Масири муқовимати ҷаҳонӣ дар баробари гегемония, диктатура ва худсарӣ равшан шудааст, ба ҳамин далел, Амрико ва муттаҳидонаш беҳтар аст бо ин воқеият канор биёянд ва худро аз башарият ҷудо накунанд.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Амрико ҳаққи дахолат дар умури дигар кишварҳо ва дикта кардани иродаи худро бар онҳо надорад. Вашингтон ҳақ надорад барои раҳбарии кулли ҷаҳон талош кунад, зеро ин ҷаҳон мутафовит аст, ҳар кадом манофеъ ва аҳдофи тавсеаи худро доранд.

Ҳамкории мутақобили судманд бо Иёлоти Муттаҳида, ки мунҷар ба тавсеаи иқтисод, тақвияти ҳокимиятҳои миллӣ мешавад - бале. Аммо тавсеаи равобит бо Вашингтон дар ивази маҷбурият ба пайравӣ аз дастуруламалҳои сармоядорони амрикоӣ – на хайр.

Чӣ кунем, иттифоқан баъд аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум, амрикоиҳо бо ҳилаҳои мухталиф тавонистанд долларро ба арзи аслии ҷаҳон табдил кунанд ва бо муваффақият дар қатори барандагони фашизм ҳамроҳ шаванд. Ин вазъ ба ин воқеият кӯмак кард, ки Иёлоти Муттаҳида, ки тавассути уқёнусҳои ҷаҳонӣ аз дигарон муҳофизат мешавад ва фурсати номаҳдуде барои чопи доллар дарёфт карда буд, шурӯъ ба ҷазби беҳтарин мутахассисон дар ҳама заминаҳо кард ва барои онҳо шароити зиндагии ғайриқобили дастрас дар кишварашонро фароҳам сохт. Дар асл, ин як дуздии контролшуда ва амдии мағзҳо ба нафъи Амрико буд. Ва агар рушди Иёлоти Муттаҳида низ ба рушди шарикони он кӯмак кунад, наметавон мутаваҷҷеҳи ин мавзӯъ нашуд. Аммо аз ин потенсиал ба шакли дигаре мавриди истифода қарор гирифт.

Донишмандони улуми сиёсӣ муҳосаба кардаанд, ки Амрико беш аз 130 бор дар умури 50 кишвар мудохила кардааст. Аз соли 1945, Вашингтон беш аз 25 бор дар Осиё, Аврупо, Амрикои Лотин ва Ховари Миёна аз нерӯи низомӣ истифода кардааст. Имрӯз ҳеҷ кишваре дар ҷаҳон наметавонад дар баробари ин воқеият, ки таҳти шароити хос қаламрави он бомбаборон шавад ва туфангдорони дарёӣ дар соҳили он кишвар фуруд оянд, бима шуда бошад.

Бар асоси гузориши RAND Corporation, як маркази таҳқиқоти стратегии амрикоӣ, Иёлоти Муттаҳида аз замон Ҷанги Ҷаҳонии Дувум дар 286 ҷанг ширкат доштааст. RAND ин мавзӯъро баррасӣ кард то бифаҳмад кай амрикоиҳо аз мудохила дар умури дигарон суд бурданд ва кай на. Возеҳ аст, ки дар аксар даргириҳо Амрико мустақиман ширкат надошт, яъне нерӯи низомӣ нафиристод ва ҳатто кишварҳои дигарро бомбаборон накард. Онҳо "ба содагӣ" аз нерӯҳои хосе дар кишварҳои хориҷӣ алайҳи дигарон ҳимоят карданд, чӣ аз назари молӣ ва чӣ бо силоҳ, ба унвони масалан, дар Салвадор дар даҳа 70. Ё “ба содагӣ” иттилооти истихборотиро дар ихтиёри яке аз тарафайни даргирӣ қарор додааст. Шумо метавонед ҷанги Фолкландро ба ёд оваред, замоне, ки Иёлоти Муттаҳида аз ин тариқ аз Бритониё дар баробари Аргентина ҳимоят кард. Ё даргириҳои кунунӣ дар Украина ҷадидтарин намуна аст.

