Хабари рӯз

Толибон ба хонаи Суҳайл Змарай, яке аз фармондеҳони Устод Ато Муҳаммади Нур, ҳамла бурданд

МАЗОРИ ШАРИФ, 21 апрел – Сангар, Қорӣ Аҳмад. Ин ҷанг шоми имрӯз шуруъ шуд ва то ба ҳол идома дорад.

Яке аз афроди Устод Атомуҳаммади Нур ба хабарнигори Сангар гуфт, Толибон пас аз инфиҷорҳои имрӯз ба талошии хона ба хона шуруъ намуда, баъди намози аср ба хонаи Суҳайл Змарай, яке аз қавмондонҳои Устод Атомуҳаммади Нур дар кӯчаи Боба Қанбар, маркази шаҳри Мазори Шариф омаданд.

“Суҳайл Змарай ба онҳо иҷоза надод, ки вориди хонаашон шавад ва алайҳи онҳо сангар гирифт. Ҳоло хонаашро Толибон муҳосира кардаанд. Бо ӯ чанд нафари маҳдуд аст ва маълум нест, ки то кай метавонад муқовимат кунад. ”, - гуфт ӯ.

Суҳайл Змарай ҳудуди 30 сол дошта, писари Ҳоҷӣ Змарай, аз фармондеҳони Устод Атомуҳаммади Нур аст. Модари ӯ духтари амаки Устод Ато аст.

Ҳамсуҳбати Сангар мегӯяд, Суҳайл Замарайро бори охир имрӯз, ҳангоми намоз аср дар масҷиде дида буд, ки канори хонаашон аст ва онро чанд соли қабл падараш сохта буд.

“Ҳоло даргирии ӯ бо Толибон идома дорад”, - гуфт ӯ.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!