Хабари рӯз

“Вашингтон эгзаминер”  дар мақолае ба нақл аз як шоҳиди айнӣ навишта, ки Толибон дар сентябри 2021 ва феврали имсол, 600 марди тоҷикро аз вилоёти Панҷшер, Кописо ва Парвон боздошт карданд ва ба таври дастҷамъӣ ба қатл расонданд.

Манбаъ: Афғонистон International

Дар ин матлаб омада, ки гузориши ахир UNAMA натавониста рақами воқеии талафотро бозтоб диҳад.

Бес Бели, нависандаи озод дар ин мақола ба нақл аз Аҳмад (номи мустаор) менависад, ки ин мардони аз 16 то 35 – солаи тоҷик барои наҷоти ҷонашон ба вилоятҳои шимолӣ паноҳ бурда буданд, аммо Толибон ононро ба иттиҳоми пайвастан ба Ҷабҳаи муқовимат миллӣ боздошт карданд.

Аҳмад гуфтааст, Толибон гуфта буданд, ки ин афродро ба зиндоне дар Қандаҳор мунтақил мекунанд, аз ҳамин рӯ, барои ин ки нишон диҳанд онҳо интиқол дода мешаванд пойгоҳҳое низ омода карда буданд, аммо ин афрод шабона ба гунаи дастҷамъӣ кушта ва дафн шуданд.  Аҳмад афзудааст: "Қурбониёнро шабона куштанд ва дафн карданд, гӯрҳоро бо хок ва санг пӯшониданд."

Мақола ба нақл аз шоҳидони рӯйдод навиштааст, ки Толибон ин афродро чашм ва даст баста ба қатл расонданд ва дар сурати ифшои ин қатлҳо, шоҳидонро ба марг таҳдид карданд.

Бисёре аз хонаводаҳои қурбониён ба далели таҳдид ва тарс аз Толибон аз гуфтугӯ бо расонаҳо худдорӣ мекунанд.

 

Гузориши ноқиси ЮНАМО

Дар ин мақола омада, ки рақами талафот бештар аз он чизе аст, ки дар гузориши ахир ЮНАМО бозтоб ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки дафтари намояндагии СММ дар Афғонистон (UNAMA) ҳафтаи гузашта дар гузориши даҳмоҳааш эълом кард, ки Толибон 160 нафарро бидуни маҳкама ба қатл расондаанд, ки аз ин миён 59 нафар марбут ба гурӯҳи ДОЪИШ ва 18 нафар марбут ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мешаванд.

Аммо нависандаи ин матлаб мегӯяд, назар ба арқоми ироашуда аз сӯйи ниҳодҳои дигар, омори гузориши ЮНАМО бисёр андак аст.

Дар ин мақола омада, ки СММ дар моҳи феврали имсол қатли 100 нафар аз низомиёни пешин ва 50 узви ДОЪИШро гузориш дод.

Ҳамчунин бар асоси гузориши Ню-Йорк Таймс, ки дар моҳи апрел нашр шуд, дар муддати шаш моҳи нахусти ҳукумати Толибон, ҳудуди 500 низомии пешин ё ба қатл расида ва ё ҳам нопадид шудаанд.

Дидабони ҳуқуқи башар низ гузориш дод, ки аз моҳи август то сентябри соли гузашта сад тан дар 34 вилояти Афғонистон кушта шудаанд.

Бес Бели дар матлабе, ки барои “Вашингтон эгзаминер” фиристода, навиштааст, ки Толибон ё наметавонанд афроди худро контрол кунанд ё тамоюле ба гузоришдиҳӣ надоранд, равшан нест.

Ба гуфтаи ин нависанда, дар ҳар ду сурат бояд баррасӣ ва мушаххас шавад, ки дар манотиқи дигаре ҳам қатли дастҷамъӣ сурат гирифта ва шавоҳиди ин ҷиноятҳои алайҳи башарият ба додгоҳи кайфарии байналмилалӣ супурда шавад.

Сангар: гузориши зер аз як паёми дигар аст, ки як ҳодисаи иттифоқафтода дар 20 июл дар шаҳри Кобулро бозтоб медиҳад. Ин гузориш бармало месозад, гузориши ЮНАМО дар бораи кушта шудани доишиҳо низ суолангез аст. Толибон тоҷикон, аъзои ҷабаҳоти муқовимат ва сарбозону афсарони собиқи ҳукуматиро ба номи “доишӣ” то ба имрӯз ба шаҳодат мерасонанд.

Амалиёти Толибон алайҳи низомиёни пешин таҳти номи саркӯби ДОЪИШ

Паёми шаҳрванд: Толибон шабона дар манотиқи мухталифи тоҷикнишини шаҳри Кобул амалиётҳое бо истифода аз силоҳҳои сабуку сангинро ҷиҳати дастгирии низомиёни собиқ анҷом медиҳанд ва бо куштори бераҳмонаи мардум, теъдоде аз ҳамсоягон ва бастагони ононро бо худ мебаранд ва дар ахбор ин амалиётҳои хасмонаро ба номи “саркӯби ДОЪИШ” хатм мекунанд.

Шаби гузашта боз ҳам бидуни ин ки ба ҳоли миллат таваҷҷуҳ дошта бошанд, амалиёти сангинеро дар минтақаи 315 Кобул роҳандозӣ карданд ва бидуни ҳеҷ навъ муқовимати афроди мавриди назарашон шурӯъ карданд, ба андохтҳои мутааддид бо силоҳҳои сабуку сангин ва хонаи мавриди назарашонро ва хонаҳои атрофи онро зери рагбор гирифтанд ва он қадар ракет заданд ба ин хонаҳо, ки ҳама дар оташ сӯхтанд. Баъд имрӯз дар расонаҳои мавриди назари худашон ин амалиётро мубориза бо ДОЪИШ эълон карданд.  Дар ҳоле, ки на беш аз 30 сол аст, ин ҳамсояҳомонро мешиносем ва яке аз боиззаттарин ва беғаразтарин мардумони ин маҳалл буданд ва ба ҳеҷ касе озорашон нарсида буд.

Мо аз созмони мӯҳтарами ҷаҳонии ҷомеаи мадании афғонҳои Аврупо ва ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқибашарӣ мехоҳем, то ҳарчи зудтар ҷилави ин худкомагиҳо ва таассуботи қавмии Толибон дар Афғонистонро бигиранд ва бештар аз ин миллати Афғонистонро дар чанголи ин ваҳшиён танҳо нагузоранд.

Умед ин паёми моро комилу ҷомеъ нашр кунед ва барои ҳуқуқи поймолшудаи мо додхоҳӣ намоед.

 Фиристанда: Ҳамидгул Солор (номи мустаор)


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!