Ё кадом як аз онҳо ба хайри Афғонистон фикр мекунад?
Нависанда: Разманда таҳлилгар, махсус барои Сангар
Дар таҳаввули назмҳои ҷаҳонӣ Афғонистон дар паллаи тарозуи бозиҳои қудрат сабуку сангин нашудааст. Танҳо нақши он дар шикаст ва ё эҷодбандиаш дар миёни қудратҳои бузург будааст. Дар нигоҳи ом, Шарқу Ғарб истилоҳан ба тақсимбандии тафаккури сиёсӣ ва фарҳангӣ итлоқ мешавад, ки дар он марзбандҳои ҷуғрофиёӣ чандон матраҳ назар нест, яъне ҳеҷ унсури ҷуғрофиёӣ наметавонад, бар мустадал будан, истилоҳи Шарқ, далолат кунад. Ин танҳо ҳамгунии фарҳангӣ аст, ки Шарқро месозад ва ё ин ки Ғарбро аз он ҷудо менамояд.
Шарқ ба истилоҳи маъмули ба кор бурдашуда дар баробари қудратҳои осиёӣ будааст. Агарчи Русияи имрӯзӣ, дар камарбанди вустои Шарқу Ғарб ва ё беҳтар аст бигӯем, Аврупову Осиё воқеъ шудааст ва ҷузъи ҳарду ҳисоб мешавад, аммо ба лиҳози фарҳангӣ, мазҳаби ортрдокс ва тақобули ҳамешагии он бо тафаккури либерали ғарбӣ, маркази қудрати Шарқӣ ва нуқтаи сиқли қутби Шарқ, ба ҳисоб меояд. Ба ҳамин сон Чини имрӯз бештар як Чини муҳофизакор аз лиҳози фарҳангӣ аст, то як бахше аз фарҳанги сиёсии Ғарб, ки талош дар ҷиҳати ҳамгунсозии соири ҷуғрофия дорад.
Афғонистони имрӯз таҷрибаи ҳамбозӣ будан бо Шарқу Ғарбро дорад ва ҳамвора дар таҳти сояи бозиҳои геополитикӣ миёни Шарқу Ғарб, майдони муносибе будааст. Чун маводи сӯхти арзону бидуни ҳазина, ки асли иллати ташаннуҷу бесуботӣ дар ин кишварро нишон медиҳад, аз ҳимояти Ғарб дар Шарқ ва ё Шарқ дар баробари Ғарб, маншаъ гирифтааст. Ба ин асос, агар як арзёбии бетарафонаи мубтанӣ бар воқеиятҳои таърихӣ ва бароварди сиёсатҳои қудратҳои Шарқу Ғарб дошта бошем, бояд ба нукоти аслӣ ва моҳияти ду қутб - Шарқу Ғарб, ки бештар тақсимбандии фарҳангӣ аст ва ҳарду дар як таниши доимӣ ба сар бурдаанд, мазиятҳо ва тафаккури ҳарду қутбро баршуморем.
Агарчи вожаҳои Шарқ ва Ғарб маҳсули тафаккури “ҷанг сард” аст ва дар ҳоле ки дунё ба ду қутби мутаззоди фикрӣ, ки дар як таззоди идеологӣ ба сар мебурданд, сари забонҳо афтод, аммо рӯйиҳамрафта дунё камокон дар гурӯҳи ин тафаккур боқӣ мондааст. Ҳамин ҳоло, ки низоми байналмилалӣ як давраи гузорро ба самти пасоқутбӣ таҷриба мекунад, ду қутби номаръии Шарқ ва Ғарб дар доираи аслии рақобат барои ин таҳаввул қарор доранд. Аммо чӣ хуб, ки як силсила муштаракот, мазиятҳо ва таноқузоти фикрӣ ин қутбҳоро дар майдони Афғонистон баршуморем, ки дастмояи он, таҳаввули кунунӣ аст ва вазъияти гузашта, ҳол ва ояндаи Афғонистонро ба шиддат таҳти таъсир қарор медиҳад.
