Хабари рӯз

Дар ҷараёни сафарҳои Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи «Толибон», як хабарнигори амрикоӣ низ ӯро ҳамроҳӣ мекард.

Кобул, ФАРЗОМ КОЗИМӢ — «Сангар». Манобеи боз ӯро шахсе муаррифӣ мекунанд, ки бо марказҳои тасмимгирӣ дар Иёлоти Муттаҳида иртибот дорад.

Бар асоси иттилооте, ки “Сангар” аз манобеи хоси худ дар Кобул ба даст овардааст, амрикоие, ки расонаҳо дар ҷараёни сафарҳои Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи «Толибон», ба Панҷшер ва Бомиён мушоҳида кардаанд, Мартин Смит, хабарнигори маъруфи амрикоӣ ва муаллифи филми мустанади сеқисмии "Амрико ва Толибон” мебошад.

“Вашингтон Ҳаққониро ба унвони муҳраи аслии худ дар Афғонистон шиносоӣ кардааст ва ин хабарнигори амрикоӣ барои эҷоди як симои мусбат аз Ҳаққонӣ дар миёни доираҳои тасмимгирандаи Амрико истихдом шудааст”, - гуфт манбаъе дар истихбороти Толибон дар Кобул.  

Қаблан Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи «Толибон» ва раҳбари “Шабакаи Ҳаққонӣ” созмони террористии вобаста ба “Толибон”, ба вилоятҳои Панҷшер ва Бомиён, ки аз марказҳои муҳими ҳузур ва намояндагии тоҷикон ва ҳазораҳо дар сиёсати Афғонистон ба шумор мераванд, сафар карда ва мардумро ба ваҳдат ва ҳамбастагӣ даъват карда буд.

 “Раванди сабзи Афғонистон — РАСА” ба раҳбарии Амруллоҳ Солеҳ, собиқ муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон, дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кард, ки ҳукумати Иёлоти Муттаҳида аз се соли пеш ба ин сӯ як силсила барномаҳои таблиғотиро таҳти унвони “Амрико ва тарҳи Толибон” пеш мебарад, ки дар саргаҳи он Мартин Смит, хабарнигори маъруфи амрикоӣ, қарор дорад.

“Сафари Ҳаққонӣ ба Панҷшер бахше аз ҳамин “тарҳи Амрико ва Толибон” аст ва Мартин Смит, ки Ҳаққониро дар ҷараёни сафарҳояш ба Панҷшер ва Бомиён ҳамроҳӣ мекунад, масъули ин тарҳ мебошад. Мухотаби аслии суханони нарм ва оштиҷӯёнаи Сироҷуддин Ҳаққонӣ дар Бомиён, ҳамин тарҳ ва гурӯҳи Мартин аст, ки ӯро ҳамроҳӣ мекунанд, на мардуми Афғонистон”, — омадааст дар баёнияи “Раванди сабзи Афғонистон”.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида то ҳол ҳукумати «Толибон»-ро ба расмият нашинохтааст ва захираҳои масдудшудаи онро, ки тақрибан 8 миллиард доллар арзёбӣ мешаванд, озод накардааст. Бо вуҷуди ин, тибқи гузоришҳои расонаҳои Афғонистон, Иёлоти Муттаҳида дар тӯли панҷ соли гузашта ҳар ҳафта аз 40 то 90 миллион доллар пули нақдро тавассути ҳавопаймоҳо аз пойгоҳҳои худ дар Ховари Миёна ба Кобул интиқол медиҳад. Истифодаи пули нақд аз он ҷиҳат аст, ки бонкҳои Афғонистон то ҳол ба низоми ҷаҳонии SWIFT пайваст нестанд.

Ҳоло ҳузури Мартин Смит, хабарнигори амрикоӣ, дар ҷараёни сафарҳои раҳбари созмони террористии “Шабакаи Ҳаққонӣ”, ҷанбаи дигари ҳамкории Вашингтон бо “Толибон” ва ҳамчунин паҳлуи дигари сиёсати Иёлоти Муттаҳида дар қиболи Афғонистонро ошкор месозад. Инро, ки Вашингтон ҷойгоҳи худро дар арсаи сиёсати Афғонистон холӣ нагузоштааст ва ният ҳам надорад онро холӣ гузорад.

