Дар пайи ду инфиҷори ҷудогона дар Бадахшон яке аз фармондеҳони аршади Толибон кушта шуд ва дигаре ҷони солим бадар бурд.
Кундуз, 26 декабр - Сангар, Ҷамшед Бадахшӣ. Ин ҳаводис ҳамчунин ҷарақаҳое аз ихтилофоти дарунии Толибони гурӯҳи Қандаҳор ва Шабакаи Ҳаққонӣ дар Афғонистон талаққӣ мешавад.
Як манбаъи “Сангар” дар пулиси Толибон дар Бадахшон бо таъйиди ин хабар гуфт, ки Мавлавӣ Абдулҳақ Умарӣ (ё Абуумар) дар як инфиҷор, ки соати 8:30 – и субҳи имрӯз, 26 декабр, дар наздикии сохтимони пулиси ин вилоят рух дод, кушта шуд.
“Бомба дар сабукрави тамғаи Тайота - Королла ҷосозӣ шуда буд ва замоне, ки фармондеҳи амния ва муҳофизонаш ба сохтмони пулиси Бадахшон наздик шуданд, мунфаҷир шуд. Албатта, бо ремут контрол мешуд. Дар натиҷаи ин инфиҷор се нафари дигар - ду муҳофизи фармондеҳ амния ва як ғайринизомӣ кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шуданд. Аз ҷанозаи Мавлави Абдулҳақ ҷуз як даст чизе боқӣ намондааст. Ҷасади ӯ пайдо нашуд”, - гуфт ин манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи террористии ДОИШ, ки масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтааст, филме аз инфиҷори як худрав дар наздикии хонае, ки шаш нафар аз канори он убур мекарданд, мунташир кард. Ҷолиб ин ҷост, ки ин видео аз худрави дигари дар ҳоли хуруҷ аз саҳна филмбардорӣ шудааст. Зоҳиран террористҳо мунтазири Мавлавӣ Абдулҳақ буданд.
Дар баёнияе, ки хабаргузории Аъмоқи ДОИШ мунташир кард, аъзои ин гурӯҳи террористӣ чандин рӯз ба таъқиби фармондеҳи пулис пардохтанд ва мушаххас карданд, ки фосилаи хона то маҳалли кораш 200 метр аст.
Ҳамзамон, ба гуфтаи манбаъи Сангар, инфиҷори дигаре дар наздикии сохтмони яке аз ливоҳои фирқаи “Умари Солис” - и Толибон дар шаҳри Файзобод рух додааст. Ҳадафи он Қорӣ Абдураҳмон, фармондеҳи ин ливо буд, ки ҷон ба саломат бурд.
Мавлавӣ Абдулҳақ аввалин фармондеҳи баландпояи Толибон аст, ки аз августи 2021 дар чунин ҳамлае ҷон бохт. Манобеъи маҳаллӣ дар Бадахшон мегӯянд, ки ӯ нуфузи қобили таваҷҷуҳе дар ин вилоят дошт. Ин ҳамон фардест, ки дар моҳи апрел сарбозони гурӯҳи “Бабрҳои Помир” – и Ҷабҳа муқовимати миллии Афғонистонро дар шаҳристони Роғистони вилоят Бадахшон бераҳмона тирборон кард.
Мавлавӣ Абдулҳақ аз шаҳристони Хоши Бадахшон буд. Мавлавӣ Нурулҳудо, раиси амнияти миллии Бадахшон низ аҳли Хош аст.
Манбаъи Сангар мегӯяд, ки толибони соири шаҳристонҳо, ба вежа Ҷурм, аз ҳузури густурдаи толибони Хош дар раҳбарии вилоят ба шиддат норозӣ ҳастанд ва аз муддатҳо пеш рақобат миёни онҳо ҷараён дорад. Бадахшон аз 30 шаҳристон ташкил шудааст.
“Толибони Хош ба Қорӣ Фасеҳуддин, раиси ситоди вазорати дифоъи Толибон ва Мавлавӣ Амонуддин, волии Бадахшон наздик ҳастанд, ки ҳар ду ба гурӯҳи толибони Қандаҳор тааллуқ доранд. Толибони Ҷурм умдатан бо Шабакаи Ҳаққонӣ муртабит ҳастанд”, - гуфт ин манбаъ.
Моҳи апрели соли равон Мавлавӣ Фаттоҳ, раиси маодин ва нафт барои вилояти Бадахшон, ки низ аз шаҳристони Хош буд, дар соҳаи Пули Боғшоҳи шаҳри Файзобод ҳадафи минаи часпакӣ қарор гирифта, дар пайи он худи ӯ ва як муҳофизаш кушта шуданд.
Бар асоси иттилооти мувассақе, ки “Сангар” дорад, мавқеияти ДОИШ дар Бадахшон бисёр заиф, аммо ҳузури Ҳизб ут-таҳрир ва Алқоида бисёр фаъол аст. Ба гуфтаи онҳо, ДОИШ ва Ҳизб ут-таҳрир (ба раҳбарии Мавлавӣ Мансур) таҳти пуштибонии Шабакаи Ҳаққонӣ фаъолият мекунанд.
Дар як калом, ин ду рӯйдод ба ихтилофоти байнихудии Толибон бармегардад, ки акнун дар вилоёт, дар дараҷаи аввал Бадахшон, як вилояти муҳимми стратегии ҳаммарз бо се кишвар - Тоҷикистон, Чин ва Покистон, низ буруз мекунад.