Пас аз тамоми ҷангҳо амрикоиҳо дар ҳеҷ мавриде муваффақ ба эҷоди демократия ва афзоиши саронаи тавлиди нохолиси дохилӣ дар дигар кишварҳо нашуданд, агарчи дар бештар маворид ин ҳадафи аслии онҳо эълом шуд. Аҳдофи дигаре, монанди дастрасӣ ба бархе манобеъ, ҳифзи контроли канали Панама, муқобила бо Маскав ва Гавана дар бозиҳои бузурги геополотикӣ, бале, аммо он ҳама, ки ба нафъи дигарон тамом шавад - на.

Дар ҳамон замон, тақрибан тамоми амалиётҳое, ки бо ҳузури нерӯҳои Амрико дар хоки хориҷӣ ҳамроҳ буд, масири тӯлонии ҷиноёти ҷиноӣ ва ҷангиро тай карданд. Ҳама ҷо кор ба куштори ғайринизомиён мекашид. Мавориди зиёде дар Афғонистон вуҷуд доштааст, ки операторҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ қатори мошинҳои арӯсиро бо қатори ҷангиён иштибоҳ мегирифтанд. Амрикоиҳо ҳамчунин музейҳои таърихии Ироқро чӯру чаповул карданд ва сипас саъй бар ин намуданд, ки осори бостонии Вавилони қадимаро аз тариқи интернет бифурӯшанд.

Иқдомоти Иёлоти Муттаҳида дар солҳои ахир саволоти зиёдеро эҷод кардааст. Фирор аз Афғонистон ва раҳо шудани теъдоди зиёди силоҳ дар ин кишвар наметавонад аз назарҳо пинҳон бимонад. Дар айни ҳол, амрикоиҳо фаъолона бо Толибон тамос доранд. Онҳо дар бораи ҳар чизе баҳс мекунанд, аммо на дар бораи сарнавишти зарродхонаҳои азими силоҳҳои боқимонда дар ин кишвар.

Ногуфта намонад, ки пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум як қатор кишварҳо, бахусус, Иттиҳоди Аврупои имрӯзӣ, худро зери боли Амрико гирифтанд ва дар созмонҳое, назири НАТО, бо он муттаҳид шуданд. Дар бархе ҷангҳо, масалан, Афғонистону Ироқ ва Либиёву Сурия, шарики Амрико буданд. Ҳамчунон ин ба он маъност, ки онҳо низ шарики ҷурми Иёлоти Муттаҳида мебошанд ва посухгӯи аъмоли хеш.

Аз ин хотир, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш чӣ чизеро барои ҷаҳон ба армуғон меоваранд? Пешрафт ё фоҷиа? Пас аз таҷзия ва таҳлили рӯйдодҳои ҷаҳон дар солҳои ахир ва ҳол, мо метавонем ба ин суол посух диҳем: бадбахтии бештар аз пешрафт. Мо ба чунин Ғарбе ниёз надорем. Биёед, Ғарбро бо ҳам лағв кунем! Мо ба ҷаҳони дигар ниёз дорем, ки дар он ҳама кишварҳо баробар бошанд, дар он як низоми одилонаи амнияти байналмилалӣ дар чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва бо мушорикати Созмони ҳамкории Шонгҳой, Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ), Созмони паймони амнияти ҷамъӣ (СПАД ё ОДКБ) ва дигар созмонҳо, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҷануби ҷаҳонӣ низ дар онҳо ҳузур ёбанд, ҳукмрон бошад.

Дар як калом, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш бояд дарк кунанд, ки замони яккатозиҳо ва диктати онҳо ба охир расидааст. Ҷаҳон имрӯз ё фардо онҳоро дар ҷойҳои худ хоҳад нишонд, зеро чунин дарк дар инсоният пухта расида, масири як муқовимати ҷаҳонӣ алайҳи яккатозиву диктат ва султагароӣ ҳам равшан шудааст. Беҳтар аст Амрико ва муттаҳидонаш бо ин воқеият канор оянд ва худро аз башарият ҷудо насозанд.