, ки ман мехостам дар кори СҲШ, бахусус бузургтарин кишварҳои ин созмон (Чин, Ҳиндустон, Покистон) бубинам, ин дастгирии боз ҳам фаъолтари Русия дар Шӯрои амнияти СММ, яъне изҳоротҳои қатъӣ ва мушаххас аз ҷониби ин кишварҳо дар мавриди вазъият дар Украина. Мо набояд аз таҳримҳо тарсем, зеро таҳримҳо, чуноне ки таҷриба нишон дод, танҳо ба рушди воридотивазкунӣ мусоидат мекунанд. Кишварҳои СҲШ бояд чун ҷабҳаи ягона амал кунанд! Ҳар қадар теъдоди кишварҳо зиёд бошад, ҳамон қадар масъулият низ зиёд мешавад ва кишварҳои мо бояд манфиатҳои худро ҳифз кунанд. Чунин созмони пурқудрат бояд барои ҳалли низоъҳои шадиди байналмилалӣ ва масъалаҳои ташвишовар боз ҳам фаъолтар баромад кунанд”
Ҳамин тариқ, Маркази нави муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо дар доираи СҲШ як қадами муҳим дар роҳи таҳкими амнияти минтақавӣ ва устуворӣ ба чолишҳои муосир хоҳад буд. Аммо ин маънои онро надорад, ки СҲШ қаблан ба масъалаҳои амният таваҷҷӯҳ намекард, баръакс, дар ин самт аллакай муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда шудаанд.
ВАЗИФАҲОИ СҲШ: КИБЕРАМНИЯТ
Таъмини амнияти иттилоотӣ муҳофизат аз кибертаҳдидҳоро, ки торафт хатарноктар мешаванд ва ҳатто метавонанд фаъолияти давлатҳо ва иқтисодиёти онҳоро фалаҷ созанд, инчунин, мубориза бо ҳакерҳо ва таҳияи нармафзори худро дар бар мегирад. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз рӯи шумори киберҳамлаҳо дар ИДМ дар ҷои аввал қарор дорад (тибқи маълумотҳои ширкати Касперский): соли 2023 дар ҷумҳурӣ 60,69% корбарони интернет ба чунин ҳамлаҳо дучор шудаанд.
СҲШ аз рӯзи таъсисёбиаш ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароиро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор додааст. Дар 5 соли охир дар ин самт зиёда аз 400 навовариҳо пешниҳод шудаанд, ки аллакай амалӣ гардида истодаанд ва ё дар марҳилаи муҳокимаи ниҳоӣ қарор доранд.
Чанде пеш дар Тоҷикистон чанд нафар киберқаллобон ошкор карда шуданд, ки бо тамаъҷӯйии маблағ машғул буданд. «Маълум шуд, ки дар онҷо як гурӯҳи муташаккилонаи ҷиноӣ амал мекард, ки аъзои он бо роҳи қаллобӣ ва истифодаи технологияҳои муосир маблағ ба даст меоварданд.
Онҳо ба шаҳрвандон занг зада, хабар медоданд, ки яке аз хешовандонашон ба фалокат дучор шудааст. Ҳатто дар баъзе мавридҳо барои тақлиди овози хешовандони одамон аз технологияҳои муосир истифода мекарданд. Онҳо аз ҷиҳати равонӣ таъсир расонида, бо баҳонаи ҷарроҳии фаврӣ ва ё аз мушкилӣ раҳо ёфтан маблағи калон талаб мекарданд”, - иттилоъ доданд, дар ВКД Душанбе.
СҲШ кишварҳоеро муттаҳид мекунад, ки ҳудудан зиёда аз 65% минтақаи авруосиёиро ташкил медиҳанд. Аҳолиаш - зиёда аз 3,5 миллиард нафар, ММД зиёда аз 25% маҷмӯи маҳсулоти ҷаҳониро ташкил медиҳад.
Ин таҷриба зарурати таҳкими чораҳо оид ба таъмини амнияти иттилоотиро дар Тоҷикистон собит мекунад. Ҷумҳурии мо дар ин масъала бо дигар кишварҳои узви СҲШ фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Кӯшишҳои муштараки кишварҳо ба табодули иттилоот ва таҳияи стратегияҳои муштарак равона карда шудаанд. Таҳияи нармафзори худ ва рушди системаҳои ҳифзи маълумотҳо муҳимтарин унсурҳои меъмории амнияти Тоҷикистон ва тамоми минтақа хоҳанд гардид.
