Русия дарвозаҳои Осиёи Шарқӣ-Ҷанубиро чӣ гуна боз мекунад?
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
10 сентябри 2023 дар шаҳри Владивосток – пойтахти Шарқи дури Русия - барои ҳаштумин бор Ҳамоиши иқтисодии Шарқӣ бо барномае ғанӣ ба муддати се рӯз оғоз ба кор кард.
Алорағми талоши Ғарб барои мунзавӣ сохтани Русия, намояндагони Беларус, Ветнам, Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Кореяи Шимолӣ, Лаос, Миёнмар, Сингапур ва Филиппин тамоюли худро барои ширкат дар он иброз карданд.
Худ ин ҳамоиш навид табдил шудан ба яке аз бистарҳои байналмилалиро медиҳад, ки дар он мавзӯъоти ҳамкорӣ мавриди баҳс қарор мегирад ва шиори ин рӯйдод ба вузӯҳ онро нишон медиҳад: "Дар масири ҳамкорӣ, сулҳ ва рифоҳ".
Ба гуфтаи баргузоркунандагони ин ҳамоиш, беш аз 7 ҳазор нафар, аз ҷумла намояндагони расонаҳои беш аз 50 кишвари хориҷӣ дар он ширкат хоҳанд кард. Ҳамчунин интизор меравад, ки намояндагони кишварҳои блоки ғайридӯст низ дар ин нишаст ширкат дошта бошанд.
Илова бар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ барои минтақаи Шарқи Дур, дар чорчӯби Барномаи ҷавонон дар Ҳамоиши иқтисодии Шарқӣ - 2023, мавзӯъоте монанди тавсеаи Полигони Шарқӣ, эҷоди як низоми пуливу молии байналмилалии ҷойгузин, рушди илми дипломатия, ҳамкории фаромарзӣ, фановарӣ ва истифода аз ҳуши маснуъӣ мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт.
Таваҷҷуҳи вежае ба гуфтугӯҳои тиҷорӣ хоҳад шуд. Соҳибкорони русӣ бо ҳамкорони худ аз Ҳинд, Чин, Муғулистон ва кишварҳои АСЕАН дидор хоҳанд кард. Ба гуфтаи мақомоти русӣ, натиҷаи теъдоди зиёди мувофиқатномаҳои сармоягузории ҷадид бо мушорикати хориҷӣ хоҳад буд, ки проектҳо, фановариҳо, шуғлҳои ҷадидро ба сарзамини Шарқи Дур меоварад ва ба калиди дӯстии қавӣ байни кишварҳо табдил мешавад.
Аҳамияти ин майдони ҳамоиши иқтисодӣ барои Русия ин воқеиятро низ нишон медиҳад, ки раисҷумҳури Русия ба таври суннатӣ дар он ширкат мекунад ва дар 12 сентябр дар ҷаласаи умумӣ ҳамроҳ бо муовини раисҷумҳури Лаос, Пани Ятҳоту, суханронӣ хоҳад кард.
Ширкати эҳтимолии Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, ки рӯзномаи амрикоии Ню-йорк Таймс аз сафараш хабар дод, низ беаҳамият нест. Теъдоде аз коршиносон бар ин боваранд, ки сафари раҳбари Кореяи Шимолӣ дар дараҷаи аввал бо вахомати авзоъ дар минтақаи Осиё ва Уқёнусия муртабит аст. Ва дар сурати вуруди раисҷумҳури Кореяи Шимолӣ, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки раҳбарон Русия ва Кореяи Шимолӣ дар мавриди мавзӯъоти мубрам дар минтақа, аз ҷумла ҳамкории иқтисодии байни кишварҳо гуфтугӯ кунанд.
Аз сӯи дигар, дар замоне, ки Ғарб талош дорад тамос ва равобити кишварҳоро бо Русия хароб ва худи Русияро мунзавӣ кунад, ҳамчунин ҳамоишҳо нишонгари он аст, ки Маскав дар арсаи ҷаҳонӣ худро гум накарда, майдонҳои мухталифи ҳамкориро барои ҳамкорони нав боз ва ҳамкорони ҷадидеро пайдо мекунад.
Кишварҳои осиёӣ, аз ҷумла узви АСЕАН (Бруней, Ветнам, Индонезия, Камбоҷа, Лаос, Малайзия, Миёнмар, Сингапур, Таиланд, Филиппин – дар маҷмуъ 10 кишвар), ки қисмати умдаи онҳо дар Ҳамоиши иқтисодии Шарқи Дур ширкат мекунанд, низ аз шарри Амрикову Ғарб, ки дербоз дар ин минтақа торҳои тавтиа метананд ва хатарҳои ҳаётиеро барои онҳо халқ кардаанд, дар симои Русия қудрати ҳамкори қавии низомиеро мебинанд, ки аз равзанаи иқтисод ба сӯи онҳо омадааст.
Қаблан ҳамчунин ҳамоиши бузургро Русия дар Санкт-Петербург бо кишварҳои Африко ба роҳ андохта буд.