Чаро аслан умеде барои ояндаи Покистон нест?

Нависанда: Ориф Ҳасанхон Охундзода, муҳаққиқ ва таҳлилгари масоили минтақаӣ ва Покистон, узви Шӯрои машваратии ”Сангар”

Покистон кишваре ҷаълӣ ва сунъӣ аст, ки асосан ба унвони абзоре барои нигаҳдории нухбагони дузди кӯмакрасон ба раҳбарии артиш таъсис шуд ва ба унвони ронтӣ (ранте, оне, ки бе кор пул ба даст меорад) барои манофеъи империализми ҷаҳонии инглисӣ-амрикоӣ амал мекунад. Аз ин хотир, ҳеҷ гоҳ натавонист раҳбарони асилу мустақил дошта бошад, сарфи назар аз ин ки чӣ қадар ноқис бошанд ва аз уҳдаи кор бароянд.

Манзури ман беҳтарин намояндагони раҳбарии Покистон, монанди оқоён Зулфиқор Алӣ Буту ва Имронхон, ҳастанд. Барои касоне, ки умедҳои соддалавҳона ба низоми Покистон ва тадовуми он доранд, суханон ман ноумедкунанда хоҳад буд.

Бо ин ҳол, зебоӣ он ин аст, ки Покистон, ки ташкиле ғайритабииву хасмона ва барои истифода дар “Бозии Бузург” миёни Инглису Русия эҷод шуда буд, дигар барои нақши мухарриб ва манфии худ харидор надорад, зеро ин рӯёрӯӣ акнун ба шиддат ба нуқтаи буҳронӣ расидааст ва дар дохили Аврупо - Украина мутамаркиз шудааст.

Аз ин хотир, Покистонро, ки аз қабл аз фасоду нокоромадӣ дар ҳоли ғарқ шудан аст, созандагон ва ҳомиёни ғарбиаш ба сарнавишти шоистаи худ раҳо кардаанд. Ин кишвар ҳамчунин натавонистааст ба пешниҳодоти дӯстона ва муфиди Чину Русия дар даҳаи гузашта посух диҳад, зеро барои хидмат ба онҳо ба ҳамон шевае, ки ба арбобони инглисӣ-амрикоии худ одат дошт, муносиб нест.

Баррасии таърихи 77-солаи Покистон нишон медиҳад, ки чӣ гуна қудратҳои инглисӣ-ғарбӣ аз он ва потенсиалҳои манфии қавмиятҳои мухталифи ташкилдиҳандаи он барои муқобилаи муассир бо Шӯравӣ/Русия ва ҳамчунин дар бесубот кардану таҳқири шахсияти иҷтимоии кулли Ҷанубу Маркази минтақаи Осиё истифода кардаанд.

Бар хилофи дигар давлатҳои модерн, Покистон бо ин ҳадаф шум эҷод шуд, на барои аҳдофе, назири рифоҳ ва кайфияти зиндагии ҷамъияти умумии он, ки маъмулан барои ҳар кишвар эълом мешавад. Бидуни ҳадафи шайтонии офариниш бо кӯмаки Инглис, ҳеҷ тавҷеҳи дигаре барои вуҷуд надорад.

Пешбинии ман ин аст, ки интихоботи ояндаи баъди ду ҳафтаи дигар саранҷом шикаста хоҳад шуд ва ба низоми мутазалзили Покистон ва ҳамчунин масхарае ба номи “демократия”, ки аз сӯи Амрико дар даврони ҷиҳоди “Бозии бузург” ва ҷанг алайҳи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, ки Ғарбро барандаи “ҷанги сард” кард, хотима дода хоҳад шуд. Аммо барои Покистон ин даврае аз ҳаддиаксари фасод буд, ки ҳудуди 40 сол ба тӯл анҷомид.

Покистон, ба далели пӯсидагии низомманде, ки ҷиҳоди Афғонистон дар он эҷод кард ва низоми ҳамеша маъюби онро шикаст дод, судмандии худро барои арбобони инглисиву амрикоии худ аз даст додааст ва дар иваз ба як дардисари нопойдор табдил шудааст.

Ин вазъият дар соли 2021 комил шуд, замоне, ки пас аз ҳамагирии ҷаҳонии КОВИД-19, Амрико пас аз як шикасти нангини 21-сола аз Афғонистон гурехт ва дар авохири ҳамон сол Русия омодаи оғози ҷанги стратегии Украина шуд.

Хутут барои назми ҷаҳонии ҷадид пас аз 1945 дарвоқеъ хеле зудтар аз соли 2012 тарсим шуда буд, соле, ки Русия дар вокуниш ба шарорати созмондеҳишуда дар Сурия тавассути Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё шурӯъ ба тасбити муҷаддади худ дар геополитикаи байналмилалӣ кард.

Бо ташдиди танишҳои амниятии ҷаҳонӣ ба таври куллӣ, мо ҳамчунин бояд омода бошем то нобудии абзореро бубинем, ки дар созмондеҳии бисёре аз тавтеаҳои назми даҳшатноки ҷаҳонӣ пас аз соли 1945 кор дод ва Покистон ном дошт.

Воқеан як таҷрибаи бисёр омӯзанда бояд бошад.