Мартин Смит дар зиндагиномаҳои расмӣ ҳамчун продюсер, филмноманавис, коргардон ва хабарнигори амрикоӣ муаррифӣ шудааст, ки барои шабакаҳои миллии телевизионии CBS News, ABC News ва PBS Frontline даҳҳо филми мустанад таҳия кардааст. Мавзӯъҳои филмҳои ӯ аз ҷанг дар Ховари Миёна то буҳрони молиявии соли 2008-ро дар бар мегиранд.

Аммо вақте сухан аз Афғонистон меравад — кишваре, ки Иёлоти Муттаҳида ба маънои воқеии калима аз он фирор кард — як ҷанбаи дигари зиндагиномаи ӯ аҳамияти хос пайдо мекунад: ӯ узви Шӯрои равобити хориҷӣ ва Клуби матбуоти хориҷӣ мебошад.

Шӯрои равобити хориҷӣ (CFR) аз соли 1921 ба ин сӯ, аз ҷумлаи бонуфузтарин созмонҳои хусусӣ аз лиҳози таъсиргузорӣ ба сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида ба шумор меравад. Аз ҷумлаи шахсоне, ки дар таъсиси ин созмон нақш доштанд, Пол Варбург — мушовир ва ёвари президенти ИМА Вудро Вилсон, инчунин сармоядор ва назарияпардози Низоми захираи федералӣ (FRS) - буд.

Дар тӯли фаъолияти Шӯрои равобити хориҷӣ як қатор чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ва байналмилалии Амрико бо ин ниҳод ҳамкорӣ ва иштирок доштаанд. Дар миёни онҳо Дэвид Рокфеллер, Ҳенри Киссинҷер, Збигнев Бжезинский, бародарон Ҷон ва Аллен Даллес, Мадлен Олбрайт, Ҷорҷ Буши калон, Роберт Гейтс ва Кондолиза Райс низ ҳастанд.

Ҳоло раҳбарии ин шӯро ба уҳдаи Майкл Фроман аст. Фроман яҳудӣ буда, дар солҳои ҷавонӣ роҳбарии Созмони ҷавонони Бнай-Брит, яке аз бонуфузтарин созмонҳои яҳудӣ дар ҷаҳонро, бар уҳда дошт. Ӯ дар давраи раёсати ҷумҳурии Барак Обама низ ба ҳайси намояндаи тиҷоратии Иёлоти Муттаҳида фаъолият кардааст.

Дар ҳамин замина, Мартин Смит, муаллиф ва ровии силсилафилми ҳуҷҷатии “Амрико ва Толибон” (America and the Taliban, 2023), ки барои лоиҳаи FRONTLINE-и шабакаи PBS таҳия шудааст, низ дар фаъолияти шӯро мушорикат меварзад. Нақши ӯ бар хилофи сиёсатмадорон ва бонкдороне, ки ин созмонро роҳбарӣ мекунанд, ҳамчун коршиноси варзида ва рӯзноманигори таҳқиқотӣ таъйин шудааст.

CFR мунтазам Смитро ба нишастҳои тахассусӣ ва мизҳои гирди кушодаву пӯшида даъват мекунад. Шӯро ҳамчунин барои аъзои худ ва элитаи дипломатии Амрико намоишҳои махсуси филмҳои ӯро ташкил мекунад; дар миёни ин осор тарҳҳое низ ҳастанд, ки ба Афғонистон, Арабистони Саудӣ ва ДОИШ ихтисос ёфтаанд.

Ҳоло бояд мунтазир шуд ва дид, ки филми Смит дар бораи Сироҷуддин Ҳаққонӣ, пас аз баррасӣ ва пешниҳоди он дар доираҳои Шӯрои равобити хориҷӣ, кай ба нашр мерасад. Ду сол пеш The New York Times, ки яке аз расонаҳои ҳомии Клуби матбуоти хориҷӣ мебошад, низ мусоҳибае бо раҳбари “Шабакаи Ҳаққонӣ” нашр карда буд.

Мартин Смит дар давраҳои гуногун узви Шӯрои мудирони Клуби матбуоти хориҷӣ низ будааст. Ин созмон бо дастгирии Bloomberg ва Mercedes-Benz таъсис ёфта ва дар миёни ҳомиёни он як қатор расонаҳои бузург ва маъруфи байналмилалӣ, аз ҷумла The New York Times, Reuters, The Associated Press ва The Wall Street Journal, қарор доранд.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!