Толибон як духтари 10 - соларо дар шаҳристони Дараи вилояти Панҷшер мавриди латукӯби шадид қарор доданд.
Ҳиндукуш, 02 январ - Сангар, Санам Амир. Ҷиноёти Толибон дар Дара идома дорад ва гузоришҳои нави такондиҳандае низ ба даст омадаанд, ки зикрашон дар поён хоҳад рафт.
Шоҳиди ҳодиса аз маҳалли ҳодиса ба хабарнигори “Сангар” гуфт, ки дирӯз, панҷшанбе, 29 декабр, гурӯҳи Толибон дар рустои Тундхӯи шаҳристони Дара як духтари хӯрдсолро ба номи Покиза бинти Муҳаммад Акрам дастгир ва латукӯб карданд.
“Иллати шиканҷаи ин кӯдак ин буда, ки афроди Толибони ҳилмандӣ ӯро маҷбур ба овардани ҳезум ва чӯби сӯхт барои гарм кардани посгоҳашон мекунанд, аммо ин духтари хурдсол бо ҷасорат дархости онҳоро рад мекунад. Толибон ин духтарро дастгир карда, дохили қароргоҳи хеш мебаранд ва ба шиддат латукӯбу шиканҷа мекунанд. Духтари хурдсол беҳуш шуда, вазъи сиҳиаш вахим аст”, - гуфт манбаъ.
“Сангар” чанде қабл як гузориши вижаеро аз ҷиноёти ҳафт моҳи ҳузури Толибон дар шаҳристони Дараи вилояти Панҷшер омода ва мунташир кард, ки аз ҷумла ҳомили ҷиноёти қатл, таҷовуз, никоҳи иҷборӣ ва шиканҷаи занону наврасон ва кӯдакон низ мешуд. Дар пайи нашри ин гузориш манобеъ аз ин шаҳристон бо “Сангар” тамос гирифта, иттиллоти бештареро ироа доданд, ки ба қавли онҳо, ҳанӯз наметавон гуфт, ки комил аст.
Бино ба додаҳои ҷадид, омори занон ва духтароне, ки дар тӯли ҳафт моҳи пасин тавассути Толибон дар шаҳристони Дара кушта, таҷовуз, шиканҷа шудаанд ва ба никоҳи иҷборӣ дароварда шудаанд, аз 7 ба 14 афзуд, ки дар зер ироа мешавад:
1 - 18 савр (8 май) дар ҷанги аввали Абдуллохел як духтархонум ба номи Лайлумо бинти Фатҳхон, бошандаи рустои Тундхӯ, ки аз шиддати ҷанг ба кӯҳ фирор карда буд, тавассути қитъаи хоси Толибон дастгир ва ба шиддат латукӯбу шиканҷа шуд. Толибон вайро ба сурати гурӯҳӣ мавриди таҷовуз қарор дода, сипас, хафа карда, ба қатл расониданд. Ин духтархонум 31 сол син дошт ва баъд аз понздаҳ рӯз ҷасадаш аз истиқомати кӯҳи Кӯкзор пайдо шуд.
2 - 9 саратон (30 июн) Толибон дар рустои Абдуллохел аз як хонуми бева ба номи Гулшан бинти Мироғо хостгории иҷборӣ карданд. Ин хонум беваи яке аз афсарони Урдуи миллӣ буд. Вай пешниҳоди хостгории яке аз фармондеҳони толибро рад кард. Толибон дар муқобил ин хонумро ба шиддат латукӯб ва шиканҷа карданд, ки ба асари он дасти чап ва қабурғаҳояш шикаст.
3 - 15 асад (6 август) Толибон дар рустои Абдуллохел вориди як манзили маскунӣ шуданд ва духтархонуме ба номи Фараҳноз бинти Мирбачаро дастгир карда, вайро мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор доданд ва дар пеши чашмони модараш тирборон карданд. Фараҳноз 21 сол син дошт, фориғутаҳсили синфи дувоздаҳ буд. Мехост духтур шавад ва дар рустои худ хидмат кунад.
4 - 19 асад (10 август) Толибон дар рустои Абдуллохел аз як хонуми бева ба номи Манижа бинти Худоёрхон хостгории иҷборӣ карданд. Хостгори ин хонум фармондеҳ Ҳамза, фармондеҳи ҳилмандии кандаки Толибон буд. Манижа пешниҳоди хостгорияшонро рад кард. Шаби ҳамон рӯз Толибон вориди манзилаш шуданд ва ба сурати гурӯҳӣ ин хонумро мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор доданд.
