Вашингтон барои ҳифзи нуфуз дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дубора ба муттаҳиди қадимиаш рӯй меоварад.
Нависанда: доктор Холидин Зиёии Тоҷуддин, раиси Андешкадаи гуфтумони таълимии миллат, махсус барои “Сангар”
Матлаби аслӣ: آیا امریکا «دوسیه افغانستان» را به پاکستان تحویل میدهد؟
Пас аз рух додани як ҷанги насли панҷуми мураккаби чандҷанба ва кӯтоҳмуддат байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва режими Исроил, ки ҳамагӣ дувоздаҳ рӯз идома ёфт, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз густариши ҷанг ва ҳифзи тавозуни қудрат дар минтақа, ба Покистон имтиёзҳои стратегии назаррас дод.
Ҳадафи аслии ин сиёсати имтиёздиҳӣ барои Покистон — бетараф нигоҳ доштани он кишвар ва пешгирӣ аз пайвастани эҳтимолии он ба блоки Эрон–Чин ва Русия, ё ҷилавгирӣ аз нақши тахрибкоронааш дар равандҳои таҳаввулоти минтақавӣ буд.
Ин мақола ба баррасии чаҳор меҳвари аслии ин имтиёзҳо ба Покистон мепардозад:
АВВАЛ: Супурдани дубораи парвандаи ҷанг ва сулҳи Афғонистон ба Покистон.
ДУВУМ: Эътои имтиёзҳои иқтисодӣ ва низомӣ ба Покистон.
СЕВУМ: Фишор ворид кардан ба Ҳинд барои даст кашидан аз ҷанг бо Покистон ва таъсиргузорӣ бар Толибон ба хотири таъмини манофеи амниятии Исломобод — монанди таслими аъзои Толибони Покистон ва безараргардонии мухолифони ҳаракати балуч ва ғайра.
Дар ин мақола кӯшиш мешавад то паҳлӯҳои геополитикӣ, рақобати қудратҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ ва паёмадҳои стратегии ин имтиёзҳо дар тавозуни навпайдои қудрати минтақавӣ таҳлил гардад.
Пас аз рух додани ҷанги бесобиқа ва ғайри қобили пешгӯии 12-рӯза байни Эрон ва Исроил ва афзоиши хатари густариши ҷанг ба сатҳи минтақавӣ, нақши кишварҳое мисли Покистон дар назари мақомдорони ИМА ба шиддат аҳамият пайдо кард.
Покистон, ҳамчун як кишвари ҳастаӣ ва дорои мавқеи ҷуғрофиёии стратегии воқеъ миёни Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, ҳамзамон дорои пайвандҳои амниятии печида бо Афғонистон, Эрон, Ҳинд ва Чин аст.
Дар ин замина, Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифт, бо ҳадафи бетараф нигоҳ доштани Покистон дар ин ҷанг, маҷмӯае аз имтиёзҳои стратегии иқтисодӣ ва низомиро ба он кишвар эъто намояд.
Ин имтиёзҳо на танҳо тавозуни қудратро дар Осиёи Ҷанубӣ, балки танзимоти амниятии Афғонистон, равобити Ҳинд–Покистон ва ҳатто нақши Чин ва Русияро дар минтақа зери таъсир қарор медиҳанд.
1 - Таслими дубораи парвандаи сулҳу ҷанги Афғонистон ба Покистон ба монанди даврони ҷиҳод.
Иёлоти Муттаҳида ба таври таърихӣ нақши калидии Покистонро дар буҳрони Афғонистон пазируфтааст, чӣ дар даврони ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва чӣ дар ҳимояти пинҳони он кишвар аз гурӯҳҳои мухолиф ва ифротӣ, мисли толиб ва Алқоида пас аз соли 2001 мелодӣ баъд аз суқути иморати толиб ва ташкили низоми ҷумҳурият.
