Дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар Душанбе щудуди 120 нафар аз саросари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Аз Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Толибон низ даъват шудааст, аммо то ба ҳол посухи рад ё мувофиқати онҳо ба даст наомадааст.
Манбаъ: Sputnik Тоҷикистон
Довуди Муродиён, раиси Институти мутолаоти стратегии Афғонистон, ки дар ҳамдастӣ бо Маркази мутолаоти Афғонистон ва минтақаи Тоҷикистон масъулияти баргузории ин конфронсро дорад, зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, мунозиаи Афғонистон як мунозиаи дохилӣ, минтақаӣ ва байнулмилалӣ аст, аз ин хотир, дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” намояндагон ҳам аз Афғонистон, ҳам минтақа ва ҳам ҷаҳон даъват шудаанд.
“Яъне ин конфронси байнулафғонӣ нест, минтақаӣ ҳам нест, балки байнулмилалӣ аст. Ширкаткунандагон аз ҷумлаи коршиносон ва намояндагони расмӣ аз Афғонистон, кишварҳои минтақа ва фароминтақа хоҳанд буд. Дар умум, конфронс ба тарафдорӣ аз касе ҳам нест, алайҳи касе ҳам нест”, - гуфт Довуди Муродиён.
Бино ба иттилои ӯ, дар умум 120 меҳмон ва ширкаткунанда аз ҷумлаи коршиносон, сиёсиён, намояндагони мақомоти расмӣ, сафоратҳо ва рӯзноманигорон, ба “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”, аз ҷумла 40 нафар аз Афғонистон, 40 нафар аз кишварҳои хориҷӣ ва 40 нафар аз Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Рангин Додфар Испанто, собиқ мушовири амнияти миллӣ, Раҳматуллоҳ Набил, собиқ раиси Раёсати амнияти миллӣ, Залмай Расул, собиқ вазири хориҷа, Фавзия Кӯфӣ ва Шукрия Боракзай, собиқ аъзои парлумон аз ҷумлаи шахсиятҳои матраҳи Афғонистон ҳастанд, ширкаташон дар ин нишаст таъйид шудааст.
Дар умум, аз 20 кишвар ва созмони байнулмилалӣ, назири Русия, Амрико, Канада, Инглистон, Фаронса, Оламон, Суид, Туркия, Арманистон, Эрон, Покистон, Иттиҳоди Аврупо, Созмони милал ва ғайра дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, Довуди Муродиён гуфт, барои ширкат дар ин конфронс аз Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Толибон низ даъват шудааст, аммо ҳеч як аз тарафҳои ҳузур ёфтани худро таъйид ва ё такзиб накардаанд.
“То ҳамин лаҳазот Толибон тасмим нагирифтаанд, ки дар ин конфронс ширкат мекунанд ё хайр. Аммо онҳо ба даъвати мо “не” нагуфтанд, аммо як мушкили техникӣ, ки ҳаст, наздик ба 170 нафар аз раҳбарони аршади толибҳо наметавонанд сафар кунанд, чун инҳо дар феҳристи таъзироти СММ ҳастанд”, - гуфт раиси Институти мутолаоти стратегии Афғонистон.
“Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар Душанбе таҳти унвони “Низоми фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва қадамҳо” ду рӯз идома хоҳад дошт. Барномаҳои рӯзи нахуст, 29 ноябр, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва рӯзи дуюм, 30 ноябр, дар меҳмонхонаи Ҳайат реҷенсӣ гирифта хоҳанд шуд.
Ин даври даҳуми “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” аст. Аввалин даври он соли 2012 дар шаҳри Ҳирот шуда, бақия даврҳояш низ дар ин шаҳр ҳамасола баргузор мешуданд. Аммо баробари ба қудрат омадани Толибон баргузории онҳо дар қаламрави Афғонистон қатъ шуд.