Дар моҳи саври соли 1403 (20 апрел -20 майи соли 2024) нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон 29 амалиёти чирикӣ анҷом доданд, ки дар пайи он 108 толиби террорист куштаву захмӣ шуданд.
Кобул, 24 апрел – Хабаргузории “Муқовимат” – Сангар. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалиёти ҳадафмандро бар мавозиеи душман дар Кобулу соири бузургшаҳрҳо анҷом доданд.
Пас аз нахустин ҳамлаи муқовиматгарон дар шомгоҳи шанбе (20 апрели соли 2024) бар як исти бозрасии малишаҳои гурӯҳи толибони террорист дар соҳаи Худхел аз марбутоти ҳавзаи нуҳуми амниятии шаҳри Кобул, неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ муваффақ шуданд, то 20 ҳамлаи пайиҳамро дар ҳавзаҳои мухталифи Кобул бар мавозеи душман дар камтар аз як моҳ созмондиҳӣ ва иҷро кунанд, ки дар натиҷаи он ба террористони толиб талафоти сангине ворид гардид.
Ҳамчунон нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ тавонистанд дар моҳи саври соли равон, дар шаш вилояти кишвар ҳузуру амалиётҳои ҳадафмандашонро бар мавозеи душман тарҳу иҷро кунанд.
Дар амалиётҳои моҳи саври 1403, чанд арода мутари ҳомили малишаҳои террористи Толибон тахриб ва як теъдод аз ҷангафзорҳои душман ба дасти муқовиматгарон афтодааст.
Ҳамалоти размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пас аз оғози моҳи муборак Рамазон шиддат ёфт ва ба аъзои гурӯҳи террористӣ талафоти сангине ворид кард, ки бозтоби ҷузъиёти лаҳза ба лаҳзаи ин рӯйдодҳо аз тариқи хабаргузории “Муқовимат” ва соири расонаҳои миллию байналмилалӣ ба дастрасии шаҳрвандону ҷаҳониён қарор гирифтааст.
Ҷузъиёти амалиётҳои як моҳи ахири неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз тариқи зайл аст:
1 - Худхел, ҳавзаи 9, Кобул, шанбе, 20 апрел, 7: 45 шом - ҳамла бар исти бозрасӣ, 2 куштаву 2 захмӣ;
2 - Чаҳорроҳии Қамбар, ҳавзаи 5, Кобул, якшанбе, 21 апрел, 10:20-и шаб - ҳамла бар пӯстаи амниятӣ - 2 куштаву 3 захмӣ;
3 - Пули Подшоҳ, ҳавзаи 16, Кобул, душанбе, 22 апрел, 8:30 шом - ҳамла бар исти бозрасӣ - 3 куштаву 2 захмӣ, 1 фолдер (мошин);
4 - Байни чаҳорроҳии Тавҳиду Тойманӣ, ҳавзаи 15, Кобул, чаҳоршанбе, 24 апрел, 8:10-и шом - ҳамла бар исти бозрасӣ - 1 куштаву 2 захмӣ;
5 - Девонбегӣ, ҳавзаи 5, Кобул, чаҳоршанбе, 24 апрел, 8:30-и шом - ҳамла бар исти бозрасӣ - 2 куштаву 1 захмӣ;
6 - Ҳавзаи дувуми амниятӣ, Кобул, шаби чаҳоршанбе, 24 апрел - ҳамла бар исти бозрасӣ - 2 куштаву 5 захмӣ, 1 ренҷер (мошин);
7 - Соҳаи шаҳраки санъатӣ, Багром, Парвон, чаҳоршанбе, 24 апрел, 7:30-и шом - ҳамла бар посгоҳи амниятӣ - 1 куштаву 3 захмӣ;
8 - Ҷангалбоғ, дарвозаи шимолии шаҳри Чорикор, Парвон, шаби панҷшанбе, 25 апрел - ҳамла бар посгоҳи амниятӣ - 3 захмӣ;