Пас аз хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва ба қудрат расидани дубораи иморати Толибон, Амрико талош кард то аз роҳҳои ғайримустақим дар чаҳорчӯби тавофуқномаи Давҳа бар раванди таҳаввулоти Афғонистон асаргузор бошад.
Вогузарии муҷаддади парвандаи сулҳу ҷанг ба Покистон нишондиҳандаи пазириши дубораи нақши роҳбурдии Исломобод дар таъйини сохтори сиёсӣ ва амниятии ояндаи Афғонистон аз манзар ва дидгоҳи геостратегии Амрико ба тағйироти нақшаи минтақа дар оянда аст.
Таҳлил:
- Покистон бо доштани нуфузи суннатӣ бар Шабакаи Ҳаққонӣ ва толибони марбут ва вафодор ба худ метавонад қобили эътимоде барои Вашингтон барои татбиқи нақшаҳои Ғарб талаққӣ шавад.
- Ин имтиёз тавре ҳисоб шуда, ки метавонад монеъ аз нуфуз ва таъсиргузории бештари Эрон, Русия ва Чин дар Афғонистон гардад.
2 - Эътои имтиёзоти иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҳамкории низомӣ ба Покистон;
Иёлоти Муттаҳида барои ташвиқи Покистон ба ҳифзи бетарафии худ дар ҷанги Эрон–Исроил, бастае аз имтиёзоти иқтисодӣ ва тиҷорати ҳамроҳ бо ҳамкориҳои низомиро ба тарафи Покистон ироа кардааст. Ин имтиёзот шомили мавориде чун:
- Таҷдиди кӯмакҳои низомӣ ва фановарии иттилоотӣ,
- Ҳимоят аз воридоти энержии арзон аз Осиёи Миёна ва истихроҷи нафт аз Уқёнуси Ҳинд,
- Тазмини дастрасии Покистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва коҳиши фишорҳои Сандуқи байналмилалии пул ба он мебошад.
Таҳлил:
- Ин ҳамкориҳо метавонад вазъияти иқтисодии нопойдори Покистонро беҳбуд бахшад ва дар айни ҳол вобастагии онро ба Чин, Русия ва Эрон коҳиш диҳад.
- Иёлоти Муттаҳида бо чунин рӯйкарде дар пайи қатъ ё маҳори нуфузи Чину Эрон дар проектҳои зерсохтие монанди Долони иқтисодии Чину Покистон (CPEC) ва Афғонистону Эрон аст.
3 - Эъмоли фишор бар Ҳинд барои рафъи таҳдидҳои низомӣ ва тахрибии зиддипокистонӣ.
Амрико барои ҷалби ризояти Покистон сиёсати ҷадидеро дар қиболи Ҳинд дар пеш гирифтааст. Ин сиёсат шомили:
- Ташвиқи Деҳлии Нав барои иҷтиноб аз иқдомоти низомӣ дар марзи Кашмир бо Покистон,
- Коҳиши ҳимояти ғайрирасмӣ аз гурӯҳҳои зиддипокистонӣ, монанди TTP (Таҳрики Толибони Покистон), ҷунбишҳои балучи истиқлолталаб ва бархе ҷунбишҳои қавмии дигар,
- Мутавозинсозии равобити роҳбурдӣ бо Ҳинд дар қолаби стратегияи Ҳинд–Пасифик.
Таҳлил:
- Ин сиёсат мӯҷиби беэътимодии фазояндаи Ҳинд нисбат ба Вашингтон хоҳад шуд ва мумкин аст Деҳлии Навро маҷбур ба ҳамкории бештар бо Русия ва ҳатто Эрон савқ диҳад.
- Дар айни ҳол, Покистон қодир ба маҳори таҳдидҳои дохилии худ шуда ва тамаркузи худро бар сиёсати хориҷии худ ва бахусус бозиҳои бузургтари минтақаӣ маътуф хоҳад кард.