Амнияти иттилоотӣ ба ғайр аз ҳимоят аз киберҳамлаҳо, инчунин назорат ва пешгирии паҳншавии маълумоти бардурӯғ ва хабарҳои қалбакиро, ки метавонанд вазъи сиёсиву иқтисодии кишварҳои узви СҲШ-ро ноором созанд, дар бар мегирад.
ВАЗИФАҲОИ СҲШ: МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ
Ҳамчунин, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи СҲШ ҷилавгирӣ аз таҳдидҳое мебошад, ки аз Афғонистон бармеоянд, аз ҷумла ифротгароии мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир ва терроризм. Созмони ҳамкориҳои Шанхай тасмим гирифтааст, ки ба ташкили ҳукумати фарогири Афғонистон бо иштироки намояндагони тамоми қавмҳои ин кишвар мусоидат кунад. Аз ҷумла, дастгирии муколамаи байни гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва этникӣ дар Афғонистон, ки ба таъсиси ҳукумати устувор мусоидат хоҳад кард.
Дар соли 2023 дар кишварҳои СҲШ 507 нафар иштирокчиён ва шарикони созмонҳои террористӣ ошкор карда шуданд, ки 447 нафарашон боздошт, 182 нафарашон нобуд ва 54 нафарашон маҳкум шудаанд.
СҲШ назорати сарҳадро пурзӯр карда, ҳамоҳангӣ байни кишварҳои узви СҲШ-ро дар самти табодули иттилооти иктишофӣ беҳтар мекунад. Бахши муҳимми ин стратегия таъсиси марказҳои махсуси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ифротгароӣ мебошад. Масалан, дар Душанбе ифтитоҳи як маркази зидди маводи мухаддири СҲШ ба нақша гирифта шудааст, ки он як зинаи асосӣ дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир тавассути Осиёи Марказӣ хоҳад гардид. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2019 бо ташаббуси таъсис додани чунин марказ баромад карда буд. Ин сохтори махсусгардонидашуда ҳамкориро байни идораҳои салоҳиятдори кишварҳои СҲШ барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккилона густариш медиҳад.
Дар доираи фаъолияти ин Марказ гузаронидани амалиётҳои муштарак, табодули иттилоот ва ташкили барномаҳои таълимӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба нақша гирифта шудааст. Таваҷҷуҳи махсус ба назорат ва таҳлили масирҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин, ошкор ва безарар гардонидани гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғуланд, дода мешавад. Марказ барои гузаронидани корҳои тафтишотӣ ва чорабиниҳои фаврӣ бо таҷҳизот ва технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида мешавад.
Тибқи маълумотҳои сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, соли гузашта хадамоти махсуси кишварҳои ин созмон 69 ҳамлаи террористиро пешгирӣ кардааст. Инчунин, фаъолияти 73 гурӯҳҳои махфии террористӣ ошкор карда шуд.
Вазъият дар Афғонистон ҳанӯзам ноором аст, аз ин рӯ, назорати доимӣ ва мутобиқсозии чораҳои амниятӣ зарур аст. СҲШ кӯшиш мекунад, на танҳо ба таҳдидҳои пайдошуда вокуниш нишон диҳад, балки барои пешгирии онҳо фаъолона корбарӣ намояд. Аз ҷумла омӯзиш ва омода кардани кадрҳо, гузаронидани машқҳои муштарак ва таҳияи технологияҳои нав барои таъмини амният дар назар дошта шудааст. Кӯшишҳои СҲШ ба бунёди як низоми ҳамаҷонибаи амният, ки тавони муқобилат ба таҳдидҳои аз ҷониби Афғонистон бароянда ва таъмини сулҳу субот дар минтақаро дорад, нигаронида шудаанд.
Хулоса, бояд гуфт, ки таъсиси Маркази муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо дар доираи СҲШ як қадами муҳим барои кишварҳои узви созмон дар таҳкими амнияти дастаҷамъона ва рушди устувори минтақа хоҳад буд.