Суҳайл Змарай, хоҳарзода ва аз фармондеҳони Устод Ато Муҳаммади Нур, ба шаҳодат расид
МАЗОРИ ШАРИФ, 21 апрел – Сангар, Қорӣ Аҳмад. Вай (дар акси асосӣ) ҳудуди чаҳор соат дар манзилаш дар шаҳри Мазори Шариф бо нерӯҳои Толибон* муқовимат кард. Ин ҷанг шоми имрӯз шуруъ шуда, ҳаволии соати 10.30 - и шаб ба вақти Кобул ба охир расид.
Яке аз афроди Устод Атомуҳаммади Нур ба хабарнигори Сангар гуфт, дар ин ҷанг омири ҳавзаи пулиси Толибон (дар акси поён), ба шумули 7 тани дигар кушта шуданд.
“Худи Суҳайл Змарай бо ду нафар бо онҳо муқовимат кард ва мардона ҷоми шаҳодатро нӯшид, Касе, ки шаҳодат мепазирад, асорат намепазирад. Ҳоло маълум нест, ки афроди бо ӯ буда куҷоянд, ба шаҳодат расидаанд ё аз маҳал хориҷ шудаанд”, - гуфт вай.
Толибон пас аз инфиҷорҳои имрӯз ба талошии хона ба хона шуруъ намуда, баъди намози аср ба хонаи Суҳайл Змарай, яке аз қавмондонҳои Устод Атомуҳаммади Нур дар кӯчаи Боба Қамбар, маркази шаҳри Мазори Шариф омаданд. Суҳайл Змарай ба онҳо иҷозаи вуруд ба хонаашро надод ва бо онҳо вориди даргирӣ шуд.
Суҳайл Змарай ҳудуди 30 сол дошта, писари Ҳоҷӣ Змарай, аз фармондеҳони Устод Атомуҳаммади Нур аст. Модари ӯ духтари амаки Устод Ато аст.
Ҳамсуҳбати Сангар мегӯяд, Суҳайл Замарайро бори охир имрӯз, ҳангоми намоз аср дар масҷиде дида буд, ки канори хонаашон аст ва онро чанд соли қабл падараш сохта буд.
Тайи 15 рӯзи ахир ин дуввумин фармондеҳи Устод Атомуҳаммади Нур аст, ки дар набардҳо бо Толибон ба шаҳодат мерасад. 10 апрел Фазлуллоҳ Қумандон, яке аз саргуруҳҳои Ҷамъияти исломии таҳтари раҳбарии ӯ дар вилояти Тахор бо иттифоқи се размандааш ба шаҳодат расида буд.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст