Эъломияи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар пайванд ба таблиғоти бузургнамоии ДОИШ ва Толибон
Нависанда: Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон
Ахиран шоҳиди корзори таблиғотии ҳадафманди дохиливу хориҷӣ ҳастем, ки дар ростои халқу тарвиҷ ривояти козиби ҷадиде ба роҳ андохта шуда, ки дарвоқеъ метавон онро таҳрифи амдани воқеиятҳои мавҷуд дар бораи ҳувият ва моҳияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва минтақа унвон дод.
Дар бораи ДОИШ, ба вежа шохаи Хуросони ин гурӯҳи террористӣ, ҷанги равонии васее ба роҳ андохта шудааст. Ҷолибтар ин ки гурӯҳи террористии Толибон ба ҳайси модари терроризм, муддаии мубориза бо ДОИШ мебошад ва талош меварзад то таваҷҷуҳи кишварҳои минтақаро ба худ ҷалб намуда, ба истилоҳ, таҳти номи мубориза бо шохаи Хуросони ДОИШ аз кишварҳои минтақа имтиёзгирӣ намояд. Дар ҳоле, ки мубарҳан аст, толиб ва ДОИШ дорои ормон, аҳдоф ва стротижии муштарак буда, тамоми шавоҳиди даҳ соли гузашта собит месозад, ки ин ду гурӯҳи террористӣ қобилиятҳои амалиётиро бо якдигар шарик намуда ва пурракунандаи аҳдофи тахрибии якдигар будаанд.
Ҳамчунон, ин ду гурӯҳ аз нуқтаи назари хатарҳо ва таҳдидҳои амниятие, ки барои Афғонистону минтақа дар қибол доранд, ду рӯи як сикка мебошанд. Онҳое, ки то дирӯз аз Толибон ҳамчун абзори хашини пешбурди мақосиди стратегии худ истифода мекарданд, ҳоло дар садади касби машрӯъият барои Толибон шуда ва аз ДОИШ ҳамчун абзори хашин дар ҷиҳати таъмини мақосиди геополитикии худ истифода мекунанд.
Гурӯҳи террористии Толибон ва гурӯҳи террористии ДОИШ, аз назари фикру ақида, идеология, аҳдоф, хушунату дарандахуӣ, ситез бо мазоҳири фарҳангу тамаддуни башарӣ, ҳомиёни хориҷиву наҳваи сарбозгирӣ ва иғфоли ҷавонон, иштирокот ва шабоҳатҳои омму том бо ҳам доранд ва ҳар ду барои барҳам задани суботу амнияти Афғонистон ва минтақа дар истихдоми шабакаҳои махуфи истихборотии берунӣ қарор доранд.
Ҳама арзёбиҳои амниятӣ нишон медиҳанд, ки бо баргашти толибони террорист ба қудрат, ба рағми иддаои дурӯғини ин гурӯҳ дар бораи мубориза бо ДОИШ, шохаи Хуросони ДОИШ дар канори беш аз бист гурӯҳи террористии дигар, фазо, замина ва бистари амну мусоиде барои рушду густариш пайдо карда ва амалан ба як таҳдиди ҷиддии билқувва барои амнияту суботи минтақа мубаддал шудааст.
Ба назар мерасад, акнун тавтеа шакли дигаре ба худ гирифтааст ва талош сурат мегирад, то барои гурӯҳи террористии шохаи Хуросони ДОИШ ҳувияти ҷадиде дуруст кунанд. Дар ин росто, аз сарбозгирии шохаи Хуросони ДОИШ дар миёни тоҷикон сӯҳбат шуда ва ин мавзӯъ ба таври машкуке бузургнамоӣ мешавад.
Ҳамчунон талош мешавад, ки миёни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва гурӯҳи террористии шохаи Хуросони ДОИШ пайвандҳои дурӯғин эҷод кунанд, то заминаи саркӯби бештари муқовиматагарон фароҳам шавад. Камо ин ки толибони террорист дар ду солу ҳашт моҳи ахир, бо тамоми тавон ба саркӯби муқовиматгарон пардохтанд, аммо муддаӣ шуданд, ки ДОИШ-иёнро аз байн мебаранд.
Бинобар ин, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ як бори дигар зимни эъломи безорӣ аз ҳар навъ терроризм ва даҳшатафганӣ ба унвони мавқифи усулии хеш, ба ҷавонони силаҳшӯри мо дар дохили кишвар, ки иродаи мубориза бо гурӯҳи террористии Толибонро доранд ва низ ба кишварҳои минтақа паём медиҳад, ки нисбат ба тавтеаҳои бузургу найрангҳои рангоранги душманони мардуми мо бедорӣ ва ҳушёрии худро ҳифз кунанд ва огоҳ бошанд, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз рисолати таърихии худ дар амри мубориза бо терроризм ва даҳшатафганӣ дар ҳама ашколи он шона холӣ нахоҳад кард ва ҳамчунин талошҳои душманони мардуми Афғонистон барои махдуш кардани ҳувияти қавми шарифи тоҷик низ нофарҷом хоҳад буд.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ меросдори нахустин шуҳдоест, ки дар мубориза бо терроризми ҷаҳонӣ ба шаҳодат расиданд ва акнун низ Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ба рағми бетафовутии ҷаҳон дар баробари терроризми толибонӣ ва ДОИШ, ба муборизаи худ дар баробарм тамоми ашколи ҳаросафганӣ бо як мавқифи равшани таърихӣ идома медиҳад.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон
3 саври 1403 - 2 майи соли 2024