Дар ҷангҳои дараи Ҳисораки Панҷшер як фармондеҳи матраҳи Толибон* кушта шудааст, на Мавлавӣ Гулбиддин Ҳанафӣ
КОБУЛ, 04 апрел – Сангар, Фарзом Козимӣ. Қаблан дар расонаҳои иҷтимоӣ ин хабар густарда бозтоб ёфт, ки Мавлавӣ Гулбиддин Ҳанафии Бадрӣ, фармондеҳи Қитъаи Сурхи Толибон дар даргириҳои ахири Панҷшер ба ҳалокат расидааст.
Як манбаъ дар вазорати дифоъи Толибон ба сомонаи Сангар гуфт, номбурда на мавлавӣ аст, на фармондеҳи Қитъаи Сурх буд ва ҳам на марбути лашкари “Бадрӣ”, балки як фармондеҳи тоҷики оддӣ аз қарияи Пайчаки дараи Фарошиғони вулусволии Давлатшоҳи вилояти Лағмон буд, ки собиқаи толибӣ ҳам надошт ва фақат пас аз суқути Кобул бо ҳудуди 15 нафар ба нерӯҳои Толибон пайваст.
“Вай рӯзи 11 ҳамал (31 март) дар минтақаи Сурубии роҳи Кобул - Лағмон дар асари ҳодисаи тарофикӣ ба ҳалокат расид”, - гуфт ӯ.
Аммо ин манбаъ кушта шудани як фармондеҳи хеле муҳими Толибон дар ҷангҳои дараи Пунии дараи Ҳисораки вулусолии Рухаи Панҷшерро таъйид карда, гуфт, то ба ҳол номаш ифшо нашуда, дар сатҳи раҳбарии низомии Толибон мотаму андӯҳ ба бор овардааст.
“Ӯ як фармондеҳи қандаҳорӣ ва аз афроди хоси Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Толибон будааст, ки ба хотири кушта шуданаш як маросими фотиҳа низ дар вазорати дифоъ гирифта шуд”, - гуфт манбаъ.
Тибқи гузоришоти манобеъи дигар, ин фармондеҳи Толибон, ки бо гуруҳи 300 – нафарааш барои берун кашидани аҷсод аз майдони ҷанг омада будааст, дар кӯтали Маликчашмаи Қандӣ аз сӯи размандагони Ҷабҳаи муқовимат кушта шудааст. Аммо воқеияти ин гузоришотро наметавон аз манобеъи расмӣ дақиқ кард.
Ҷангҳои Ҳисорак аз рӯзи 31 март ба ин сӯ идома доранд. Рӯзи 2 апрел Аминҷони Ҳисорак, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба сомонаи Сангар гуфта буд, ки рӯзи 1 апрел размандагони ҷабҳа як гуруҳи 300 – нафараи “Қитъаи сурх” – и Толибони зобулиро дар маҳалли қароргоҳи ҷабҳа дар дараи Пунӣ муҳосира карда, ҳудуди 50 тани онҳоро куштаву захмӣ карданд.
Бино ба иттилои охир, рӯзи гузашта, 3 апрел, як гуруҳи 20 – нафараи толибони қандаҳорӣ пас аз шикаст бо 7 ҷасад аз дараи Пунӣ ба дараи Абдуллохел ақибнишинӣ карданд.
Дар ҳамин ҳол, даргириву ҳамла ба Толибон дар дигар манотиқи Панҷшеру вилоёти дигар низ иттифоқ афтоданд. Дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабар дод, ки шаби 13 ҳамал (2 апрел) дар пайи як ҳамлаи чирикӣ бар як "ренҷер"-и марбут ба қитъаи "Бадрӣ" – и Толибон дар болои пули "Зуқои Мараштон" – и Панҷшер 3 толиб кушта ва 5 тани дигар захм бардоштаанд ва “ренҷер” комилан аз байн рафтааст.
Ҳамлаи дигари нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳаволии соат 10 –и 3 апрел сари мошини Мавлавӣ Рашшод Яфталӣ, раиси истихбороти Толибон дар вилояти Бадахшон, дар Пули Куҳна, маъруф ба Пули Устод Раббонӣ сурат гирифт, ки худаш шадидан захмӣ ва се муҳофизаш кушта шудаанд.
Бино ба иттилои манобеъи Сангар, Мавлавӣ Рашшод Яфталӣ, зодаи дараи Ғонгаи вулусволии Яфтали Болои вилояти Бадахшони Афғонистон аст, ки аз солҳои 90, замони рӯи кор омадани Толибон, ба онҳо пайваста, дар ҷангҳои Калафгони вилояти Тахор дар соли 1998 ба асорати нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати Аҳмадшоҳи Масъуд даромад ва баъдтар аз сӯи ӯ раҳо шуд. Ӯ тақрибан 65 сол дорад.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст