Эътирозот аз вулусволии Дароим шуруъ шуда, ба Аргуву Ҷурм расид.
Файзобод, 04 май – “Сангар”, Ҷамшед Бадахшӣ. Манобеъи мо мегӯянд, ки ин эътирозот ба барканаории волии паштуни Толибон дар Бадахшон рабт дорад.
Манобеъ аз куштаву захмӣ шудани мӯътаризин хабар медиҳанд. Як ҷавони 25-сола ба номи Босит валади Носир, бошандаи рустои Гандачашмаи вулусволии Аргу бо зарби гулӯла аз сӯи Толибон кушта шуда, 7 мӯътаризи дигар захмӣ шудаанд. Чанд арода ранҷери Толибон низ тахриб шудааст.
Теъдоди мӯътаризон афзуда, бинои маъмурияти вулсуолӣ дар муҳосира аст. Толибоне, ки аз марказ барои саркӯби мӯътаризон омада буданд, аз соҳа фирор кардаанд.
Эътирозот рӯзи гузашта (3 май) аз рустои Қарлиқи вулусволии Дароими Бадахшон шурӯъ шуда буд. Сабаби эътироз ин буд, ки Толибон дар ин русто ҳангоми нобуд кардани киштзорҳои кӯкнор мазореъи гандуми онҳоро низ тхриб кардаанд. Мардум ба ҷодаҳо рехта, шиори "Марг бар иморат!" - ро сар доданд.
Дар аввалин даргирӣ як тан ба номи Низомуддин кушта ва як тан дигар захмӣ шуд.
Мардуми маҳал иддао доранд, ки паштунҳо дар хонаҳои мардум ва мансабҳои давлатӣ ҷо гирифтаанд ва ҳуқуқи бошандагони ин вулусволӣ, ки тоҷик ҳастанд, нақз мешавад.
Ҳамчунон рӯзи гузашта миёни афроди ду фармондеҳи Толибон - Мавлавӣ Маҳбубуллоҳи Хустакӣ, фармондеҳи фирқаи майдони ҳавоии Толибон дар Бадахшон ва Додмуҳаммад, аз фармондаҳон маҳаллӣ дар рустои Ускони вулусволии Ҷурм даргирӣ рух дод. Дар пайи он яке аз афроди Додмуҳаммад ба номи Нуриддин, аз сӯи Абдулманон аз ҷангҷӯёни вобаста ба Мавлавӣ Маҳбуболлоҳ захмӣ шуд.
Таҳаррукоте дар вулусволии Нусай, ҳаммарз бо Тоҷикистон, дида мешавад. Раҳбарии Толибон мехоҳад Мавлавӣ Ҷумъа Дарвозиро, ки вулусволи Нусай аст, ба Баҳорак, як ливои Толибон дар Баҳорак табдил кунад. Мавсуф изҳори норизоиятӣ карда, аз конолҳои шахсӣ ба раҳбарии Толибон таҳдид кардааст, ки ба ДОИШ мепайвандад.
Манобеъи “Сангар” аз таҳаррукот дар вулусволиҳои Яфталу Ҷурм низ иттилоъ медиҳанд, ки тоҷирон бо нишони ҳамраъйӣ бо муътаризон дар Дароиму Ҷурм дарҳои дӯконҳои худро бастаанд.
МАХСУС АЗ “САНГАР”: Бино ба иттилоъи қаблие, ки ба даст омадааст, ин таҳаввулот ҳеҷ паёми хубе ба муқовимати зиддитолибонӣ надорад. Раҳбарии Толибон мехоҳад волии вилоят ва раиси амнияти онро, ки паштун ҳастанд, табдил ва ба ҷои онҳо тоҷикҳоро таъйин кунад. Зоҳиран оқибати ин эътирозҳо ба табдил ёфтани онҳо рабт дорад. Дар навбати худ, манобеъи мо дар миёни Толибон бар инанд, ки таъйини раҳбарии тоҷикӣ дар Бадахшон ҷузъе аз барномаи доишсозии Бадахшон аст.