Пас ин тафовутҳо қарори зайланд:
- Ҳамвора дар нигоҳи Шарқ, суботу амният ҳоизи аҳамият будааст ва тақаддуми он бар мавориди дигар комилан машҳуд. Ҳамин иқтидоргароии давлатии маъмул дар қутби Шарқ, шоҳиди хуби ин муддаост. Дар ҳоле ки Ғарб манфиати иқтисодӣ ва бозиҳои истихборотиро ба асоси доктринаи бесуботкунанда ва мағшушкунандаи амният дар дастури кор қарор додааст. Ин кор дар доктринаи ғарбӣ ба василаи дастурамалҳои сиёсиву амниятӣ, дар қоидаи бозии рақобати Шарқ бо Ғарб аз ҷониби ғарбиҳо мадди назар будааст;
- Шарқ ҳамвора бо тундравии мазҳабӣ ва ақидатӣ мубориза карда ва дар ҷониби муқобили он қарор доштааст. Ба истиснои мавориде ҳамчун таомул ва ҷуромади Чин бо Толибон ва тафоҳуми Эрон бо гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ, ки дар ҷиҳати умқи стротежики Эрон дар Ховари Миёна меҷанганд, талоши шарқиҳо ҳамвора бар эҷоди тамос бо ҷараёнҳои миллӣ, идеологии чап ва миёнарав будааст, ки худ нишондиҳандаи тафовути ошкор миёни тафаккури ғарбӣ ва шарқиро нишон медиҳанд. Дар ҳоле ки Ғарб аз тундравии мазҳабӣ, ҳамвора дар ҷиҳати бароварда сохтани аҳдофи стротежики худ суд бурдааст;
- Нигоҳи Шарқ ҳамвора бар моҳияти натсионалистӣ ва ҷараёнҳои озодибахш, ки аз дили буҳронҳои сиёсӣ дар ҷуғрофияи он берун омада, будааст. Дар ҳоле ки Ғарб аз ин ҳарба барои барномаҳои сиёсии худ суд бурдааст. Масалан, ҷанги Афғонистон, ки ибтидо ҷанги озодбахш унвон гирифта буд, умдатан дар ҷиҳати бароварда сохтани аҳдофи стратегии Ғарб маҳсуб мешавад;
- Шарқ ҳамвора бо иқтидоргароии давлатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бар тавсеаи иқтисодии ҷуғрофияи наздик он алоқаманд будааст. Иттиҳоди Шӯравии собиқ, Чини имрӯз аз намунаҳои хуби ин муддаост. Дар ҳоле ки Ғарб бо таҳмили назарияҳои инсонкуши неолиберализми ғарбӣ, қотили инсонҳои фақир ва бесарват будааст;
- Дар нигоҳи шарқиҳо ибтидо амният ва баъдан тавсеаи иқтисодӣ мадди назар будааст. Дар ҳоле ки ғарбиҳо барои касби манофеи иқтисодии худ, аз ҳар ҳарбаи амниятӣ барои амниятзудоӣ истифода мебаранд. Ҷанги тарёк дар Чин, тақвияти гурӯҳҳои террористӣ, ки бонии умдаи қочоқи маводи мухаддир дар Осиёанд, қочоқбарони аслиҳа ҳама дар хидмати манофеи ғарбӣ будаанд, мисолҳои хубе дар ин заминаанд. Дар ҳоле ки нигоҳи муқобилаҷӯёнаи Шарқ бо ин аносир, даромади инчунинӣ аз мафияи маводи мухаддир, аслиҳа ва инсонро талоше аз ҷониби Ғарб барои амниятзудоии Шарқ, нишон медиҳад;
- Шарқ имрӯз дар талош нест, то мудели хоси сиёсӣ аз режимҳо ва низомҳои сиёсиро таҳмили ҷомеаҳо перомуни шарқӣ кунад, бал талоши умдаи он, таъмини амният, минтақагароии манфиатҷӯёнаи иқтисодӣ барои тамоми минтақа, эҷоди камарбанди муқобила бо таҳдидоте аст, ки метавонад манофеи ҳаётии тамоми минтақаро бо хатар мувоҷеҳ созад. Дар ҳоле ки Ғарб дар сояи доктринаи назми навини ҷаҳонӣ, тарҳи Ховари Миёнаи бузург, таҳмили арзишҳои амрикоӣ ва либерал, мафоҳими бемаъное ҳамчун ҳуқуқи башар, ки худ ноқизи умдаи он аст, ҳамвора бар таҳмили ин афкор тақозо дорад;