5 - 20 асад (11 август) Толибон дар рустои Абдуллохел як духтари хурдсолро ба номи Гулчеҳра бинти Гулмуҳаммадхон хостгорӣ карда, баъдан бо таҳдиду фишор сари хонаводааш ин духтарро никоҳ карда, бо худ бурданд. Ин духтарак 12 сол син дошт ва падараш дар ҷанги аввали Абдуллохел тавассути Толибон шаҳид шуда буд.
6 - 20 асад (11 август) Толибон дар рустои Абдуллохел вориди як манзили маскунӣ шуданд ва як духтархонумро ба номи Гулшан бинти Абдусалом шабҳангом мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор доданд.
7 - 5 сунбула (27 август) Толибон дар рустои Абдуллохел велсуоли дара як корманд сҳиро бином рамзия бинт Муҳаммад амин ҷиҳат адам расида агӣ ба яке аз маризон шон ба шиддат лат кӯб ва шиканҷа карданд, ки дар асар ин шиканҷа ин духтар хун рези дӯрни пайдо карда ва акнун дар шифохона таҳт мудово қарор дорад.
8 - 12 сунбула (3 сентябр) Толибон дар рустои Абдуллохел хонуми як фармондеҳи муқовиматро аз хонааш берун карда, бо худ бурданд ва муддати як ҳафта лодарак буд. Дар натиҷа ба ҳамкории бузургони маҳалл ва хатиби масҷид аз истиқомати шаҳристони Хинҷ, хонаи маршал Фаҳим, дубора пас оварда шуд. Ин хонум Моҳҷабин бинти Муҳаммадғулом аст.
9 - 13 сунбула (4 сентябр) Толибон дар рустои Пасгарони шаҳристони Дара шабҳангом дохили хонаҳои мардум шуда, дарвозаи се хонаро шикастанд ва даст ба азияти ҷинсии занону духтарон заданд.
10 - 8 мизон (30 сентябр) Толибон як духтархонумро ба номи Фарзона бинти Ҳайдар ба ҷурми истодан сари роҳ дар рустои Абдуллохел латукӯб ва шиканҷа карданд.
11 - 24 мизон (16 октябр) Толибон дар рустои Абдуллохел як духтари ҷавонро ба номи Фаримоҳ бинти Искандар ба яке аз фармондеҳонашон ба никоҳи иҷборӣ дароварданд.
12 - 14 ақраб (5 ноябр) Толибон духтархонумеро ба номи Саида бинти Абдулмӯҷиб шабҳангом вориди хонааш шуда, вайро ба сурати гурӯҳӣ мавриди таҷовуз қарор доданд.
13 - 2 қавс (23 ноябр) Толибон як духтари хурдсол ба номи Марворид бинти Муҳаммадбарот аз рустои Абдуллохелро ба сабаби фирор аз хона тавассути хонаводааш эъдом карданд.
Дар ҳамин ҳол, Толибон ба дигар ҷиноёти худ низ дар шаҳристони Дараи вилояти Панҷшер идома медиҳанд. Қарори гузорише, ки ба хабарнигори “Сангар” расид, панҷшанбе 1 ҷадй (22 декабр) Толибон дар рустои Абдуллохел ду кӯдаки хурдсолро ба номҳои Фаршод валади Муҳаммадмунир ва Шукруллоҳ валади Сафиуллоҳ дар ҷараёни бозии волейбол дастгир ва башиддат латукӯб ва шиканҷа карданд.
“Иллати латукӯби ин атфол паридани тӯб ба тараиф яке аз афрод ин гурӯҳ буда, Фаршод 12-сола ва Шукруллоҳ 9-сола ҳастанд”, - гуфт манбаъ.
Дара аз оғози суқути Панҷшер дар моҳи сентябри 2021 то моҳи май амнтарин шаҳристони Панҷшер буд, зеро идораи онро Ҳоҷӣ Маликхон, фармондеҳи маҳаллӣ ба дӯш дошт, аммо моҳи майи 2022 миёни ӯ ва Толибон ихтилоф ба миён омад. Ҳоҷӣ Маликхон ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пайваст ва аз ҳамон замон Толибон низ вориди Дара шуданд.
Дар ҳоли ҳозир, бино ба оморе, ки дар даст ҳаст, Толибон бештарини ҷиноёти зиддибашарии худро дар Дара анҷом додаанд. Аммо бо вуҷуди пахш шудани гузоришҳои мувассақ аз ҷиноёти ҷангии Толибон то ба ҳол ҳеҷ созмони ҳифзи ҳуқуқи башар ва расонаҳои ҷаҳонӣ таваҷҷӯҳе ба Дара накард, дар ҳоле ки фақат қазияи куштори мармузи Маҳсо Аминӣ, як зани эронӣ, моҳҳо ба ин сӯ аз забони онҳо намеуфтад.