4 - Фишор бар Толибон барои таъмини тақозоҳои амниятии Покистон
Яке аз тақозоҳои аслии Покистон аз Толибон — халъи силоҳ ва ихроҷи нерӯҳои ТТP ва мухолифони сиёсӣ ва низомии онҳо мебошад, ки дар Афғонистон мустақар ҳастанд.
Амрико бо истифода аз фишангҳои дипломатӣ ва иқтисодӣ, Толибонро водор кардааст, ки хостаҳои амниятии Исломободро амалӣ созанд.
Таҳлил:
* Ин раванд метавонад шикаф миёни ҷиноҳҳои мухталифи Толибонро бештар созад.
* Толибон бо интихоби байни фишори Покистон ва вобастагӣ ба Эрон ё Чин, ба як бунбасти стратегӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва дар сиёсати хориҷӣ ва интихоби эътилофи шарқ ё ғарб саргардон мегарданд.
* Ин ҳолат боиси заифшавии пуштибониҳои минтақавии Толибон шуда, дар ниҳоят заминаи рӯёрӯии меҳвари арабӣ таҳти раҳбарии Амрико ва меҳвари шарқ таҳти раҳбарии Русия ва Чинро дар саҳнаи Афғонистон фароҳам хоҳад овард.
5 - Тавозуни қудрати минтақавӣ ва бозигарони байналмилалӣ
Эрон:
* Эҷоди муҳосираи геополитикии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сӯи кишварҳои Покистон, Озарбойҷон, Туркия ва кишварҳои арабӣ.
* Эҳтимоли афзоиши ҳамкориҳои низомии Эрон бо Чин ва Русия.
Ҳинд:
* Заифшавии мақоми Ҳинд дар иттиҳоди чаҳоргона (QUAD) ба сабаби сиёсати тавозуни Амрико.
* Шиддат гирифтани ноамнӣ дар дохили Покистон, махсусан дар манотиқи марзии он бо Афғонистон бо пуштибонии молӣ ва истихборотии Ҳинд.
Русия:
* Эҳсоси таҳдид аз сӯи НАТО тавассути Покистон, бахусус аз ҷониби Афғонистон ва Осиёи Марказӣ.
* Кӯшиши эҳёи нуфуз дар Афғонистон тавассути додани имтиёз ба Толибон ва маҳор кардани Исломобод аз тариқи ҳамкорӣ бо Ҳинд ва Эрон.
Чин:
* Нигаронӣ аз наздикии зиёди Покистон бо Амрико.
* Эҳтимоли коҳиши нақши Покистон дар татбиқи тарҳи CPEC ва кам шудани таъсири он бар сиёсати хориҷии Покистон.
6 - Хулоса
Пас аз ҷанги 12-рӯзаи байни Эрон ва Исроил, Иёлоти Муттаҳида бо додани имтиёзҳои стратегии ҷеополитикӣ ба Покистон на танҳо бетарафии ин кишварро ҳифз намуд, балки онро ба абзори назорати таҳаввулоти минтақавӣ табдил дод.
Ин тағйири бузург дар тавозуни ҷеополитикии минтақа метавонад муодилаҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва дипломатии Осиёи Ҷанубу Ғарбиро бозтаъриф намояд.
Ҳарчанд сиёсатҳои имтиёздиҳӣ дар кӯтоҳмуддат ба нафъи Вашингтон ва Исломобод мебошанд, аммо дар дарозмуддат хатари ҷанги ногузири Ҳинд ва Покистон бо дастгирӣ ва дахолати эҳтимолии Исроил бештар эҳтимолпазир хоҳад буд.
Дар дурнамо, эҳтимоли афзоиши ифротгароӣ дар дохили Покистон тавассути мадрасаҳо ва аҳзоби исломӣ ва мазҳабӣ қобили пешбинӣ аст, ва ҳамзамон ноустувории сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон ва Эрон бо ҷиддият боқӣ хоҳад монд.