Хабари рӯз

Истихбороти Толибон ҳудуди 20 ҷангии худро бо иттиҳоми фирор аз сангарҳои дараи Панҷшер боздошт ва зиндонӣ кардааст

ҲИНДУКУШ, 03 апрел – Сангар, Ҳасиби Сангарӣ. Толибон имрӯзҳо ба гунаи гуруҳӣ ва инфиродӣ талош ба харҷ медиҳанд, ки дараи Панҷшерро қабл аз пурра об шудани барф тарк кунанд.

Манбаъ сомонаи Сангар, ки шоҳиди саҳнаи боздошти ҷангиёни ин гурӯҳ дар дарвозаи вурудии Панҷшер будааст, мегӯяд, пеши чашмони ӯ ду ҷангӣ – яке аз Ҳилманд, дигаре аз Зобул боздошт шуданд.

“Онҳо гуфтанд, ки дар вулусволии Хинҷ дар як пойгоҳи вазорати дифоъи Толибон адои вазифа мекарданд. Вақте тасмим ба фирор мегиранд, либосҳои худро иваз ва ришҳояшонро кӯтоҳ мекунанд. Силоҳҳояшонро ба мардуми маҳал бо нархи арзон мефурӯшанд. Сипас, ба таксии масири Панҷшеру Кобул нишастаанд, то худро аз дара берун кашанд”, - гуфт ӯ.

Ба қавли ин манбаъ, дар дарвозаи Панҷшер як тими вижаи истихборотии Толибон барои назорати убуру мурур ва ошкор кардани аъзои Ҷабҳаи муқовимат фаъолият мекунад, ки аз сӯи он чандин ҷавони панҷшерӣ боздошт ва ба Кобул интиқол дода шудаанд.

Аммо имрӯз баракси ин иттифоқ меафтад. Онҳо бояд мувозиби фирориёни худ бошанд, ки аз посгоҳҳо убур накунанд ва ҳамакнун афроди худро ба зиндонҳои Панҷшеру Кобул фиристанд. Ба гуфтаи манбаъи Сангар, ​​др он рӯз маҷмӯан 19 фирорӣ аз ҳамон вилоёти дар боло зикршуда боздошт шуданд.

«Толибони фирории боздоштшуда дар ҷараён бозҷӯӣ изҳор доштанд, ки вазъияти Панҷшер рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Мардуми маҳаллӣ онҳоро дӯст надоранд. Рӯзона ҳаракат дар масири дара бисёр душвор аст, чӣ расад ба шаб. Онҳо забон ва одобу русуми маҳаллиро намедонанд”, - гуфт манбаъ.

Огаҳони аҳвол далоили фирори толибон аз Панҷшерро ба ду ҳамлаи бузурги онҳо сари нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар як моҳи ахир рабт медиҳанд, ки ҳарду бо шикаст ва талафоти зиёди онҳо ба анҷом расид.

Яке, ҳамлаи Шутул буд, ки Толибон бо додани 9 кушта, ба шумули Мулло Иззатуллоҳ, муовини фармондеҳи “Қитъаи Сурх”-ашон, шикаст хӯрданд. Дигарӣ, ҷанги дараи Пунӣ аст, ки бузургтарин талафоти ҷонӣ, ҳудуди 100 куштаву захмиро барои Толибон бар ҷой гузошт ва то ба ҳол ҷанг ҳам идома дорад ва ҳам ҷасадҳои Толибон ҳамоно аз соҳа ба сӯи Кобул кашида мешаванд.

“Ин ду нокомии Толибон ва ҳам ҳамлаҳои хурду резаву каминҳое, ки дар ин миён дар Панҷшер иттифоқ афтод, руҳияи онҳоро шикастааст. Танҳо толибони қандаҳорӣ, ки афроди Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Толибонанд, сангарҳои худро раҳо накардаанд. Бақия, зобуливу ҳилмандӣ ва хустиву бадахшиҳои ҳозир дар Панҷшер тариқи ағбаҳои Ховоку Анҷуман ва Дарбанду Чилонак, аз ҳар роҳе, ки метавонанд, худро берун мекашанд”, - гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ин гузоришҳо низ вуҷуд доранд, ки Толибон ба ҷангиёнашон гуфтаанд, то чаҳордаҳ моҳи дигар наметавонанд ба онҳо маош диҳанд. Аз ин хотир, онҳо туфангҳояшонро фурӯхта, фирор мекунанд. Тибқи як гузориши мувассақ, се толиб аз вулусволии Баҳораки Бадахшон, ки дар Панҷшер ҳузур доштанд, туфангҳои худро фурӯхта, ба Эрон фирор кардаанд.

Дараи асосии Панҷшер дар даҳаи аввали моҳи сентябри 2021 суқут кард. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба дараҳои канорӣ ақибнишинӣ карданд.

Тибқи иттилои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, аз ҳамон оғоз то кунун дар ҷангҳои Панҷшер ҳудуди 400 нафар ба шаҳодат расидаанд, ки нисфе аз ин теъдод муқовиматгарон ва мардуми мулкии худи дара мебошанд. Бино ба ин манбаъ, дар ин миён ҳудуди 2000 толиб низ дар қаламрави Панҷшер куштаву захмӣ шудаанд.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!