- Аз ин ки ҳар феълу инфиоли амниятӣ дар Афғонистон бар вазъияти тамоми минтақа таъсир доштааст ва инро таҷрибаи гузашта нишон медиҳад, биноан талоши Шарқ дар ҷиҳати амниятгароии минтақаӣ аст, то роҳе барои берунрафт аз муъзали амниятзудо пайдо шавад. Дар ҳоле ки барои Ғарб амният ва ноамнӣ дар Афғонистон арзиши сонавӣ дорад ва дар бисёре маворид як Афғонистони ноамн, як дастоварди бузург барои Ғарб ҳисоб мешавад;
- Шарқ ҳамвора бар камарбанди муҳофизати амниятӣ перомуни кишварҳои осиёӣ фикр мекунад, чун медонад, ки фуқдони чунин камарбанде, дарвоқеъ тазмине аст барои тамоми минтақа аз шарри барномаҳои амниятзудоии Ғарб. Дар ҳоле ки талоши Ғарб шикастондани ин камарбанд аст, ки дар натиҷа амнияти тамоми минтақаи шарқӣ ба хатар биафтад ва манофеи амниятии Ғарб таъмин шавад;
- Нигоҳи Ғарб ҳамвора бар Афғонистон ва кишварҳои перомуни он, нигоҳи тавъам бо таҳқиру кӯчакбинӣ аст. Дар ҳоле ки Шарқ, Афғонистон ва кишварҳои перомуни онро ҷузъи ҳаётии соҳаи ҷуғрофиёи фарҳанги сиёсӣ ва стратегии ҳоким бар минтақа медонад ва тафовуте миёни Афғонистон ва соири кишварҳои перомуни он, қоил нест.
Истинтоҷи масъала:
- Тафовут миёни Шарқу Ғарбро сайри таърихӣ таъйин мекунад. Ҳамон тавре, ки таҷориби таърихии гузашта тафовутҳои фоҳишеро дар наҳваи биниши мардуми Шарқ нисбат ба Ғарб шакл додааст, ба ҳамон андоза, масири ояндаи кишварҳои шарқӣ дар таҳти сояи ҳамин таҷориби таърихӣ, таъйин хоҳад шуд;
- Афғонистони қарни нуздаҳ, бисту бисту як чандин таҷрибаи ҳузури низомӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Шарқу Ғарбро доштааст. Ин таҷориб нишон медиҳад, ки кадом ҳузур дар ҷиҳати манофеи бузурги иқтисодӣ ва амниятии Афғонистон корсоз будааст? Дар ҳоле ки нигоҳи бештари мардум ба ваҷҳаи мухарриби ин ҳузур будааст, аммо дастовардҳои низомҳои сиёсии таҳти ҳимоят Шарқ дар Афғонистон натоиҷи матлуби хубе доштаанд, ки наметавон аз онҳо инкор кард;
- Ҳеҷ гоҳ Ғарб наметавонад аз фарсангҳо дур ба тазминҳои амниятӣ, рифоҳи иқтисодӣ, амниятӣ ва сиёсии мо бипардозад. Ин кор дар оянда низ имкони баровард сохтани аҳдофи стратегии ғарбиро дар Афғонистон мунтафӣ месозад. Дар ҳоле ки Шарқ тавсеаи Афғонистонро ҳамвора дар ҷиҳати манофеи бузурги иқтисодии худ мебинад ва амниятро муқаддам бар он мешуморад;
- Нигоҳи мо бояд бештар бар иқтидори мавҷуд дар минтақа (Шарқ) бошад. Фароминтақа танҳо дар мавқеи буҳронӣ амниятзудоӣ мекунанд, ки ба ҳеҷ сурат ба нафъи мо нест. Танҳо қуввати минтақаӣ (шарқӣ) метавонад дар ҷиҳати таъмини амният, рифоҳи иқтисодӣ ва озодсозии Афғонистон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад;
- Фарҳанги мо бо Шарқ тафовути чандоне надорад. Дар ҳоле ки бо Ғарб таззодҳои амиқи фарҳангӣ дорем, ки имкони ҳар гуна созишро ба сурати стратегӣ бо он, мунтафӣ месозад. Тафовути фарҳангҳо то ҳадде муҳиму корсоз аст, ки метавонад ба унвони як монеъи умда фарорӯи ин тафоҳум миёни Ғарбу Шарқ, ҳисоб шавад.