9 - Танки тели Кӯҳдоман, Сари Кӯтал, ҳавзаи 17, Кобул, ҷумъа, 26 апрел, 8:00-и шом - ҳамла бар исти бозрасӣ - 2 куштаву 3 захмӣ;
10 - Ҷодаи Чаҳордеҳӣ, ҳавзаи 6, Кобул, шанбе, 27 апрел, 7: 20 – и шом - ҳамла бар толибони дучархадор - 2 кушта, 2 дучарха;
11 - Муқобили сохтмони шаҳрдорӣ, Ҳирот, шанбе, 27 апрел, 5:00-и субҳ - ҳамла бар ҷангҷӯёни толиб - 2 кушта;
12 - Муқобили ҳавзаи 13, Кобул, шаби шанбе, 28 апрел, 9:00 - ҳамла бар исти бозрасӣ - 3 куштаву 2 захмӣ;
13 - Наздикии Стадион, ҳавзаи 16, Кобул, чошти якшанбе, 28 апрел, 1:20 - ҳамла бар газмаи толибон - 1 куштаву 2 захмӣ;
14 - Кӯчаи Мактаб, ҷодаи Кампанӣ, ҳавзаи 5, Кобул, шаби душанбе, 29 апрел, 7:30 - ҳамла бар исти бозрасӣ - 1 куштаву 2 захмӣ;
15 - Кӯчаи сеюм, Қалъаи Вазир, ҳавзаи 5, Кобул, шаби якшанбе, 29 апрел, 9:00 - ҳамла бар мутари ҳомили толибон - 2 куштаву 3 захмӣ;
16 - Пактиёкут, ҳавзаи 12, Кобул, шоми панҷшанбе, 2 май, 7:15 - ҳамла бар исти бозрасӣ - 1 куштаву 2 захмӣ;
17 - Арзонқимат, ҳавзаи 12, Кобул, шоми панҷшанбе, 2 май, 7:45 - ҳамла бар мутари ҳомили толибон - 1 куштаву 2 захмӣ;
18 - Минтақаи Шайдоӣ, Ҳирот, шоми шанбе, 4 май, 7:30 - ҳамла бар исти бозрасӣ - 3 кушта;
19 - Дари вурудии вазорати дохила, Кобул, шоми якшанбе, 5 май, 7:40 - ҳамла бар исти бозрасӣ - 2 куштаву 2 захмӣ;
20 - Дари вурудии ҳавзаи нуҳуми амниятӣ, Кобул, шоми якшанбе, 5 май, 8:15 - ҳамла бар ҳавзаи амниятӣ - 2 куштаву 1 захмӣ;
21 – Вулусволии Ниҷроби Кописо, душанбе, 6 май - афрози камин - 3 куштаву 2 захмӣ ва 1 ренҷер;
22 - Ҳавзаи ҳафдаҳум, Кобул, шаби ҷумъа, 10 май, 8:30 - ҳамла бар исти бозрасӣ - 3 куштаву 4 захмӣ;
23 - Соҳаи Нассоҷӣ, ҳавзаи ҳаштум, Кобул, шаби якшанбе, 12 май, 8:40 - ҳамла бар мутари гаштзанӣ - 1 куштаву 2 захмӣ;
24 - Гарданаи Кортаи Сахӣ, ҳавзаи дувум, Кобул, шаби якшанбе, 12 май, 8:40 - ҳамла бар посгоҳи амниятӣ - 2 куштаву 1 захмӣ;
25 - Ноҳияи ёздаҳум, шаҳри Ҳирот, шаби якшанбе, 12 май, 8:20 - ҳамла бар исти бозрасӣ - 2 куштаву 1 захмӣ;
26 - Минтақаи Калур, вулусволии Ӯбаҳии Ҳирот, субҳи якшанбе, 12 май, 9:00 - ҳамла бар як толиб - 1 кушта;
27 - Фосилаи 20 метрии қумандонии амнияи Тахор, пас аз чошт, 18 май, 2:45 - ҳамла бар мутари ҳомили толибон - 4 куштаву 2 захмӣ;
28 - Ҳавзаи якум, 300 метрии Арг, Кобул, шаби якшанбе, 19 май, 9:00 - ҳамла бар мутари гаштзании толибон - 1 куштаву 1 захмӣ;
29 - Марбутоти вулусволии Пули Ҳисори Андароби Бағлон, шаби душанбе, 20 май, 2:00 - ҳамла бар қароргоҳи толибон - 1 куштаву 2 захмӣ;
Соҳаи амалиётҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ омори талафоти душман дар моҳи саври 1403; Кобул, Ҳирот, Парвон, Кописо, Тахору Бағлон - 53 куштаву 55 захмӣ;