Оё як меъмории ҷадид дар назми байналмилалӣ дар роҳ аст?

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Доналд Трамп, дар январи 2026 аз роҳандозии он чӣ “Шӯрои сулҳ” номида мешавад, ба унвони як созмони байналмилалии ҷадид хабар дод.

Дарвоқеъ, душвор аст бигӯем, ки ин ибтикор ба таври ногаҳонӣ ва аз ҳеҷ шакл гирифтааст. Решаи он ба қатъномаи шумораи 2803 Шурайе Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар 17 ноябри 2025 бозмегардад, ки пешнависи он тавассути Иёлоти Муттаҳида таҳия шуда буд. Ин қатънома, ки бо 13 раъйи мувофиқ ба тасвиб расид ва Чин ва Русия дар раъйгирӣ дар бораи он мумтанеъ монданд, «тарҳи ҷомеи барои поён додан ба мунозиъа дар Навори Ғазза»-и иборат аз 20 банд, яъне тарҳи Доналд Трампро, таъйид кард.

Маншури Созмони Милали Муттаҳид ва асли вуҷуди ин созмон, ки дар соли 1945 эҷод шуд, тайи чандин насл аз ҳуқуқдонон ва муттахассисони ҳуқуқи байналмилал, ба таври суннатӣ ҳамчун воқеияте тағйирнопазир ва собитшуда талаққӣ шудааст. Дар муқобил, маншури “Шӯрои сулҳ”, ки тавассути гурӯҳе аз кишварҳо дар Давос имзо шудааст, ҳатто як бор ҳам номи Навори Ғаззаро намебарад. Ин санад танҳо аҳдофи куллӣ ва ҷаҳониро матраҳ мекунад; аз ҷумла кумак ба субот, бозсозии ҳукумати қонунӣ ва тазмини сулҳи пойдор дар манотиқи даргири мунозиъа.

Доналд Трамп ба унвони раиси ин созмон мансуб шудааст ва ҳатто пас аз поёни давраи раисҷумҳуриаш низ ин симатро ҳифз хоҳад кард. Узвият дар “Шӯрои сулҳ” баста аст, танҳо аз тариқи даъват имконпазир аст ва мусталзими пардохти ҳадди ақал як миллиард доллари Амрико ба унвони саҳми узвият мебошад. Тасмимот бо аксарияти оро ва бо таъйиди мустақими раис, яъне Доналд Трамп, иттихоз мешаванд.

Ин рӯйкард тафовути бунёдине бо усули Созмони Милали Муттаҳид дорад, созмоне, ки дар он ҳамаи кишварҳо баробаранд ва тасмимоти Шурои Амният бо мувофиқати ҳамаи аъзои доимии он иттихоз мешаванд.

“Шӯрои сулҳ” моделе силсиламаротибӣ эҷод мекунад, ки дар он Вашингтон, ё ба баёни дақиқтар Доналд Трамп, аз ҳаққи раъйи таъйинкунанда бархӯрдор аст, бидуни он ки ҳатман мавозеи дигар кишварҳоро дар назар бигирад. Ин масъала яке аз далоили аслие буд, ки Пекин ва Маскав дар раъйгирӣ дар бораи қатъномаи шумораи 2803 аз додани раъйи мувофиқ худдорӣ карданд.

Таҳлилгарони хориҷӣ беш аз пеш “Шӯрои сулҳ”-ро талоше аз сӯи Иёлоти Муттаҳида барои эҷоди ҷойгузине барои Созмони Милали Муттаҳид медонанд. Холид Ҷундӣ, коршиноси умури Ховари Миёна дар Муассисаи амрикоии “Куинси барои ҳукуматдории масъулона”, ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст, ки бо таваҷҷуҳ ба изҳорот ва иқдомоти давлати раисҷумҳури Амрико, ба назар мерасад Вашингтон қасд дорад ҳавзаи фаъолияти “Шӯрои сулҳ”-ро фаротар аз ҳаллу фасли мунозиъаи Ғазза густариш диҳад ва ҳатто онро ҷойгузини Созмони Милали Муттаҳид кунад.

Таъйиди дигаре бар ин раванд, фармонест, ки дар 7 январи 2026 имзо шуд ва бар асоси он, Амрико аз 60 ниҳод хориҷ мешавад ва дар натиҷа таъмини молии онҳоро низ мутаваққиф мекунад; ниҳодҳое ки бархе аз онҳо вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид ва бархе хориҷ аз ин созмон ҳастанд ва фаъолияташон “бо манофеи Вашингтон мутобиқат надорад”.

Коршиносони Маркази мутолиъоти шарқии Лаҳистон низ ба талоши Доналд Трамп барои эҷоди созмоне ишора мекунанд, ки ба он ихтиёри ба чолиш кашидани мабонии низоми мавҷуди созмонҳои байналмилалӣ дода шавад. “Дойче Велле”-и Олмон низ тасреҳ мекунад, ки сохтори ҷадид аз ҳамакнун ба унвони рақиби Созмони Милали Муттаҳид талаққӣ мешавад.

“Шӯрои сулҳ” дар ҳоли ҳозир ба унвони абзоре муносиб ва комилан таҳти назорати шахси Доналд Трамп барои таҳаққуқи бахши хориҷии шиори ӯ, яъне “Амрикоро дубора бузург кунем”, ба назар мерасад. Ин ба маънои талоше барои ҳаллу фасли мунозиъаҳои дерина дар саросари ҷаҳон бидуни қолабҳои идеологӣ, балки аз тариқи иҷрои пружаҳои тиҷории қобили фаҳмтар барои ӯ, таҳти назорати мустақими худи ӯ ва бо ҳадафи канор задан ё заъиф кардани рақибони Иёлоти Муттаҳида аст.

Барои таҳаққуқи ин аҳдоф, Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, бо вуҷуди узвияти Амрико дар Шӯрои Амният ва бархӯрдорӣ аз ҳаққи вето, муносиб нестанд. Аз ин рӯ, Доналд Трамп омода аст масоили марбут ба кӯмакҳои башардӯстона ва амалиёти ҳифзи сулҳро ба Созмони Милали Муттаҳид вогузор кунад. Ба баёни дигар, ӯ мехоҳад касбу корҳoи ояндадoрро ба сохторе ҷадид ва комилан таҳти мудирияти худ мунтақил кунад.

Дар айни ҳол, дар “Шӯрои сулҳ” эҷодшуда як нуктаи дигар низ вуҷуд дорад, ки то кунун дар соя мондааст. Раиси ин шӯро аз имтиёзот ва масуниятҳое бархӯрдор аст, аз ҷумла масуният дар баробари салоҳияти қазоии миллӣ. Доманаи ин масуниятҳо ҳанӯз бояд мушаххас шавад, аммо мумкин аст дар сурати шикасти ҷумҳурихоҳон дар интихоботи тирамоҳи имсол ва эҳтимоли истизоҳ (импичмент)-и Трамп, бисёр ба кор ояд. Мақоми раиси доимӣ ва ғайри қобили тағйир дар чунин шароит метавонад бисёр муфид воқеъ шавад.