Ҳинд, Исроил ва Толибон “эътилофи пинҳон”-е алайҳи Исломобод ташкил додаанд.
Нависанда: доктор Холидин Зиёӣ, раиси Андешкадаи гуфтумони таълимии миллати Афғонистон, махсус барои "Сангар"
Матлаби аслӣ: پس از ایران نوبت پاکستان است
Дар даҳаҳои ахир, таҳаввулоти геополитикии минтақаи Ҷануби Осиё ҳамвора бо рақобатҳои амниятӣ, иттилоотӣ ва низомӣ миёни бозигарони калидии минтақаӣ ва фаромитақаӣ ҳамроҳ будааст. Покистон, ба унвони як қудрати ҳастаӣ ва бозигари таъсиргузор дар муодилоти минтақаӣ, борҳо ҳадафи таҳдидоти мустақим ва ғайримустақими амниятӣ қарор гирифтааст. Дар охирин таҳаввулот, иттилооти мунташиршуда аз сӯи ниҳодҳои амниятии Покистон нишон медиҳад, ки як гурӯҳи харобкори бисёр хатарнок, бо ҳимояти иттилоотии сеҷониба аз сӯи Ҳинд, Исроил ва Иморати Толибон, дар садади иҷрои амалиётҳои тахрибӣ ва ҳадаф қарор додани таъсисоти калидии низомӣ ва ҳастаии ин кишвар будааст.
Шиносоии шабакаи харобкорӣ ва нақши бозигарони хориҷӣ:
Гузоришҳои расмӣ ҳокӣ аз он аст, ки ин гурӯҳи харобкор, бо дарёфти пуштибонии логистикӣ ва иттилоотӣ аз созмонҳои истихбороти Ҳинд, Исроил ва Иморати Толибон, қасд дошт силсилае аз ҳамалоти инфиҷориро дар нуқоти ҳассоси Покистон, бавежа таъсисоти ҳастаӣ, ба иҷро бигузорад. Хушбахтона, ин гурӯҳ тавассути нерӯҳои амниятии Покистон пеш аз иҷрои барномаҳои худ шиносоӣ ва боздошт шуд. Бо ин ҳол, ин рӯйдод танҳо бахше аз як тарҳи бузургтар ва марҳалаӣ барои бесуботсозии амнияти дохилии Покистон ба шумор меравад.
Аҳдоф ва сиёсатҳои пуштипардаи эътилофи Ҳинд, Исроил ва Толибон:
Таҳлилгарони масоили амниятӣ бар ин боваранд, ки пас аз нокомии Ҳинд дар даргириҳои мустақим бо Покистон, аз ҷумла шикастҳои ҳавоии ахир, сиёсатгузорони Деҳлии Нав ба сӯи тактикаҳои ниёбатӣ ва харобкорона тағйири масир додаанд. Ин тағйири рӯйкард, бо ҳамкории фазояндаи созмонҳои иттилоотии Исроил ва ҳимояти майдонии Иморати Толибон, ба эътилофи сеҷониба табдил шуда, ки ҳадафи ниҳоии он, тазъифи тадриҷии сохтори дифоӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Покистон аст.
Дар ҷараёни як ҷанги кӯтоҳмуддат миёни Ҳинду Покистон, ки ба гуфтаи генерал Мунир, раиси Ситоди артиши Покистон, тамоми кишварҳо бетараф боқӣ монданд, танҳо Исроил ва Толибон буданд, ки дар канори Ҳинд қарор гирифта ва ошкоро алайҳи манофеъи Покистон мавзеъ гирифтанд. Ин иттиҳоди бесобиқа миёни як режими саҳюнистӣ, як давлати миллигаро ва як гурӯҳи бунёдгарои исломӣ, аз манзари роҳбурдӣ ва амниятӣ, падидае камсобиқа ва ҳушдордиҳанда ба шумор меравад.
Баҳрабардорӣ аз шикофҳои дохилӣ: роҳбурди фурӯпошӣ аз дарун
Эътилофи мавриди баҳс, роҳбурди аслии худро на бар ҳамалоти низомии мустақим, балки бар баҳрабардорӣ аз шикофҳо ва танишҳои дохилии Покистон мутамаркиз кардааст. Ихтилофоти сиёсӣ, мазҳабӣ, қавмӣ ва минтақаӣ, бистарҳои мусоиде барои иҷрои амалиёти иттилоотӣ, харобкорона ва террористӣ фароҳам овардаанд. Дастгоҳҳои иттилоотии душман, бо нуфуз дар ин бистарҳо ва баҳрабардорӣ аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, талош доранд фазои равонӣ ва сиёсии Покистонро мултаҳиб сохта ва эътибори давлатро тазъиф намоянд.
Дар гузашта ин эътилоф тавонистааст муваффақиятҳое дар зарба задан ба ниҳодҳои амниятӣ ва ҳокимияти Покистон касб кунад. Акнун, дар шароите, ки ин кишвар бо чолишҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятии мутааддиде мувоҷеҳ аст, замина барои афзоиши осебпазирӣ бештар фароҳам шудааст.
Ташкили маркази фармондеҳии иттилоотии муштарак:
Гузоришҳои майдонӣ аз ташкили як маркази фармондеҳии муштараки иттилоотӣ миёни Ҳинд, Исроил ва Толибон ҳикоят дорад. Ин марказ бо ҳадафи табодули иттилоот, ҳамоҳангии амалиётӣ ва барномарезии дақиқ барои иҷрои силсилаи ҳамалоти ҳадафманд тарроҳӣ шудааст. Чунин сатҳе аз ҳамоҳангӣ миёни се бозигар бо пешинаҳои сиёсӣ ва идеологии мутафовит, баёнгари хатари амиқ ва созмонёфтаест, ки амнияти миллии Покистонро таҳдид мекунад.
Натиҷагирӣ:
Таҳаввулоти ахир нишон медиҳад, ки амнияти миллии Покистон, на танҳо аз ҷониби таҳдидоти классики низомӣ, балки аз тариқи ҷанги иттилоотӣ ва амалиётҳои печидаи харобкорона низ дар маърази хатар қарор дорад. Эътилофи иттилоотӣ миёни Ҳинд, Исроил ва Иморати Толибон, намоде аз тағйири моҳияти таҳдидоти амниятӣ дар асри ҷадид аст; Таҳдидоте, ки бо истифода аз шикофҳои дохилӣ ва ҷанги нарм, метавонанд фурӯпошии як кишварро бидуни ҳамлаи мустақим рақам бизананд.
Зарурӣ аст, ки давлат ва ниҳодҳои амниятии Покистон, бо бознигарӣ дар роҳбурдҳои муқобила бо таҳдидоти таркибӣ (hybrid threats), иқдомоти пешгирона, тақвияти инсиҷоми миллӣ ва хунсосозии барномаҳои иттилоотии душманро дар садри авлавиятҳои худ қарор диҳанд. ояндаи суботи Покистон, вобаста ба мизони ҳушёрӣ ва ҳамоҳангии дохилӣ дар мувоҷиҳа бо ин эътилофи печида ва чандлоя хоҳад буд.