Ҷанги Русия дар Украина, дарвоқеъ ҷанг дар баробари Америкои зӯргӯст

Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгар (Олмон)

"...Ҷаҳон дар баробари чашмони мо ба таври ғайри қобили баргаште дар ҳоли тағйир буда ва ба ноҳинҷориҳои гузашта боз нахоҳад гашт. Мо сабр нахоҳем кард то дунёи ҷадид бидуни иродаи мо ва миллатҳои дигар шакл бигирад... Ҳаққи ҳифозат аз забони модарӣ, ҳаққи иттико ба худ, ҳаққи доштани истиқлоли иқтисодӣ, ҳаққи доштани фанноварӣ ва худкифоии иқтисодӣ бо шароитӣ баробар, ҳаққи тамоми мардуми рӯи замин аст..."

Инҳо нукоти барҷастае аз охирин изҳороти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аст, ки ахиран дар робита ба сарнавишти оянда ва тағйири қудратҳо дар ҷаҳон баён дошта ва бо истиқболи гарми давлатҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ- сиёсӣ дар кишварҳои мухталиф рӯбарӯ шудааст.

Бархӯрдҳои мутанаввеъ ва мутазодди кишварҳои ҷаҳон дар ҳодисаи Украина ба сароҳат нишон медиҳад, ки ҷаҳони мо дар роҳи тағйироти бунёдӣ ва навин аст. Назми навини ҷаҳонӣ, ки ба ибтикори Русия, Чин ва Ҳиндустон дар ҳоли шаклгирии таърихӣ аст, ба буққагиҳо, зӯргӯиҳо ва яккатозиҳои Амрико, ки муддатҳост Аврупои хирадмандро ҳам бо зӯру таҳдид ба думболи худ кашондааст, барои абад хотима хоҳад дод.

Ҷанги Русия дар Украина, дарвоқеъ ҷанг дар баробари Амрикои зӯргӯст дар баробари кишваре, ки гоҳе бо истифода аз калонигарии молии доллараш бар иқтисоди ҷаҳонӣ, кишвар ё кишварҳоеро ба зону дар меоварад ва замоне бо зӯри низомиаш ба баҳонаҳои гунагун, ироқӣ, либиёӣ, венезулоӣ, сурия ё афғонистониро заифу бечора месозад.

Набарди пешгиронаи Русия дар баробари идома ва густариши зӯргӯиҳои бесарҳади Амрико, кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Аврупоро ба ин тафаккур ва такопӯ водоштааст, то ҳама бо ҳам биандешанд, ки чаро бояд ҷаҳон тавассути танҳо як қудрати бузург ва тасаллути биломунозиаъи системи молии доллар бар тамоми раванди доду ситади иқтисоди ҷаҳон, идора ва контрол шавад? Чаро набояд ҷаҳони мо тавассути як сохтори солимтар ва одилонатаре идора ва танзим нагардад.

Ҳузури қудратманди Чин, Русия, Ҳиндустон ва Бразилия дар муодилоту муомилоти иқтисодӣ - амниятии ҷаҳон, акнун барои тамоми кишварҳое, ки озодӣ ва худиродияти воқеӣ мехоҳанд ин имконро баробар кардааст то бо илҳом аз Чин, Русия, Эрон, Сурия, Венесуела, Куба ва дигар кишварҳои пархошгар дар баробари яккатозиҳои Амрико далерона дар муқобили яккатозӣ ва зӯргӯӣ боистанд ва ҳаргиз ба Амрикои ҷаҳонхор таслим нашаванд.

Миллатҳои зери ситам дар Осиё, Африқо ва Амрикои Лотин, ки дарди шаллоқҳои зӯргуёна ва адолатситезонаи Амрико ва Ғарбро ҳамвора чашидаанд, ҳоло ором ором ба ин бовар наздиктар шудаанд, ки танҳо дар сурати муборизаи муштарак дар баробари сиёсатҳои зӯргуёнаи молӣ ва низомии Амрикост, ки метавон ба назми навини одилона даст ёфт.